Табрикоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рўзи театри тоҷи

Муҳтарам аҳли санъату ҳунар ва ҳаводоронии театр!

Бо арзи эҳтиром‚ шумоёнро ба муносибати Рўзи театри тоҷик самимона шодбош гуфта, бароятон саодату хушрўзгорӣ ва муваффақиятҳои нави эҷодиро таманно менамоям.

Театр аз оғози пайдоиши худ рисолати хешро ҳамчун ойинаи зиндагӣ, ҳамчун инъикоскунандаи ҳақиқати ҳаёт, ҳамчун ҳидоятгари одамон ба сўи некӣ бо субот иҷро намудааст. Мусаллам аст, ки театр ҳамчун вуҷуди зинда миёни жанрҳои дигари санъат хеле муассиру равшангар аст. Ҳеҷ як ҳодисаву таҳаввулот ва зуҳуроту падидаҳои ҷомеа аз назари театр берун нахоҳанд монд.

Миллати тоҷик дар гузашта ва имрўз‚ пеш аз ҳама бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шўҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Фарҳанги миллии мо дар тарбияи худшиносӣ‚ ҳисси миллии мардум‚ махсусан ҷавонон нақши муҳим бозида‚ дар ташаккули маънавиёти ҷомеа‚ ватанпарастиву расидан ба қадри неъмати бебаҳо – Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъсири амиқ мерасонад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд”.

Театри тоҷик ҳам дар тўли мавҷудияти худ барои тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа, барои ғановати фарҳангии аҳли кишвар хидматҳои пурарзиш кардааст. Дар ин давра театр марҳилаҳои мухталифу таҳаввулоти зиёди эҷодиро аз сар гузаронида, чандин насли ҳунармандонро дар оғўши худ ба камол расонидааст.

Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон театри тоҷик марҳилаи тозаеро касб карда, дар интихоби барнома, таҳияи асарҳои гуногунжанри дорои арзишҳои баланди бадеӣ озоду соҳибҳуқуқ гардида, ба майдони хеле васеи тарғиби суннату арзишҳои миллӣ табдил ёфтааст.

Умедворем‚ ки минбаъд ҳам аҳли ҳунари театр дар тарғибу ташвиқи арзишҳои волои маънавии мардуми тоҷик ва дастовардҳои даврони истиқлолияти кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

Ҷашни фархундаи Театри тоҷик ин ҷашни ҳамагонист ва бо ин мақсад тамоми аҳли кишварро бо ҷашни хуҷастаи зебоиву ҳунар, бо солгарди таъсисёбии театри тоҷик самимона шодбошу муборакбод гуфта, саодату хушрўзгорӣ таманно менамоям. Бигзор мурғи илҳоматон ҳамеша дар парвозҳои баланди эҷодӣ бошад.

барчасп: