Activities calendar

15 ноября 2019

ДАР ОСТОНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ: Китобу китобдорӣ аз назари Пешвои миллат

Китоб сарчашмаи илму дониш ва маърифат аст. Он нерўи пешбарандаи ҷомеаи башарӣ мебошад. Китоб ин дўсти мўнису ғамхоре мебошад, ки моро аз гаҳвора то синни пиронсолӣ роҳнамоӣ менамояд. Миллати тоҷик аз қадим китобдору китобдўст буд, ин буд, ки дар тўли таърих аҷнабиён тамоми боигарии халқи тоҷикро ба тороҷ бурда, дар назди фарҳангу адабиёти он оҷиз мондаанд. Ва метавон гуфт, ки фарҳангу адабиёти миллати тоҷик бар сари ин аҷнабиён дастболо шудааст. Онҳо ҳатто тарзи давлатдории тоҷиконро омўхта, онро