ҶАШНИ ТИРГОН
Чоп шуд: 07/07/2017Ҷашни Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт. Чи тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврўз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд
Интихоби арўс, хостгорӣ, фотиҳа – маросимҳои оғозу пайвастшавии оила
Чоп шуд: 05/07/2017Дар бисёр маврид розигии духтардор сари вақт дода намешавад, зеро дар ҳолати зуд розӣ гардидани онҳо, гўё, қадри духтар паст мешуда бошад ва аз ҷониби дигар духтардор низ мехоҳад аз шахсият ва вазъи оилавии домодшаванда пурра огоҳ бошад. Аз ин рў, бо суханони махсуси таоруфӣ, ба монанди «Умед карда омадед, садқаи саратон, аммо аз мо калонтар бобою бибӣ, тағою амакошон ҳаст. Маслиҳати онҳоро гирифтан даркор» - гўён, каме ба таъхир мегузоранд.
Иштирок дар семинар-тренинги минтақавӣ
Чоп шуд: 29/06/2017Фарҳангшиносони тоҷик дар Семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Татбиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ» ширкат карданд.
Дар таърихи 19-23 июни соли 2017 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Татбиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ»
Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими фарҳанги миллӣ
Чоп шуд: 23/06/2017Ба тасвиб расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (27-уми июни соли 1997, дар шаҳри Маскав) ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик сабт гардид.
Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 26-уми июни соли 2000-ум чунин зикр намудааст: «Ҳар касе ниҳолеро сабзонда бошад,
Фаъолияти мактаб- интернати махсуси мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар замони Истиқлолият
Чоп шуд: 23/06/2017Айни ҳол дар мактаби мусиқии мазкур 19 адад компютер, 8 адад принтер, 1 адад сканер ва як адад проектор мавҷуд мебошад. Агарчанде муассисаи таълимии мазкур то ҳол сомонаи махсуси интернетии худро надошта бошад ҳам, аммо тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабилӣ, “Фейсбук”, “Майл-ру”ва“Одноклассники”саҳифа кушода фаъолияти муассисаи таълимиро муаррифӣ менамоянд. Ба хонандагони синфҳои 10 – 11 касбӣ иловагӣ дар компютер аз рўйи барномаҳои “сибелиус” ва “финал” нотачиниро меомўзанд, ки ин яке аз омилҳои шомил гардидан ба раванди иноватсионӣ мебошад.
Нигоҳе ба зиндагиномаи Ҳаким Тирмизӣ
Чоп шуд: 19/06/2017Муаррихон зикр намудаанд, ки Ибни Арабӣ аз гуфтаҳои Ҳаким Тирмизӣ ба ғоят таъсир пазируфтааст ва рисолае бо номи “Ал-ҷавоб-ул-мустақим анмо саала анҳу ат-Тирмизию-л-Ҳаким” низ доштааст. “Таъсири ирфон пас аз худ то замони Ибни Арабӣ бисёр андак будааст, аммо Ибни Арабӣ ва пайравонаш ба вижа дар масъалаи вилоят ва хатми вилоят ба шиддат аз вай таъсир пазируфтаанд”
Ҳуҷҷатикунонии мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз Маркази рассомии миниатюравии "Мино"- клуби ЮНЕСКО
Чоп шуд: 15/06/2017Кормандони шуъбаи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо роҳбарии муовини директори Пажўҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимов, Н. Қличева, З. Холмуродов ва Ш. Бердиева дар доираи мавзўи илмии шуъба таҳти унвони «Таҳқиқ ва ҳуҷҷатикунонии унсурҳои фарҳанги ғайримоддӣ дар кишвар (барои солҳои 2016–2020)» ба Маркази рассомии миниатюравии "Мино"-клуби ЮНЕСКО рафтанд ва бо ҳунарманди машҳури миниатюрнигор Олим Камолов вохўрда, маълумот дар бораи эҷодиёташ ва фаъолияти марказ мавод ҷамъоварӣ намуданд.
Осорхона ҷузъи муҳими мактаб бояд бошад
Чоп шуд: 10/06/2017Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7 - и ноҳияи Данғара осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Мақсади ташкили осорхона аҷргузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби дигар ба тарбияи ватанпарастӣ, ифтихори ватандории хонандагон таъсирбахш аст.
Осорхонаи мактабӣ як гӯшаи фарҳангиест, ки дар таркиби муассисаҳои таҳсилоти
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 70
- 71
- 72
- 73
- 74
- 75
- 76
- 77
- 78
- …
- следующая ›
- последняя »