Соли наватон муборак!!!

Дӯстони азиз, хонандагони сомонаи Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот !
Лаҳзае чанд ин соли куҳан сипарӣ мешавад ва мову Шумо ба истиқболи Соли нав мешитобем.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави 2017 муборакбод мекунем.
Бароятон хонаободӣ ва беҳтарину хуштарин хушиҳои дунёро таманно дорем.
Ин шеъри олими шинохта, шоири хубамон Нуралии Нурзод ва поёнсухан ба онро чун армуғони солинавӣ бароятон тақдим мекунем.

Соли Нав муборак бошад!!!

Аз пушти дара барфи сапед омадааст,
То бар сари шохасори бед омадааст.
Дарвозаи дил кушо ба истиқболаш,
Соли нави мо ҳам ба умед омадааст.

Эй кошки соли нав биёрад шодӣ,
Сад боғ шукуҳу сад замин ободӣ.
Гардида ба омад омадои аҷабаш,
Хонем барои ҳам муборакбодӣ.

Мурғе ба сари шохаи бед омадаст,
Дар лаб ғазали сабзи умед омадааст.
Ҳар лаҳза суруди соли нав мехонад,
Чун бо пару бо боли сапед омадааст.


Ва инак, моему гулҷушиву гулбезӣ ва гулрезии ҳазорон орзуву умед дар истгоҳи соле, ки меравад ва соле, ки ворид мешавад. Ин гоҳ ва фурсатҳои ҳузури боз як замонаи сапеду рӯшан ҳамеша шавқҷӯши таманноҳост ва хостгоҳи милёнҳо дархост ва ормонҳое, ки дар фосилаи 365 рӯзи дигар бояд дар меҳвари амал қарор бигиранд ва зиндагониро рангину гуворо созанд. Ва пушти девори соатҳову сонияҳои дигар соли нав ҳам бо умедҳои зиёде дари моро мекубад, то бо ваҳдати ормонҳои ҳамдигар вуҷудашро муҷаллову рӯшан гардонида, дар саҳифаҳои таърих нақши зарҳалӣ бибандад, чун ҷилову нусрат ва шарофату саодат ва наҷобати солҳо ҳамеша бар пайкорҳои мо сахт марбут аст.

Умедворам, ки ваҳдати орзуҳову ормонҳо ва ниятҳои ҳамаи мову Шумову Соли нави милодӣ як фосилаи воқеан гулҷӯшу рангобарангу мубарҳану музайянро дар рўзгорамон нақшбандӣ бикунад, то пас аз 356 рўзи дигар боз ҳам бо кӯлбори аз ин бештари ниёишҳову таманниёт барои ҳамдигар бо сабки нав ба қавли мардуми шарифамон муборакбодӣ хонем. Худованди бузург ҷамъи моро бидуни парешониву каммиву костӣ то соли дигар бирасонад ва ҳамагон дар доиман дар баҳористони муроду ормонҳои хеш иқомат дошта бошед, дӯстони азиз.
Соли нав, иқболи нав ба ҳамагон хуҷаста бошад!

барчасп: