Умратон бодо дароз, эй соқиёни базми Ҷам...

     Аз ҷумлаи маҳофили мардумиву миллӣ ин Базм аст. Базм ин маҳфили хурсандист, ҷашни нишоту шодмонӣ, ки бо суруд, мусиқӣ, рақс, базлагӯӣ ва зиёфат доир мегардад. Базм дар ҳама ҷашнҳои ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва маросимҳои суннатии мардумӣ-хатнасур, тӯи арӯсӣ, зодрӯз ва амсоли инҳо барпо мешавад. Асоси базм хушҳолиест, ки бо суруду рақсу бозӣ ҳамнавост.
     Ҳоло ки аз Наврӯз ёд кардем, бидуни шак пеши назари хонанда шукуҳу тантанаҳое зоҳир шуд, ки бо ширкати ҳамагонии мардум сурат мегирад. Яъне, маъмулан дар ин гуна ҷашну маросимҳо кулли мардум, марду зан, пиру ҷавон ширкат мекунанд.
     Навозандагон, сарояндагон, бозигарон, ширинкорон, латифагӯён миёни мардум бо барномаҳои хосшон баромад мекунанд.
     Базмҳо таърихи тӯлонӣ дошта, ҳанӯз аз давраи подшоҳии Ҷамшед маъмул буданд. Яке аз базмҳое, ки дар замонҳои бостон роиҷ будааст, аз рӯзгори Ҷамшед то ба имрӯз дар байни мардум бо номи «Базми ҷам», «Базми Ҷамшедӣ» машҳур аст ва ҳоло низ мардум ба ҳамин ном ёд мекунанд.
Хоҷаи Шероз мефармояд:

    Умратон бодо дароз, эй соқиёни базми Ҷам,
    Гарчи ҷоми мо нашуд пурмай ба даврони шумо!


     Дар замони шоҳони Сомонӣ баргузории ҳама гуна базмҳои милливу суннатӣроиҷ буд.
Ин байти устод Рӯдакӣ баёнгари ҳамин нукта аст:

Яке базми хуррам биёростанд,
Маю руду ромишгар хостанд.


     Дар замони гузашта одатан макони баргузории базмҳои бошукӯҳро базмгоҳ, як гӯшаи базмгоҳро базма, яъне маҷлиси айшу шодмонӣ, ороишдиҳандаи базмро базморо, омодакунандаи онро базмсоз мегуфтанд.
     Дар рӯзгори пеш базм дар минтақаҳои Тоҷикистон ва шаҳрҳои қадимии тоҷикӣ дар ҷойҳои гуногун мегузашт. Дар минтақаҳои кӯҳистон (бештар дар фасли зимистон), дар Бадахшон, Хатлон, водии Рашт дар алавхона барпо мешуд, ки вазифаи меҳмонхонаро адо мекард.
     Базм вобаста ба тарзу услуби ҳунарварон ва доираи шахсон (тамошогарон)-и интихобшуда номҳои гуногун дорад:
     Базми меҳмонхонагӣ. Дар гузашта пас аз ба поён расидани тўй, баъди рафтани мардум хешовандон ва наздикони соҳиби маърака дар меҳмонхона базм ороста, аз сарояндагон сурудҳо мешуниданд, рақсу бозию шухӣ мекарданд. Ҳофизон бештар сурудҳои маъмули «Яккақарс», «Чорчиллик», «Баҳри тавил», «Ироқ», «Ҳусайнӣ» ва ғайраро месуруданд. Сурудхонӣ 2 – 3 соат давом мекард. Сипас, навозандаи дар миёна нишаста зарберо бо дойра баланд зада, ба қисми рақсӣ ибтидо мегузошт. Раққос аз ҷой бархеста ба рақс медаромад. Ин гуна базмҳо гоҳо то дамидани субҳ идома доштаанд. Дар шаҳрҳо калон ба монанди Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Исфара, Бухоро, Самарқанд ва ғайра то ба имрӯз базм дар меҳмонхонаҳо баргузор мешавад, ки он чун анъана аз замонҳои пеш боқӣ мондааст.
Базми хоса. Маҳфиле, ки дар манзили шоҳон, амалдорон. ҳокимон ва шахсони мансабдор баргузор мешуд. Дар он як гурӯҳи махсуси ҳунарии созандагону рақскунандагон даъват мешуданд, ки аз 6 – 7 нафар иборат буданд. Ҳайати чунин гурӯҳи ҳунарӣ аз дойрадастон, дуторнавоз, рубобнавоз, ғижакнавоз, найнав, танбўрнавоз, сатонавоз, нақоранавозон ва қобузнавоз иборат буд (теъдоди навозандагон вобаста ба маҳфил буд). Баъзан ба ҳавои ансамбл раққос ҳунарнамоӣ мекард. Се найчӣ, ду дойрадаст ва раққос мавригихонӣ низ мекарданд.
     Базми дойрахабар. Ҷамъомаде, қи бо садои баланди дойра барпо мегардид ва аз оғози ягон тантана дарак медод. Ин базми умумӣ буда, ҳар кас метавонист дар он иштирок кунад. Он дар асрҳои пешин дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ маъмул буд.
     Ин базм бо садои баланди дойра сурат мегирифт ва маъмулан дойранавозон бо навохтани дойра хабар медоданд, ки дар ҷое ҷашн, сур ё дигар навъи хурсандӣ, яъне базм баргузор мешавад.
     Дар Бухоро базми дойрахабарро базми сафолак низ меноманд. Мардуми Бухоро истилоҳи «сафолак»-ро ба дойрадасти мумтоз Собири Сафолак (1845 – 1905) мансуб медонанд ва он ба иштироки 3 – 4 дойрадаст барпо мегардид. Онҳо дойраро баланд навохта, ҳунар нишон медоданд ва барои раққос лаҳзаи мусоиди пурхурўш муҳайё менамуданд. Дар ин базм танҳо мерақсиданд.
     Базми сафолакро охири асри 19 ва аввали асри 20 бештар Собири Сафолак, эшони Набихўҷа ва Раҷаби Сиёҳ ташкил мекарданд.
     Ҳамчунини базми карнаю сурнай низ буд, ки пеш аз ҷашнҳо ва гоҳе дар мобайни ҷашнҳо баргузор мешуд. Базми карнаю сурнай имрӯз ҳам дар ҷашнҳои бузурги миллӣ, арӯсӣ в хатнасур роиҷ аст, ки баробари баланд шудани садои карнаю сурнай ҳозирин чанд лаҳза хушҳолӣ, кафзанӣ ва рақсу шодмонӣ мекунанд.
     Б.-и чавкӣ. Ин базми калони кўчагӣ маъмулан бегоҳиҳо дар кӯчаҳо, боғҳо ва майдони васеи Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои калони тоҷикнишин барпо мешуд. Одатан дар чанд ҷойи майдон ҳезум ё кунҷора оташ мегиронданд, ё дар даруни деги калон (ё даври ўғур) каме равғани зағир рехта, дар лаби дег пилтаҳои ғафси карбосӣ гузошта оташро рӯшан мекарданд ва дар равшании он шодию сурур барпо менамуданд. Дар Бухоро базми чавкӣ ё худ «даври ўғур» асосан дар ҷашни Наврӯз барпо мегардид. Дар он гурўҳи калони ҳофизон, раққосон, масхарабозон ва зарофатгўён ҳунарнамоӣ мекарданд.
     Дар байни тоҷикони Бадахшони Афғонистон «базми қарсакӣ» низ шӯҳрат дорад, ки дар баробари навохтану сароидану рақсидан ҳамагон қарс мезананд.
     Дар аксари минтақаи Тоҷикистон пеш аз ҷашни арӯсӣ базми духтарон низ баргузор мешавад, ки дар он фақат духтарон ва занони хешованди арӯс иштирок намуда, дар партави сурудҳо рақсу шодӣ мекунанд.
     Зарфи чанд соли охир Ҳукумати Тоҷикистон ба баргузории ҷашнҳои милливу мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард ва маҳз ҳамин таваҷҷуҳ буд, ки аз сол ба соли дигар Наврӯз барин ҷашни миллӣ шаҳомати ба худ хос касб мекунанд. Ҳукумати кишвар бо назардошти аҳамияти вижаи Наврӯз ва густарда будани ҷуғрофиёи он талош дорад барои бошукуҳтар баргузор кардани он тадбирҳои иловагӣ андешад.
     Бо ташаббуси шахсии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон анъанаи миллии доштани Наврӯзгоҳ эҳё шуд ва ҳоло як майдони ба масоҳат бузурге, ки пештар мавзеъи аспдавонӣ буд, ба Наврӯзгоҳ табдил дода шуд. Акнун ҳар сол сокинони Душанбе ҷашни асосиро дар ҳамин Наврӯзгоҳ бо ширкати ҳама ақшори ҷомеа таҷлил мекунанд.

     Баргирифта аз: Амонов Р., Очерки эҷодиёти даҳанакии Кӯлоб (Дар асоси фолклори Сари Хосор), Д., 1963; Зеҳниева Ф., Сурудҳои маросими тӯи тоҷикон, Д., 1978; Андреев М. С., По этнологии Афганистана. Долина Панджшир (Материалы из поездки в Афганистан в 1926 году), Ташкент, 1927; Рахмони Р., Простонародная литература современного Афганистана (Устная авторская поэзия на языке дари), част 1 – 2, М., 1994; Нурджанов Н., Театральная и музыкальная жизнь столици государства Саманидов, Д., 2001; ҳамон муалл., Традиционный театр таджиков, т. 1 – 2, Д., 2002.