ҲАР КИ БАР ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР (Дар ҳошияи мулоқоти Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин)

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин фарогири масоили басо муҳим, бахусус, таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолият, давлатдорӣ, тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи марзу бум, талқини ҳушёриву зиракӣ дар замони ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрави ифротӣ, хатари ҷаҳлу хурофот ва ифротгароии динӣ хурофотпарастӣ, исрофкорӣ дар адои маносики динӣ, риёкориву худнамоӣ, ҷаҳлу нодонӣ ва бемаърифативу дур мондан аз арзишҳои муқаддаси диниву миллист.

Мутаассифона, ғафлату нодонӣ касро ба гумроҳӣ ва ҳалокат мерасонад. Дар ин бора метавон абёти зиёдеро аз ашъори шоирони классику муосир овард, ки ғафлату нодониро нукуҳиш ва донишу ҳунаромӯзиро тарғибу ташвиқ кардаанд. Омӯзгорон ҳамон байти Устод Рӯдакиро ҳанӯз дар синфҳои ибтидоӣ ба хонандагон гӯшзад ва таъкид мекунанд:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В – аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҷойи таассуф аст, ки бархе аз ҷавонон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба  шаҳрҳои Федератсияи Россия  сафар карда, пас аз сарсониву азиятҳо ба ивази корҳои вазнину тоқатфарсо чанд рубле ба даст меоранду телефонҳои гаронарзиш мехаранд. Чун саводи казоӣ надоранд ва аз дину оини ислом, низ бехабаранд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои мухталиф ворид шуда, туъмаи анкабутсифатон мегарданд. Яъне, ба суханҳои шаҳдомез ва дар асл заҳрогини ҳар гуна шахси номаълуми аъзои созмону ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ бовар карда, ба гуфтаи онҳо амал мекунанд ва ҳаёти худро ба хатар мегузоранд.

Ростӣ, кас аз соддагиву нодонӣ ва гумроҳии он ҷавононе, ки  фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои тундрави террористӣ мешаванд ба ҳайрат меояд. Дар ҳолате, ки тамоми мардуми кишварҳои дунё ба аъмоли ваҳшиёнаи аъзои  ташкилоти экстремистӣ - террористии  ба ном «Давлати исломӣ» нафрат баён мекунанд, боз ғафлатзадагоне ёфт мешаванд, ки ба ин гурӯҳҳо  майл доранд. Агар ин зумра ашхос аз осору арзишҳои диниву адабии ниёгони мо огаҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба корҳои ношояму хатарнок даст намезаданд.

Устод Рӯдакӣ мефармояд:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.

Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.

Гуфто ки: киро куштӣ  то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ ӯро бикушад? Он ки туро кушт.

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

 

Ва ё Абулқосим Фирдавсӣ ба таъкид мегӯяд:

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.

Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ чунин насиҳат мекунад:

Ҳар бад, ки ба худ намеписандӣ,

Бар кас макун, эй бародари ман.

Гар модари хеш дӯст дорӣ,

Дашном мадеҳ ба модари ман.

 

Ва ё боз мефармояд:

Ҳаргиз касе, ки хонаи мардум хароб кард,

Обод баъд аз он набувад хонумони ӯ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд, ки “дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.

Тибқи маълумоти фаврӣ зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар се соли охир 24 нафар шаҳрвандони мо дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон ба таркондани худ даст задаанд.

Ҳол он, ки худкушӣ на ҷиҳод, балки гуноҳи азим ва хилофи таълимоту талаботи дини мубини ислом мебошад”.

Бузургтарин гуноҳ дар ислом қатли бегуноҳон аст. Қотили муъмин  дар рўзи қиёмат ба шадидтарин уқубат гирифтор мешавад. Худованди мутаъол дар ояти 93 сураи Нисо мефармояд: “Ҳар кас мўъминеро ба амд (қасдона) бикушад, муҷозоташ оташи ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовид муаззаб хоҳад буд. Худо ба ў хашму лаън кунад ва азоби бисёр шадид муҳайё созад”.

Мавриди зикр аст, ки ҳанӯз панҷ сол қабл, яъне 16 апрели соли 2019  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия таъкид ба он доштанд, ки роҳбарону фаъолони диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон ва онҳое, ки калонсолу ботаҷриба ҳастанд, бояд ҳидоятгари ҷавонон бошанд, ба онҳо роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонанд, ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намоянд, роҳи фарқ кардани неку бад ва ҳаққу ноҳақро нишон диҳанд. Сарвари давлат сафорату консулгариҳо ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро муваззаф карданд, ки якҷо бо ҷамъиятҳо, диаспораҳо ва дигар мақомоти дахлдор барои пешгирӣ намудани ҷалби муҳоҷирон ба ҷараёнҳои ифротгарои динӣ ва ҳимояи онҳо аз таъсири манфии ҳама гуна равияву ҳаракатҳои зарарнок  чораҳои судманд андешанд.

Пас, ҳамаи мо сокинони кишварро мебояд, ки даъвати Пешвои миллатро самимона ва аз сидқи дил бипазирем, ба ҳаводиси ҷаҳони муосир бо дидаи ибрат нигарем ва нагузорем, ки ягон ҷавони тоҷик ба доми шайтонии мунодиёни гурӯҳҳои тундрав ва  ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ гирифтор шаванд. Зеро Сайидои Насафӣ барҳақ мефармояд :

Ҳар ки бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Мунаввари Сафар,

ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи

илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

 

 

барчасп: