Мероси падар хоҳи илми падар омўз! Ё қиссаи созтароше, ки умрашро ба сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ бахшидааст.

Ҳақиқати ҳолро агар гирем дар асл чунин аст. Дар саросари кишвар мушоҳида кардам, ба ҷуз Саидисломи Устоғулом шахсе пайдо нашуд, ки дар сохтани асбобҳои мусиқӣ муваффақу дастболо бошад. Имрӯзҳо дар тамоми ансамблҳои давлатӣ, ҳамчунин навозандаҳое, ки дар барномаҳои мусиқии телевизион иштирок мекунанд, аз дуторҳои Саидисломи Устоғулом истифода мекунанд. Дуторҳое, ки ин шахс месозад, нуқсон надошта, ба мисли асбобҳои мусиқие, ки дар корхонаҳо тайёр карда мешаванд, сохта мешаванд ва онҳо ҳеч камбуду нуқсоне надоранд.
Мусиқӣ ва ҳунар аз муҳимтарин ва асаргузортарин аносири ҳар ҷомеа мебошад, ки беҳтарину муассиртарин роҳи муаррифии фарҳанг ва тамаддуни як миллат аст. Мусиқӣ василаи мондагории шеъру муарификунандаи шоир аст. Албатта, ҳунармандони тавоно ва сарояндагони хушсадо ҳастанд, ки ба ҳунари навохтан ва садои дилнишин мазмуни шеъри волоро дар қалби мардум ҷо мекунанд. Вале сарчашмаи ҳамаи инҳо созҳои мусиқӣ ҳастанд, ки оҳанг, ҳофиз ва шоиррро шинохта менамоянд.
Бинобар ин созтарошӣ, яке аз ҳунарҳои муҳими фарҳанги тоҷикон ба шумор меравад. Чуноне, ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯзҳо дар кишвар устоҳои созтарош кам мондаанд. Баъзе устоҳои созтароше ҳастанд, ки якчанд навъи асбобҳои мусиқиро омода мекунанд, вале аксарашон сифатан паст буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Бинобар ин, зарурате ба миён меояд, ки кормандону муҳаққиқони соҳаи фарҳанг камбуди ҳунари созтароширо масъалагузорӣ намуда, ҳар чи бештар ҳунармандони созтарошро ба воситаҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ ба ин ҳунар ҷалб намоянд.
Банда ҳамчун яке аз кормандони соҳа масъалаи сохтани асбобҳои мусиқӣ ва истифодаи он дар ансамблҳои гуногуни мусиқӣ дар кишвар ва то чӣ андоза ҷавобгӯ будани ин асбобҳоро ба навохтани оҳангҳои мухталифи классикӣ ва ғайр аз он, завқу роҳатии навозандагон ва устоҳои созтарошро пайгирӣ кардам. 
Иттифоқан дар дасти яке аз ҳунармандони машҳури ҷумҳурӣ дутореро, ки хеле хуб сохта шуда, ба таври ҷолибе гулкорӣ низ гардида буду аз маҳорати баланди созандааш дарак медод, дидам. Чун чанде буд, ки аз пайи дарёфти матлаби ҳунарҳои созтарошӣ дар кишвар будам, дарҳол аз навозанда хостам, ки то чанд дақиқа дуторашро ба ман диҳад. Ҳамин тавр дидам, ки дар болои дутор номи худи ҳунарманд навишта шуда буд - Саидислом Устоғулом. Ин ном хеле шинос ба назар омад, чун дар чанд дуторҳои дар дасти навозандагони ансамблҳои гуногун дида мешуд.   Асбобҳои мусиқие, ки бо чунин нишон, ба истилоҳе «тамға» ба дасти навозандагон ва ҳаводорони мусиқӣ расидаанд, аз ҳама ҷиҳат хуб тарошида шуда, нафароне, ки онро дар даст мегиранд, шикояте аз устои он надоранд. Бинобар, мо ҳам хостем ин устои чирадасти созтарошро аз наздик бубинем ва бо ӯ дар бораи ин ҳунари зебояш суҳбате дошта бошем. Қаҳрамони мо, ки дар матлаби мазкур дар бораи ҳунараш чанд сухане хоҳем овард, бо истеъдоди хеш аз дигар ҳунармандон тавофут дорад. Ӯ бо ҳунари волои созтарошиаш ба дили дӯстдорони асбобҳои миллӣ ҷой гирифтааст.

