Activities calendar

06 апреля 2017

Дорбозӣ

Тибқи ривоятҳо, дорбозӣ дар замони ҳазрати Алӣ низ маъмул будааст ва худи ў ҳунари дорбозиро медонистааст. Аз ин сабаб дорбозон ҳазрати Алиро пири касби худ меҳисобиданд. Ривоят мекунанд, ки то замони ҳазрати Алӣ қалъаи даҳшатноки шаҳри Хайбарро, ки атрофашро шахҳои баланду ҳавзҳои амиқ иҳота карда буданд, касе фатҳ карда натавонистааст. Алӣ лашкарашро назди он қалъаи фатҳнопазир оварда, аз ресмони борике дор сохтааст ва ҳамаи лашкариёнаш ба воситаи он ба қалъа гузаштаанд.

барчасп: