ИНЪИКОСИ МАФҲУМИ ЗАН – МОДАР ДАР РИВОЯТҲОИ МАРДУМӢ

Зан мавзӯи ҷолиби баҳси адибон, олимон, файласуфон, нависандагон, донишмандон, ҳакимон ва сарварони ҳама давру замон баъд аз офариниш то ба имрӯз ва ҷовидона аст. Зан муҷиби шақоват ва саодати башар ва ворунгариву созандагист.

Ӯ нурест, ки медурахшад, оташест, ки месӯзонад, обест ки ташнагонро наҷот медиҳад, тӯфонест, ки ғарқ мекунад, ҳавоест, ки эҳё мекунад ва бӯронест, ки хафа мекунад. Зан модар аст бо бузургтарин шафқаташ ва бо возеҳтарин маънояш. Зан саодатест бо тамоми массаратҳояш. Зан ҳаёт аст бо ҷамеи набзҳояш.

АҶИБТАРИН КИТОБ

Лабиб, нависандаи маъруфи араб, дар китоби «Ҷамол, муҳаббат ва санъат» менависад: «Башарият дорои китоби шигарфест, ки онро ҳам подшоҳ ва ҳам роҳзан, ҳам ҳакиму файласуф ва ҳам кавдан мутолиа мекунад. Дар садҳо сафҳа таърихи авлоди башарият бо эҳсосу салобат, бо лутфу хушунат, бо маърифату ҷаҳолат, бо инқилоби адолату беадолатӣ нигориш ёфтааст.

Бо ҷамоли ҳастӣ аз партави ситораҳо ва ҳарорати хуршед ва гулҳои бӯстон ва нағмаи паррандагон ва шукӯҳи омол ва таровати шохаҳо ва вазиши насим ва дурахши алмос ва ҷамоли абадият ва шаҳвати отифа сабт ёфта… Аз ин рӯ китоби шигарфест…

Авроқи ин китоб аз кӯраи оташ берун омада, дар сели оби ашк ғарқ шуда, аз аъсоби қалбҳо нусхабардорӣ гардида. Ҳуруфаш дар оташ рехта шуда ва қабл аз садҳо сол нашр гардида ва ба тамоми забонҳо ва гӯишҳо маъруф асту ҳазорҳо бор ба табъ расида, бо ислоҳу иловаҳо ва дар ҳазорҳо ҷилд шарҳ ёфтаву тарҷума шуда».

ЗАН ЧӢ ГУНА ОФАРИДА ШУД?  (РИВОЯТИ ҲИНДӢ)

Дар асотири бостонӣ ривояте дар бораи чигунагии офариниши зан маҳфуз монд, ки он чи аз лиҳози балоғат ва чи аз ҷиҳати маонӣ аз тамоми он қиссаҳое, ки дар бораи зан ва табиати ӯ гуфта шудааст, волост ва дар мақоми баланд буда, посухгӯи ҳамаи пурсишҳои шумост.

Дар устура омада: «Офаридгор дар ибтидо олам, осмонҳо, замин ва тамоми мавҷудоти онро офарид, сипас мардро халқ фармуд. Ҳангоме ки хост занро биофарад, тааммул кард.

Сипас, аз моҳ сурат ва зебоиро, аз офтоб  ишроқ ва тулӯашро, аз ситораҳо фурӯзонию  чашмакзаниро, аз абрҳо ашкро, аз гулҳо рангро, аз шохаҳо алвонҷу тамоилро, аз ҳашиш ларзишро, аз насим лутфу навозишро, аз варақ сабукиро, аз наботот раъшаву ларзишро, аз амвоҷ мадду ҷазрро, аз оташ ҳароратро,  аз оҳу чашмонро, аз кабӯтар садояшро, аз саг вафояшро, аз асал лаззатро, аз алмос салобатро, аз паланг хашму қувватро, аз тилло дурахшро, аз гунҷишк пургӯиро, аз булбул нағмасароиро, аз ғизол наззораро, аз хазандагон хазиданро, аз мор ҳикматро, аз саъба ҳазёнро, аз шабнам рутубатро, аз бунафша бӯяшро, аз баҳор лабхандро баргирифт. Ин ҳамаро даромехта занро офарид ва пешкаши мард кард…

Баъди ҳашт рӯз мард ба назди Офаридгор омад ва гуфт:

-Худоё, он махлуқе, ки ба ман армуғон кардӣ, ҳаётамро ба азоб, хушбахтиамро ба бадбахтӣ, шодиамро ба ғам, умедамро ба яъс кашид… Ӯ ниҳоят пургӯй аст ва забонаш оромӣ надорад. Бе ҳеҷ сабаб гиря мекунад. Талаботаш ҳад надорад. Аз ҳар чӣ шикоят мекунад ва аз ҳама чӣ алам мекашад. Ва ба ғамхории доим муҳтоҷ аст…

Аз ин рӯ, омадам, ки ӯро ба ту баргардонам ва наметавонам, ки бо ӯ зиндагӣ кунам. Ӯро бигир ва маро аз ӯ раҳо бубахш…

Офаридгор тааммул намуд ва гуфт: Хайр…

Пас аз як ҳафта мард назди Офаридгор омад ва гуфт:

-Худоё, аз даме ки ман махлуқи ҳадякардаатро баргардондам, ҳаётамро беранг ёфтам. Ҳоло ба ёд меорам, ки чӣ сон  чун ғизоли зебо дар наздам мерақсид ва чӣ гуна бароям бо садои чун булбул месуруд. Чӣ тавр бо ман бозӣ мекарду ба ман фараҳ меовард…

Маро ёд меояд, ки чӣ зайл ба ман лабханд мезаду нишотам мебахшид, қаҳқаҳ мезаду ғамхорам буд… Чӣ тавр дастонашро ба гарданам ҳалқа мекарду худро ба оғӯшам меафганд. Чӣ гуна дарду аламамро сабук месохт. Лаззати ҳаёт ва умеду орзуям буд.

Худоё, ӯро ба ман баргардон…

Офаридгор занро ба мард баргардонд.

Баъди се рӯз мард назди Офаридгор бо шикваву гиря омад ва гуфт:

-Худоё, ман ин махлуқатро ҳеҷ намефаҳмам. Гӯё асрори пӯшидаест, ки гушоишаш ғайриимкон аст. Ниҳоят ба хулосае омадам, ки ӯро ба ту баргардонам. Зеро ӯ шабеҳи шаробест, ки зиёнаш аз судаш фузун аст…

 Офаридгор ба ӯ гуфт:

-Ба худ ой, эй мард ва дар амрат тадбир биҷӯй!

Мард гуфт:

-Худоё, ҳеҷ имконе вуҷуд надорад, ки бо ӯ зиндагӣ кунам.

Офаридгор посух дод:

-Ҳеҷ имконе надорӣ, ки бидуни ӯ зиндагӣ кунӣ ва ӯро тарк кард…

Мард бо яъсу алам фарёд кашид:

-Аз фироқаш наметавонам сабр намоям… ва рӯҳам наметавонад бо ӯ бисозад…

…Ҳамин аст зан дар рӯзгори мард…

ЗАН КИСТ?

Занро дар умум метавон  ҳамчун як бону таъриф кард. Зан баъд аз он, ки шавҳараш аз кор бармегардад, аз шавҳари худ муроқибат мекунад. Зан ва шавҳар завҷе ҳастанд, ки пояҳои як зиндагиро ташкил медиҳанд ва барои рафъи ниёзҳои ҷинсӣ ва маънавии ҳамдигар талош мекунанд. Занон бар хилофи модарон, ки иштибоҳу хатоии фарзандони худро мебахшанд, дар сурате, ки шавҳарашон дучори иштибоҳ ва ё беҳурмат нисбат ба онҳо шавад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд онро нодида бигиранд. Дар натиҷаи ихтилофи шадид ва надоштани тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ зан ва шавҳар метавонанд аз якдигар ҷудо шаванд. Вале ин имкон вуҷуд надорад, ки бо вуҷуди ихтилоф робитаи модар ва фарзанд хароб шавад. Нақши зан ба дараҷае муҳим аст, ки метавонад як хонаводаро ташкил диҳад ва ё онро барҳам занад.

Дар ин ҷо мо метавонем ҳамон устура ё  ривояти дили модарро биорем: Писаре духтареро дӯст дошт ва изҳори муҳаббат кард. Духтар иброз дошт, ки ба ивази дили модараш муҳаббати ӯро мепазирад. Чанд рӯз дар ин бора фикр кард ва билохира синаи модарашро дариду дили ӯро гирифт ва ба ҷониби хонаи дӯстдоштааш шитобид. Дар остонаи  дарвозаи маҳбубааш пешпо хурду афтод ва дили модар нолиду гуфт: Оҳ пойи писарам озор ёфт...

Чуноне  ки зикр кардем, ҳамеша эҳтимоли суитафоҳум яъне, ҳамдигарнофаҳмӣ байни зану шавҳар вуҷуд дорад. Робитаи модар ва фарзанд аз аввал бо ишқ ва эҳсоси модарона шуруъ мешавад. Вале робитаи зан ва шавҳар бо мурури замон ва кам-кам эҷод мешавад. Аз ҳама муҳимтар ин ки барои издивоҷ бояд тарафайн ҳамдигарро ба унвони шарики зиндагӣ бинанд ва барои такмили хостаҳо ва лаззат бурдан аз бо ҳам будан  талош кунанд.

Дар ин ҷо мо метавонем ривоятеро оид ба интихоби зан орем.

ИНТИХОБИ ЗАН

Нақл кунанд, ки дар аҳди Мустансир зане бо шавҳару писар ва бародараш баҳсу ҷанҷол карда, аз онҳо ба халиф шикоят бурд. Мустансир  амр дод, то онҳоро дастгир кунанд ва ба қатл ҳукм кард.

Чун зан аз ин амр огоҳӣ ёфт, ба дари халифа омад ва баромадани ӯро интизор шуд. Гирёну нолон худро пеши пойҳояш афканд ва илтиҷо намуд, ки афв намояд ва ё амр диҳад, ки ӯро низ ҳамроҳи эшон ба қатл расонанд, зеро зиндагӣ бе онҳо маъное надорад.

Дили Мустансир ба ҳолаш сӯхт. Лаҳзае ба фикр фуру рафт. Сипас, сарашро бардошта гуфт:

-Духтарам, шафоати туро ба якеаш пазируфтам. Аз онҳо якеро интихоб намо.

Зан ба ҳайрат афтод ва баъди андаке тааммул гуфт:

-Шавҳарро меёбам, писарро таваллуд мекунам, вале бародарро ёфта наметавонам. Ва бародарашро  баргузид.

Интихоби зан ба Мустансир маъқул афтод ва ҳамаро афв кард.

МОДАР КИСТ?

Модар узви бисёр муҳтарами хонавода аст. Модар ба таври табиӣ ва бидуни ҳеҷ интизорӣ фарзандашро дӯст медорад ва бо ниҳояти лаззаьт ва оромиш аз фарзанди худ муроқибат ва барои  тарбияти ӯ талош мекунад. Модар дар даврони кӯдакӣ нақши авали зиндагии  фарзандашро ба уҳда дорад. Эҳсосоти модарона барои фарзанд саршор аз оромиш аст, ба тавре ки метавон гуфт, ки акси модар дар даврони бузургсолӣ рӯи фарзанд таъсири маънавӣ мегузорад. Ба ҳамин далел равоншиносон муътақиданд, ки нақши модар дар рушди кӯдак бисёр муҳим аст. Модар намоди дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ аст ва ҳар  иштибоҳе, ки фарзандаш муртакиб мешавад онро мебахшад. Аз ин ҷост, ки сӯитафоҳум байни модару писар ва модару духтар аҳёнан ба вуҷуд меояд.

Ишқи модарона  ҳеҷ ҷойгузине надорад ва ҷаҳонӣ аст. Ишқу муҳаббате, ки тавассути модар ба фарзанд арза  мешавад, бо ҳеҷ  ишқи дигаре қобили муқоиса нест ва далели он ҳам робитаи  ъотифии қавӣ байни онҳост.

Модар дунёро ба фарзандаш  муаррифӣ мекунад. Кӯдак  бо ишқу дилсӯзӣ  ва меҳрубонии модар бузург мешавад. Модар як шахси қавист, ки барои фарзандаш бо дунё меҷангад ва аз фарзандаш муҳофизат мекунад.

Пушти ҳар марди муваффақ як зан вуҷуд дорад. Аз ин ҷост , ки оид ба ин мавзӯъ дар байни мардуми тоҷик зарбулмасале роиҷ аст: Тоҷ бар сар мекунад, зан мекунад, хок бар сар мекунад, зан  мекунад.

АЗ МАСАЛҲОИ МАРДУМИ АВРУПО ДАР ҲАҚҚИ ЗАН

 

АМСОЛИ ИНГЛИСӢ

Зан калиди тамоми хонаҳост.

Агар мардҳо медонистанд, ки занҳо дар бораи эшон чӣ андеша доранд, ҷуръаташон сад мартаба зиёд мегардид.

Шахсе, ки занро дӯст намедорад, шабеҳи хук аст.

Охирин чизе ки дар мардҳо мемирад, қалб аст ва дар занҳо забон.

Се чиз нофаҳмиданист: санъат, мусиқӣ... зан.

Занон ҳангоми мусибат аз мардҳо ҳакимтаранд.

 

АМСОЛИ УКРАИНӢ

Шавҳар барои зан қонун аст.

 

АМСОЛИ ҲИНДӢ

Агар хоҳӣ, ки тиллоро бисанҷӣ, онро ҳак бизан, ё қувваи барзаговро бисанҷӣ онро бардор ё хулқи мардро ба ӯ гуш бидеҳ, вале агар хоҳӣ, ки фикри занро бисанҷӣ…. Ҳеҷ ягон роҳе нест.

 

АМСОЛИ ШОТЛАНДӢ

Шахсе ки занашро таъна кард, ба шарафи хеш таъна зад.

Писарам, писарам то зангирӣ, духтарам, духтарам, то охири умр.

 

АМСОЛИ ФАРОНСАВӢ

Агар мардҳоро фаҳмида бошӣ, занҳоро биомӯз.

Зан собуни мард.

Силоҳи зан забонаш аст.

 

АМСОЛИ ИРЛАНДӢ

Ҳар куҷо биравӣ, занатро ҳамроҳ бигир.

Занро як ё ду бор пурс, агар ба раъйат розӣ нашавад, ба раъйаш қаноат намо.

 

АМСОЛИ ОЛМОНӢ

Чун мӯйсафед зани ҷавон гирад, шайтон механдад.

Шахсе, ки зани давлатманд гирифт, озодиашро фурӯхт.

 

АМСОЛИ ЮНОНӢ

Зан ё ҳукм меронад ё хидмат мекунад.

Зан барои мард бузургтарин баракат меорад ва калонтарин ҳалокат.

Ваъдаҳои зан – иншои сафаҳот дар рӯи об.

 

АМСОЛИ ЛОТИНӢ

Хонаи касе ором аст, ки зан надорад.

 

АМСОЛИ ИСПАНӢ

Муҳаббати духтар – об дар сабад.

Зан ва шиша доим дар хатар аст.

 

АМСОЛИ ҲОЛЛАНДӢ

Ҳар одам Ҳаввои худро меёбад.

 

АМСОЛИ ЧИНӢ

Мард метавонад занро аз тамоми мардҳо ҳимоя намояд, ғайри худаш.

Зан ҳақ аст. Ҳамоне, ки сухан нагӯяд, набинад ва нашнавад.

 

АМСОЛИ РУСӢ

Зан ҳафтоду ҳафт раъй дорад, дар як замон.

Ҳамаи мардҳо писари зан ҳастанд.

Зани сарбоз, на зан ва на бева.

 

АМСОЛИ ИТОЛЁВӢ

Табассуми зани зебо – ашки ҳамён.

Зебоии осмон дар ситораҳост ва зебоии зан дар мӯҳояш.

 

МАСАЛИ ФИНЛАНДӢ

Аспро аз хонаи давлатманд бихар ва занро аз хонаи камбағал бигир.

 

АМСОЛИ БУЛҒОРӢ

Хонае, ки дар он зан нест, хона нест.

Хонаи бе зан – чоҳи бесатил.

 

МАСАЛИ ШВЕДӢ

Дили зан аз чашмони даҳ мард бинотар аст.

 

АМСОЛИ ДАНИЯГӢ

Модар аз қалб ва дигарҳо аз даст ба тифл хӯрок медиҳанд.

 

МАСАЛИ ЛИТВОНӢ

Шавҳар сари зан асту зан калиди шавҳар.

 

МАСАЛИ ГРУЗИНӢ

Силоҳи зан бесадост- ашкаш.

 

МАСАЛИ ВЕНГЕРӢ

Ба модар нигар ва духтарро ба занӣ бигир.

 

АМСОЛИ ЧЕХӢ

Агар хоҳӣ, ки молатро пинҳон намоӣ, таҳти забони зан магузор.

 

АМСОЛИ БОСНИЯГӢ

Соҳибхоназани ҳақиқӣ дар як лаҳза ҳам канизак асту ҳам бону.

 

АМСОЛИ СЕРБӢ

Гоҳо савоб аст ба зани оқила итоат намоӣ.

Мард ду хурсандӣ дорад: хурсандии ҳангоми хонадоршавӣ ва хурсандии ҳангоми таваллуди фарзанди нахуст.

Сирри ягонае, ки зан онро ҳифз медорад, оне ки намедонад.

 

АМСОЛИ ҲОЛЛАНДӢ

Ҳангоме ки зани хуб ба хона ворид мегардад, шодиву сурур аз тиреза медарояд.

 

АМСОЛИ ЭСТОНӢ

Зан қуфли мард.

Зан занро таъриф намекунад.

Панҷа задани тифл қалби модарро ба дард меорад.

Муҳаббати падар то лаҳад, аммо муҳаббати модар беинтиҳост.

Занро дар назди мард таъриф намекунанд.

Зонуи модар амнтар аз барги гул.

Агар амреро овоза кардан хоҳӣ, онро ба занат ифшо намо.

Зан ҳаёти мардро тафсир  мекунад.

 

АМСОЛИ ШАРҚӢ

Занҳои дунё аз ҳурулайн беҳтаранд.

Зан мардро бо чашм ва мард занро бо ақл мебинад.

Чун зан сухан мегӯяд, ба чашмонаш нигар, ки чӣ мегӯяд.

Касе, ки модар дорад, бепарвост.

Хеши мард макрӯҳ, хеши зан маҳбуб.

Агар мард дарё бошад, зан пул аст.

Таҳия ва аз араби тарҷимаи Мунаввари САФАР

   

 

 

барчасп: