Activities calendar

16 января 2016

Валерий Аҳадов

АҲАДОВ Валерий Боқиевич. Аз ҷумлаи маъруфтарин ва муваффақтарин коргадонҳои синамои кишвар аст. 9-уми августи соли 1945 дар шаҳри Самарқанд дида ба олам кушодааст.
     Хатмкардаи факултаи коргадонии Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи Маскав (соли 1970). Котиб (солҳои 1976 – 78) ва котиби якуми Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон (солҳои 1978 – 1986), коргадони киностудияи «Тоҷикфилм» (солҳои 1986 –1988), саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба