Осорхона ҷузъи муҳими мактаб бояд бошад

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 7 - и ноҳияи Данғара осорхонаи мактабии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Мақсади ташкили осорхона  аҷргузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби дигар ба тарбияи ватанпарастӣ, ифтихори ватандории хонандагон таъсирбахш аст.
Осорхонаи мактабӣ як гӯшаи фарҳангиест, ки дар таркиби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади ҳифзу ҷамъоварии ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ, эҳтиром ба мероси ниёгон, Ватан, оила, устод, омӯзиш ва истифодаи ашёҳо, дар тарбияи ватанпарастӣ, зебоиписандии наврасон ва ташаккули шуури хонандагон таъсис дода мешавад.

Хушбахтона, дар замони истиқлолият бо ташаббуси омӯзгорон, волидайни мактаббачагон ва дигар ашхоси ғамхори фарҳангу Меҳан  осорхонаҳои мактабӣ низ рушд ёфта истодаанд. Аз 30 осорхонаи мактабии ҷумҳурӣ, ки миёни онҳо таҳқиқот гузаронда шуд, таъсиси 20 адади он ба давраи истиқлолият рост меояд. Дар бойгонии  осорхонаҳои мактабии кишвар ашёҳо ва нигораҳое нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз таърихи корхонаҳои истеҳсолӣ, мактаб, қаҳрамонони ҷангу кор ва дигар воқеаҳои муҳими таърихию ҷамъиятии ҳамон маҳал  маълумот медиҳанд.

Тибқи  муқарароти соҳавӣ осорхонаҳои мактабӣ ба таърихӣ, таърихӣ - кишваршиносӣ, таърихӣ - ҳарбӣ, таърихӣ - маҳаллӣ, адабӣ, бадеӣ, техникӣ ва ғайра ҷудо мешаванд, ки вобаста ба он нигораҳо  ба намоиш гузошта мешаванд. Амсоли нигораҳои осорхонаи адабии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе, ки дар он аксари ашёҳо мансуб ба асри XX буда, оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ ҳикоят мекунанд. Акси худи устод низ дар рӯйи матоъ аз тарафи хонандаи ҳамин мактаб кашидадӯзӣ ва ба намоиш гузошта шудааст.

Осорхонаро ҳамсари шоири маҳбуб Зебунниссо Қутбуддинова, ки худ солҳои сол дар ҳамин мактаб муаллима аст, сарпарастӣ мекунад.

Миёни осорхонаҳои мактабии ҷумҳурӣ осорхонаҳои таърихӣ -маҳаллӣ ҷойгоҳи махсуси худро пайдо намудаанд. Дар ин осорхонаҳо нигораҳо бозгӯйи воқеаҳои таърихии маҳалли зисти сокинон мебошанд, ки ба наврасон хеле таъсиргузор аст. Осорхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 16 - и  ноҳияи Ҷаббор Расулови Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз зумраи ҳамин гуна осорхонаҳост. 

Бунёди осорхонаҳои мактабӣ, ҳамчун муассисаи тарбиявии наврасон дар кишвар идома дорад. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 7 - и ноҳияи Данғара осорхонаи мактабии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд. Мақсади ташкили осорхона  аҷргузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби дигар ба тарбияи ватанпарастӣ, ифтихори ватандории хонандагон таъсирбахш аст. 

Хуршеда Муминова,
Шуъбаи фаъолияти
фарҳангӣ-фароғатии ПИТФИ