Activities calendar

10 апреля 2017

Назаре ба ҳунарҳои бонувон (Бахши дуюм)

Яке аз ҳунарҳое, ки дар чор ноҳия ба назар мерасид, рӯймолдӯзӣ мебошад. Рӯймолдӯзӣ ҳунари гулдӯзӣ кардани рӯймоли миёнбанд барои мардон аст. Рӯймоли мардона 3 намуд-бачагона(андозаи 60х60); муқаррарӣ (андозаи 100х100); калон (андозаи 120х120). Бештар руймоли мардонаро аз матои ласу сатин ва риштаҳои пахтагию абрешимӣ омода мекунанд. Ҳар як ҳунарманд мувофиқи завқи хеш маҳсулотро интихоб карда, рӯймолро гулдӯзӣ мекунад. Тарзи дӯхтани рӯймол чунин аст: пеш аз ҳама, атрофи матоъро дар андозаи муайян таҳ карда медӯзанд.

барчасп: