Баррасии рушди равобити фарҳангии Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳамоиши Остона

Омӯзиш ва таблиғи фарҳанги муосири Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чунин ном дошт маърӯзаи Шариф Комилзода –Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми шаҳрвандии марказҳои илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои узви машварат оид ба ҳамкории муштарак ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (СВМДА) дар доираи Фестивали солонаи дӯстии халқи Қазоқистон “Фарҳанги ошкорбаёнӣ асоси сулҳ ва ризоят” .
Ин Ҳамоиш охири моҳи гузашта дар шаҳри Остона баргузор шуда буд.

Таърихи мусиқии касбӣ-композитории тоҷик

Таърихи мусиқии халқи тоҷик, давраҳои гуногуни пайдоиш ва ташаккулу такомули санъати мусиқӣ, жанру намудҳои гуногуни он, ҳаёту фаъолияти эҷодии олимону ҳунармандон, ҳофизону мутрибон, композиторон ва донандагони хуби фарҳанги мусиқии мардуми моро меомўзад. Бохабар будан аз гузаштаи фарҳанги халқи хеш, омўзиши таърихи бою рангини мусиқии мардуми тоҷик, донишҷўёнро бо давраҳои гуногуни инкишофи он шинос намуда, дар ташаккули ҷаҳонбиниву ахлоқ ва рушди маънавии онҳо саҳми назаррас мегузорад.

барчасп: 

ҶАШНИ ТИРГОН

Ҷашни Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт. Чи тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.
Агар ҷашни Сада марбут ба зимистон бошад, Наврўз – иди баҳорӣ ва Меҳргон дар тирамоҳ ҷашн гирифта шавад, пас Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони эронитабор буд

Интихоби арўс, хостгорӣ, фотиҳа – маросимҳои оғозу пайвастшавии оила

Дар бисёр маврид розигии духтардор сари вақт дода намешавад, зеро дар ҳолати зуд розӣ гардидани онҳо, гўё, қадри духтар паст мешуда бошад ва аз ҷониби дигар духтардор низ мехоҳад аз шахсият ва вазъи оилавии домодшаванда пурра огоҳ бошад. Аз ин рў, бо суханони махсуси таоруфӣ, ба монанди «Умед карда омадед, садқаи саратон, аммо аз мо калонтар бобою бибӣ, тағою амакошон ҳаст. Маслиҳати онҳоро гирифтан даркор» - гўён,  каме ба таъхир мегузоранд.

Иштирок дар семинар-тренинги минтақавӣ

Фарҳангшиносони тоҷик дар Семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ  таҳти унвони «Татбиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ» ширкат карданд.

Дар таърихи 19-23 июни соли 2017 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Семинар-тренинги минтақавӣ барои коршиносони Осиёи Марказӣ  таҳти унвони «Татбиқи Конвенсияи ЮНЕСКО (2003) оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Осиёи Марказӣ»

Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими фарҳанги миллӣ

Ба тасвиб расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (27-уми июни соли 1997, дар шаҳри Маскав) ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик сабт гардид.
Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 26-уми июни соли 2000-ум чунин зикр намудааст: «Ҳар касе ниҳолеро сабзонда бошад,

барчасп: 

Фаъолияти мактаб- интернати махсуси мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар замони Истиқлолият

Айни ҳол дар мактаби мусиқии мазкур 19 адад компютер, 8 адад принтер, 1 адад сканер ва як адад проектор мавҷуд мебошад. Агарчанде муассисаи таълимии мазкур то ҳол сомонаи махсуси интернетии худро надошта бошад ҳам, аммо  тавассути шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабилӣ, “Фейсбук”, “Майл-ру”ва“Одноклассники”саҳифа кушода фаъолияти муассисаи таълимиро муаррифӣ менамоянд. Ба хонандагони синфҳои 10 – 11 касбӣ иловагӣ дар компютер аз рўйи барномаҳои “сибелиус” ва “финал” нотачиниро меомўзанд, ки ин яке аз омилҳои шомил гардидан ба раванди иноватсионӣ мебошад.

Нигоҳе ба зиндагиномаи Ҳаким Тирмизӣ

Муаррихон зикр намудаанд, ки Ибни Арабӣ аз гуфтаҳои Ҳаким Тирмизӣ ба ғоят таъсир пазируфтааст ва рисолае бо номи “Ал-ҷавоб-ул-мустақим анмо саала анҳу ат-Тирмизию-л-Ҳаким” низ доштааст. “Таъсири ирфон пас аз худ то замони Ибни Арабӣ бисёр андак будааст, аммо Ибни Арабӣ ва пайравонаш ба вижа дар масъалаи вилоят ва хатми вилоят ба шиддат аз вай таъсир пазируфтаанд”

барчасп: 

Страницы