Ба суроғи ҳунарманд ва ба хотири дарёфти асрори созтарош ва шинохти ҳунари асилаш, ба ҷустуҷӯи ӯ тарафи манзили истиқоматиаш, ки дар наздикиҳои бозори «Султони Кабир» ҷойгир аст, рафтам. Устохонаи созтарош ҳам дар он ҷо аст. Ҳангоме ба хоначае, ки дар он созтарош асбобҳои мусиқиашро месохт, наздик шудам, садои маҳин, вале паст-пасти мусиқӣ, ки бо дутор навохта мешуд, ба гӯшам расид. Пай бурдан мумкин буд, раҳгузароне, ки аз он ҷо мегузаштанду ин овозро пайхас мекарданд, лаҳзае аз гаштан боз истода, гӯш меандохтанд ва боз ба роҳашон идома медоданд.

Ба устохона расидам ва созтарошро дар кулбаи кориаш саргарми сохтани асбоби мусиқии миллӣ дарёфтам. Ӯ бо шавқу завқи зиёде банди тарошидани дастаи танбур буд. Чун чеҳраашро дидам, ба ёдам омад, ки аз ин пеш ҳам бо ин ҳунарманди созтарош суҳбате дошта будам. Вале чун он вақт гуфтугӯи мо он қадар тӯлонӣ набуд, танҳо дар доираи хариду фурӯши дутор суҳбат кардему нисбати ҳунараш чизеро пурсуҷӯ накардам. Аммо баъдан мақсад гузоштам, ки ба манфиати аҳли санъату фарҳанг ва миллату давлат, аз ҷумла барои боз ҳам рушд ёфтани ҳунари созтарошии миллӣ, як иттилои хубе пайдо карда, барои ҳаводорону дӯстдорони мусиқӣ, ки маҳз ба воситаи асбобҳои миллӣ танинандоз мешаванд, матлаберо нашр созам.


merosi_padar1.jpgХоначаи Саидислом (чунин ном дорад созтарош) гарчанде, ки хурд бошад ҳам, вале пур аз асбобҳои миллӣ ва махзани асрори созтарош ва мусиқии дилнавози аҷдодӣ буд. Тамоми навъҳои асбобҳои мусиқии миллии мо дар он ҷо мавҷуд буданд. Созтарош аз дидани банда хеле хурсанд шуд ва моро ба хубӣ пазируфт. Ман ҳам аз ин ҷилваи ҳунари зебои созтарош, ки дар ин кулбаи кӯчак ба гуфти худаш «устохона»-и  ӯ буд, ба ҳайрат омадам. Дар ҳақиқат дар чунин устохонаи хурде, ки ҳеҷ ба талаботи устоёни созтарош ҷавобгӯ набуд, бузургиву рангорангии асбобҳои мусиқии кишвар дида мешуд. Хоначае буд, саршор аз оҳангҳои мухталиф ва асбобҳое, ки аз синаи таърихи мусиқии миллӣ садо медоданд, гӯё ҳама дар фармони дасти устои созтарош қарор доштанду бо ишораи ӯ садо медоданд. Ҳар касе, ки вориди ин кулбача шавад ҳақиқатан ҳам дунёи асбобҳои мусиқиро эҳсос мекунад. 

Дар мавзӯи ҳунари созтарошӣ ба ӯ  саволе додаму ҷавоби хуберо аз забони устои чирадаст шунидам. Маълум буд, ки ӯ аз ин ҳунараш    ифтихори зиёд дораду онро мероси бебаҳои падар медонад. Созтарош  «Мероси падар хоҳӣ, илми падар омӯз» - гуфта, тарафи мо маънидорона табассум кард.

