Сурудаҳои мардумӣ: Алла

     АЛЛА, суруди маъмули халқист, ки ҳангоми хобондани кўдак месароянд.
     Алла матни махсус надорад. Онро модарон ҳангоми гаҳвораҷунбонӣ бадоҳатан эҷод мекунанд. Баъзан шеърҳои халқӣ ё китобӣ, ки рўҳи ҳузнангез дошта бошанд, ба сифати алла суруда мешаванд.
     Дар алла руҳия ва эҳсоси модар, орзуву умедҳои ў барои хушбахтии кўдак ифода меёбад. Алла одатан, бо калимаҳои «алла, аллаё, алла» ё «алла гўям, аллаё», ки дар охири ҳар мисраъ такрор мешаванд, оғоз меёбад.
     Модар баъзан ба воситаи алла дарди дили худро низ холӣ мекунад. Алларо на танҳо модарон, балки бибиҳо, хоҳарон ва дигарон низ месароянд.
     Алла дар тарбияи ҳиссу завқи кўдакон мадади калон мерасонад. Вай эҳсоси эстетикии тифлро бедор намуда, ба дарки нафосати савту овозҳои форам ва оҳанги сухан мадад мекунад.
      Абуалии Сино хосияти тарбиявии сурудҳои алларо қайд намуда, дар ҷилди 1-уми «Ал-қонун» навиштааст, ки «барои қонеъ кунонидани тақозои кўдак ду василаро ба кор бурдан лозим аст: аввал, гаҳвораи ўро мавзун ҷунбонидан, баъдан, то ин ки хобаш барад, алла гуфтан. Вобаста ба қобилияташ дар замири кўдак майлу рағбате ба варзиш ва мусиқӣ ба вуҷуд меояд».
     Алла дар маҳалҳои гуногун ҳар хел суруда мешавад. Ҳангоми аллагӯӣ истифодаи оҳангҳои фораму соддаи халқӣ низ ба назар мерасад.
     Шоирону оҳангсозони тоҷик аллаҳои нави замонавӣ эҷод кардаанд. Дар тақлиди оҳангу шакли аллаҳои мардумӣ сурудҳои ҳаҷвӣ ва ҳазломез низ ба миён омадаанд.

     Метавон муфассалтар дар бораи алла аз ин манбаъҳо маълумот дастрас кард:
Ад.: Данскер О. Л., Музыкальная култура таджиков Каратегина и Дарваза, дар кит. Искусство Таджикского народа, в. 3., Д., 1965;
Кароматов Ф., Нурҷонов Н., Музыкальное исскусство Памира, М., 1978.

Дар наздиктарин фурсат намунаҳое аз алларо дар ин ҷо хоҳем кошт.