Activities calendar

26 января 2016

«МЕНЕҶМЕНТИ ФАЪОЛИЯТҲОИ КИТОБДОРӢ ВА ИТТИЛОЪРАСОНӢ»

Ин чӣ китобест ва чаро бояд аз он истифода кард?  Посухи ин суол дар чанд ҷумлаи муқаддимаи он омада. Аз ҷумла муаллифон Сафар Сулаймонӣ ва Ҷелмат Шерматов менависанд: “Хусусият  ва  вижагиҳои  муносибатҳои  бозорӣ, мутахассисон ва дастандаркорони мудириятро бори  дигар  водор  месозад, ки  ба масъалаи мудирият таваҷҷўҳи бештаре дошта бошанд.
     Масъалаҳои
менеҷмент  дар  соҳаи  аз ҳама  мушкил – фаъолияти  китобдорию иттилоърасонӣ  чӣ  гуна  ҳаллу  фасл  мешавад, яке аз дигар

барчасп: 

БОҒИ БА НОМИ РӮДАКӢ-САРСАБЗТАРИН БОҒИ ИСТИРОҲАТИИ КИШВАР

Боғи ба номи устод Рӯдакӣ нахустин боғи фарҳангию фароғатии Тоҷикистон, ки соли 1932 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Масоҳати он 18, 3 гектар мебошад.
Ин боғ аз замони бунёдаш то ба ин дам чанд маротиба тағйири ном кардааст. Аз соли 1933 ба номи Ленин буд. Баъди истиқлолият, дар соли 1994 он Боғи марказии фарҳангу фароғат номида шуд. Соли 2008 Боғи истироҳати ба номи Устод Рӯдакӣ ном гирифт.

барчасп: 

Артисти Халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор Валаматзода

Ғаффор Рустамович ВАЛАМАТЗОДА 9-уми майи соли 1916 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Маъруфтарин устоди рақс аст ва балетмейстери тоҷик, Артисти халқии СССР (1976), дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1949) ва Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1975).

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод (1932), Омӯзишгоҳи хореографии назди Театри калон (Болшой театр)-и  шаҳри Маскав (1946) ва шӯъбаи балетмейстерии

барчасп: 

«Бухорои Шариф»: Нахустҷаридаи тоҷикӣ, ки умри бештар аз яксола дошт

Аввалин нашрияи сирф тоҷикӣ, ки 11 марти соли 1912 (4 рабеъ-ус-сонии 1300) дар ҳаҷми чор саҳифа аз чоп баромад
Муассиси он ҷавонбухориён ва ташаббускорони аслӣ аз онҳо роҳбарони ҳамонвақтаи  ҷунбиши ҷавонбухорӣ-Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ буданд. Мирзо Муҳиддин аз тоҷирони сарватманди қароқўлфурўши Бухоро ва Мирзо Сироҷ аз табибони шинохташудаи Бухоро маҳсуб мешуданд.
«Бухорои шариф» дар Когон, тақрибан 15 километр дуртар аз Бухорои кўҳан бо

барчасп: