Интишорот

Вазири фарҳанг: Аз 450 рӯзномаву маҷаллае, ки ҳоло дар кишвар чоп мешавад, 275 тои он ҷамъиятиву хусусист

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, баъди зуҳри имрӯз дар бинои театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ бо суханони муқаддимавии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз шуд.

Дар бораи ин ҷаласа матлабе хоҳем дошт. Аммо ҳоло суханронии ифтитоҳии Вазири фарҳанг, ки худ як таҳлили фарогири вазъи матбуот дар кишвар ва дурнамои он мебошад, пешкаши шумо мегардонем.

барчасп: 

Рӯзе баъд аз “Рӯзи Модар”: Сурудаҳои наву куҳан дар ситоиши модарон

Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
***   ***   ***
Аё модар, ба қурбони ту мирам,
Чу муҳри меҳри паймони ту мирам.
Ҷаҳон пурмакру дастон аст, бигзор,
Ки ман дар рӯи дастони ту мирам.

барчасп: 

Баҳси матбуоти даврӣ ва проблемаҳои замони муосир дар Мизи гирди Пажуҳишгоҳи фарҳанг

Дар Мизи гирде, ки субҳи имрӯз дар Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, масоили марбут ба матуботи даврӣ ва таҳлили мушкилоти замони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Комилзода, Директори Пажуҳишгоҳ дар суханони ифтитоҳии худ ёдрас шуд, ки Мизи гирд дар остонаи рӯзи матбуот – 11-уми март доир мешавад ва ҳадаф аз он муруре ба вазъи матбуот ва инъикоси масоили мубрами рӯз дар расонаҳои кишвар аст.
Зиннатуллоҳи Исмоилзода, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар мавзуъи

барчасп: 

Вопасин каломи Лоҳутӣ

Бону хеле мехост, ки вопасин каломи Лоҳутиро бидонад. Суханони охирини дами ӯ барои Бону воқеъан, як ниёзи ботинӣ буд. Агар Лоҳутӣ он суханро ончунон ки парастор мегӯяд, ба забони худ гуфта бошад, пас, ӯ гумон мекард, ки ман дар он лаҳзаҳо дасташро мефишурдам ва бинобар ин, ба забони модарии худ сухан гуфта, то фақат ман сухани ӯро бифаҳмам. Шояд ин як роз аст. Агар роз набошад, магар наметавонист ба забони русӣ бигӯяд? Пеш аз ин бо парастор ба забони русӣ сухан мегуфт-ку?!

барчасп: 

Алиакбари Деҳхудо - сипаҳсори адаби порсӣ

То замоне, ки Деҳхудо зинда буд, 4200 сафҳа аз «Луғатнома» таҳия шуда буд, дар ҳоле, ки «Луғатномае», ки имрӯз вуҷуд дорад, дар 50 ҷилд ва 26 ҳазор сафҳа ба чоп расидаст. Ишқи ҷонсӯз ба забону фарҳанги миҳан, дониши фароху жарф ва огаҳии тамом аз рухдодҳову таҳаввулоти айём авомили аслие дар такомули шахсияти бемонанди Деҳхудо буданд.
Алиакбари Деҳхудо
рӯзноманигор, нависанда, танзпардоз, мутарҷим, муҳаққиқ ва шоири адаби порсист. Дар Теҳрон ба дунё омад (1880); нуҳсола буд, ки падараш

барчасп: 

Аҷдод ва авлод

Ва ё  шарҳи он ки чи тавр бархе  қаламбадастони мо волидонашонро  ба дунё овардаанд
Бархе аз қаламбадастони тоҷик зоҳиран маънои вожаҳои содаи  «авлод»  ва «аҷдод»-ро  намефаҳманд ва  гоҳе  онҳоро ба ҷои якдигар истифода мекунанд. Ин амр фаротар  аз  саҳву  иштибоҳ аст ва бояд  бесаводӣ унвон бишавад.  Ба ҷумлаҳои зер таваҷҷуҳ фармоед:
«Империяи сохтаи Чингиз ду аср устувор монд. Аҷдодони ў амали вайро идома

барчасп: 

«Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»

Чунин ном дошт ҳамоише, ки имрӯз дар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён доир гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳор дошт, ки  Артиш як рукни асосии давлати соҳибистиқлол аст ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоти иҷтисодиву молиявӣ ба таъсис ва таҳкими артиши миллӣ иқдом кард.

барчасп: 

Таҳияи 2 рисолаву се китоби дарсӣ дар як сол

Ходимони илмии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот соли гузашта  барои тартиб додани «Луғати тафсирии мусиқӣ» дар маҷмўъ 1435 истилоҳоти соҳавӣ,  навиштанд ва муҳаққиқ Ҷ. Обидпур рисолаи «Ритмикаи ашъори устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ»-ро бо чор забон: тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва инглисӣ таҳия ва барои чоп пешниҳод кард.
Соли 2016 аз ҷониби ходимони илмии Пажўҳишгоҳ доир ба мавзўи илмӣ 55 номгўй маводи чопӣ, аз ҷумла 2 рисола, 1 барномаи таълимӣ, 3 китоби дарсӣ, 1 тақвим ва 48

барчасп: 

Страницы