«Нақши Артиши миллӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»

Чунин ном дошт ҳамоише, ки имрӯз дар дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, пажуҳишгарон ва донишҷӯён доир гардид.
Шариф Комилзода, Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот изҳор дошт, ки  Артиш як рукни асосии давлати соҳибистиқлол аст ва Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ин дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоти иҷтисодиву молиявӣ ба таъсис ва таҳкими артиши миллӣ иқдом кард.

Вай гуфт, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997)  қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурўҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Директори Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ҳамчунин ёдовар шуд, ки аввалин сафороии ҳарбӣ маҳз 23-уми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар баргузор шуд ва он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Шариф Комилзода дар идомаи суханронии худ бо ишора ба нақши Артиш дар таҳкими Истиқлолияти кишвар, таъмини амният ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар афзуд: «Артиши миллӣ бо вуҷуди надоштани заминаи моддию техникии пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба неруи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт».

Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар бахши дигари суханронии худ  ёдовар шуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 24 соли фаъолияташ рисолати бузурги хешро ҷиҳати ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини осоишу оромии қаламрави мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои Ватан содиқона анҷом дод. Имрӯз низ Артиши миллӣ барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои давлату миллат пайваста кӯшиш менамояд.

Вай дар хотима иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.

барчасп: