Activities calendar

06 декабря 2016

Графика чист?

ГРАФИКА (аз юнонии graphike ва grapho – менависам, нақш, расм мекашам), навъи санъати тасвирӣ, ки сиёҳқаламӣ ва асарҳои нафисаи чопӣ (ҳаккокӣ, литография ва ғ.)-ро дар бар гирифта, ба санъати расмкашӣ асос меёбад. Графика аввал ба маънои хат ва санъати хаттотӣ низ меомад.
Асоси санъати графика усули пйеса (моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед) аст. Аз ин рӯ дар графика, баръакси дигар навъҳои санъати тасвирӣ, хелҳои гуногуни ранг кам истифода мешавад.