Баъд аз шунидани чунин сухани зебои шоирона маълум гашт, ки Саидислом Устоғулом дар оилаи ҳунарманди машҳур ба воя расида, давомдиҳандаи ҳунари падари хеш аст. Хурсандиовараш ин аст, ки ба муваффақиятҳои калони ин ҳунар ноил гардида, чандин давлатҳои дунёро сафар кардаву, хунари волои худро ба ҷаҳониён нишон додааст. Ҳунарҳои ин шахсро на танҳо дар Тоҷиикстон, балки берун аз он ҳам, аллакай шинохта кардаанд. Далели ин гуфтаҳо ифтихорномаву сипосномаҳое ҳастанд, ки барои ҳунари асилаш ба ӯ додаанд.

 Ӯ мегӯяд, ки  имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар ҳунари устои чирасдастро шинохтан мумкин аст. Саидислом Устоғулом номест ба ҳамагон шиносу маъруф, устои касбӣ ва машҳур. Ин шахс мероси падарро давом дода, ба қуллаҳои баланди ҳунари созтарошӣ оварда расонидааст. Ӯ аз чандин ҳунарҳояш қисса кард, ки аз падараш омӯхтааст. Маълум буд, ки аз уҳдаи бисёр ҳунарҳои халқӣ ба хубӣ  мебарояд, ба монанди заргарӣ, муҳракашӣ, доираву  таблаксозӣ, тору рубобтарошӣ ва чандин ҳунарҳои дигарро мушоҳида кардан мумкин аст. 
Вале, бештари вақти худро барои тарошидани дутор сарф мекунад ва аз ҳама асбоби ба дилаш наздик ҳамин дутор аст. Саидислом бар замми чандин ҳунари созтарошиаш, яке аз навозандаҳои хуби дутор рубоб (рубоби бадахшӣ) ва тори тоҷикӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки то имрӯз чандин оҳангҳоро бо асбоби дутор эҷод карда аст, ки навозандаҳо дар оинаи нилгун оҳангҳои ӯро менавозанд.

 Саидислом Устоғулом дастоварду пешрафти асосии асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарашро дар он медонад, ки худаш навозандаи хуби ин созҳои мусиқист. Ба андешаи ӯ, ҳар усто ё созтароше, ки агар аз уҳдаи навохтани асбоби мусиқӣ набарояд, нозукиҳои пешаи созтароширо фаҳмиданаш душвор мешавад. Чунки тарошидани асбоби мусиқӣ низ хеле нозук буда, ба замми навохта тавонистан, аз нотаҳои мусиқӣ хабардор будани созтарош шарт ва зарур аст.

Ҳақиқати ҳолро агар гирем дар асл чунин аст. Дар саросари кишвар мушоҳида кардам, ба ҷуз Саидисломи Устоғулом шахсе пайдо нашуд, ки дар сохтани асбобҳои мусиқӣ муваффақу дастболо бошад. Имрӯзҳо дар тамоми ансамблҳои давлатӣ, ҳамчунин навозандаҳое, ки дар барномаҳои мусиқии телевизион иштирок мекунанд, аз дуторҳои Саидисломи Устоғулом истифода мекунанд. Дуторҳое, ки ин шахс месозад, нуқсон надошта, ба мисли асбобҳои мусиқие, ки дар корхонаҳо тайёр карда мешаванд, сохта мешаванд ва онҳо ҳеч камбуду нуқсоне надоранд. 

Дар охири суҳбатамон ба ин ҳунарманд, ки солҳои зиёди умрашро барои сохтани асбобҳои мусиқии миллӣ сарф кардааст, барору комёбиҳо орзу кардем ва бо як ҷаҳон таассурот аз коргоҳаш берун шудем.

Ҳамин тавр аст ҳаёти одамони ҳунарманду ҳунардӯст. Коре, ки анҷом медиҳанд, барои наслҳо боқӣ мемонад ва он аз бобоён ба писарону наберагон мемонад. Ҳунари мондагор низ ҳамин аст.

 

Акобир АБДУЛЛОЕВ,
ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи
фарҳанг ва иттилоот

барчасп: