ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

«Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари машҳури худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” менависанд: “Ба куҷое равему ба кадом гӯшаи Тоҷикистони азиз қадам гузорем, дар ҳар ваҷаб коху ҳар санги роҳаш мо нақши гузаштаҳоро меҷӯем”.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.

Ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳайати гурӯҳи корӣ Абдуллов Шамсуддин, Ғафуров Ҷамшед ва Одинаев Нурмаҳмад аз 19 то 28-уми июли соли ҷорӣ ҷиҳати гирдоварии мавод оид ба мавзӯи “Таҳқиқи мероси фарҳанги ғайримодии марбут ба ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва мавзеъҳои муқаддаси Тоҷикистон” ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд сафари хидматӣ анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ноҳияи Айнӣ бо ҷойҳои таърихӣ ва ёдгориҳои бостонӣ диққати меҳмонони ватаниву хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Ин аст, ки ҳар сол барои истироҳат ва дидани кӯҳҳои Фон, кӯли Искандар, кӯли Аловуддин садҳо сайёҳони хориҷӣ ташриф меоранд ва ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки ноҳия дорои тамаддуни ғании фарҳангӣ ва таърихист.

Мавзеъҳои муқаддас ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия асосан аз масҷидҳо, манораҳо, қалъаҳо, катибаҳои рӯйи санг, хонаҳои истиқоматӣ, мақбараҳо, муҷассамаҳо, мазорҳо ва нимпайкараҳо иборатанд.

Тибқи маълумотҳои ҷойдошта миқдори умумии ёдгориҳои таърихии ноҳияи Айнӣ 119 ададро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 3 ададаш дараҷаи байналмилалӣ, 16 ададаш аҳамияти ҷуҳуриявӣ ва 100 ададаш дорои аҳамият маҳалианд: бахусус, қалъаи Муғ-асри 7-8, Меҳроби Искодар асри 10, манораи Варз-асри 11, манораи Рарз-асри 11-12, манораи Фатмев-асри 11-12, мақбараи Абдулқосим Гургонӣ-асри 12, Гардани Ҳисор, масҷидҳои Дар-Дар, Урметан, қалъаҳои Сангистон, Вуста, Пушти Ҳисор, Сарвода, Ҳисорак, Кум, мақбараи Шамси Табрезӣ, мақбараи Нақибхон Туғрал, хонаҳо-ландшавти деҳаи Вешаб, мавзеи Яғноб ва ғайра.

Агарчанде ҳангоми сафар ҳамаи ёдгориҳо ва мавзеъҳои муқаддасро дар ин ноҳия имкони дидан нашуда бошад, ҳам гурӯҳи олимони пажӯҳишгоҳ қисмате аз онҳоро аз қабили: маҷмааи фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, мазори Лангари деҳаи Сангистон, мазори Мавлоно Шамсиддин, мазори Ҳазрати Лангар-Мавлоно Муҳаммади Хатиб дар асри XIII (аз авлоди Хоҷа Баҳовиддини Балогардон), мавлоно Шамсиддин Муҳаммади Хатиб (мурид), Усулхотум-хоҳари Мавлоно Муҳаммади Хатиб, инчунин мазори Мавлоно Муҳаммад Алӣ, мазори Марди ғайб, мазори Чил тани пок мавриди омӯзиш қарор доданд.

Ёдгории дигари таърихӣ масҷиди деҳаи Дар-Дар яке аз ёдгориҳои қадимтарин маҳсуб ёфта, 700-сол пеш дар охири асри XIII аввали асри XIV сохта шудааст. Аз нақли сокинони деҳа масҷидро аз нав бо нақшу нигор ва кандакории хоса соли 1858 таъмир кардаанд. Масҷид аз чор хона ва ду айвони барҳаво дар баландии маркази деҳа ҷойгир шуда, сохтмони он хеле моҳирона ва мустаҳкам анҷом ёфтааст. Хусусияти сохтмони масҷид дар он аст, ки дарвоза ва саҳни калон надорад. Атрофи он бо панҷараҳои нақшин, ки баландиашон 1,5 метр мебошад иҳота карда шудааст, ки барои кӯҳистони Зарафшон як навъи нави ба истифода додани масҷид аст.

Қалъаи Сарвода-яке аз нодиртарин ёдгориҳо ба ҳисоб рафта, дар теппаи байни дарёҳои Пасрӯд ва Фондарё ҷойгир шудааст. Аз баландии қалъа роҳи тагоби Фон, дараи Пасрӯд ва дараи Искандар хуб ба назар мерасад. Аз таҳқиқи олимон бармеояд, ки қалъа ба асри XVII-XIX тааллуқ дорад. Онҳо муайян намудаанд, ки дохили қалъа аз 38-хонаҳои гуногун, аз ҷумла аспхона ва оғилхона барои нигоҳ доштани чорво сохта шуда будааст. Ҳоло қалъа хеле хароб гардида, танҳо як қисми деворҳояш бо баландии аз 1 то 7 метр боқӣ мондаанд. Соли 1979 дар рӯ ба рӯи қалъаи Сарвода дар тарафи рости дарёи Фон аз як ғори кӯҳи сурх ҳайкали чӯбин дарёфт шуд, ки дар он симои ҷавони мӯйлабдор тасвир шуда буд. Баландии ҳайкал 1-метр буда, дар дасташ найзаи 2,2 см дошт. Ҳоло дар назди қалъаи Бутамон-шоҳи Сарвода майдон ва гулзори зебо бунёд шуда, дар паҳлӯи қалъа ҳайкали «афсари номаълум» қомат афрохтааст.

Дар деҳаи Вешаб дар мазори ҳоҷӣ Мавлоно Муҳаммад Шамсиддин Сабзпӯши Табрезӣ ду қайроқсанги калон ҳаст, ки дар якеи он санаи 826-ҳиҷрӣ (1422-1423 милодӣ) навишта шудааст.

Дар деҳаи Дарғ якчанд зиёратгоҳ-Хоҷа Музлим, Хоҷаи Ғор, Хоҷаи Сабзпӯш, Хоҷа Абдураҳмони Қозӣ мавҷуд аст. Яке аз ин зиёратгоҳҳо мавриди эҳтироми мардум бо исми «Қадамҷои Ҳазрати Мулло» ёд карда мешавад. Ин зиёратгоҳ таърихи зиёда аз 500-сола дорад.

Дар деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ 800 сол муқаддам масҷиде бино ёфтааст, ки аз он давра то ба имрӯз бо номи масҷиди ҳаждаҳдара машҳур аст. Нафаре, ки бори нахуст номи онро мешунавад, фикр мекунад, ки масҷид 18 дари вуруд дорад, вале дар асл чунин нест. Масҷид се дар ва дар намуди хонаи дуошёна сохта шуда, баландиаш 7 метрро ташкил медиҳад. Он васею барҳаво буда, 4 сутуни дохилаш ва болору вассаҳояш кандакорӣ шудаанд.

Ривоят мекунанд, ки дар гузашта мардуми 18 дараи гирду атроф ин ҷо ҷамъ шуда, намоз мегузоштанд. Фориғ аз намоз ба шеърхониву панду насиҳати ҷавонон пардохта, ҳамдигарро ба дӯстиву рафоқат даъват менамуданд. Мегӯянд, ки сохти бино чӣ тавре ки бинокорони вақт сохтаанд, ҳамон гуна боқӣ мондааст. Посутунҳои ғафсу бо мурури замон каме фарсудаи кандакоришуда аз қарнҳои гузашта ёд меоранд. Танҳо боми онро шиферпӯш намудаву деворҳояшро рангубор кардаанд. Кас аз тамошои масҷид ба ҳайрат афтода, бовар намекунад, ки дар ин кӯҳистони дурдаст дастони мӯъҷизакори фарзанди тоҷик чунин бинои хуштарҳро бунёд намудааст. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми Фалғар чун дигар мардуми санъатдӯсту фарҳангпарвар ва ҳунарманди тоҷик маданияти баланди шаҳрсозиву меъморӣ доштаанд.

Масҷиди ҳаждаҳдара каме поинтар аз маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ҷойгир аст.

Масҷиди гузари Лангар бошад муттааллиқ ба охири қарни 19, дорои ибодатгоҳи бузурги чаҳорсутуна ва айвони сетарафа буда, шифти бинои асосӣ бо рангҳои мухталиф мунаққаш гардидааст. Дар ду самти меҳроб тоқчаҳои мураббаъ ва дар самти шимолу ғарбӣ намозгоҳ минбар ҷой дорад. Айвони масҷид дорои 8-сутуни кандакорӣ ва сақфаш мунаққаш мебошад. Дар пешгоҳи дарвозаҳо катибаи арабии бо ранги сиёҳ иҷрошуда ҷойгир аст.

Масҷиди деҳаи Зеробод, ки воқеъ дар ҷамоати деҳоти Дар-Дар ҷойгир аст, аз асри ХIII арзи ҳастӣ дорад, ки то ҳол ҳамчун ибодатгоҳ истифода мешавад.

Дар деҳаи Искодар масҷидеро дидан намудем, ки аз гуфти мутахассисон ба асри Х рост меояд. Меҳроби масҷид дар Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст.

Мутахассисон бар чунин ақидаанд, ки дар болооби Зарафшон дар асрҳои XII-XIII мактаби махсуси нақшу нигоришҳо вуҷуд доштааст. Аз маълумотҳои дастрасгардида, дар кандакориҳои чӯб нақши моҳтоб ва фигураҳо, нақшаҳои зооморфӣ, нақши мор, архари кӯҳӣ, сари инсон наққошӣ мешуд. Аз ин рӯ чунин анъана ва расму оин то ҳол дар водии Зарафшон, аз ҷумла деҳаҳои Вешаб ва Дар-Дар побарҷост.

Ҳудуди сарзамини тоҷикон яке аз қадимтарин бошишгоҳҳои инсон маҳсуб меёбад, ки дар он одамон аз ҷараёни зиндагии худ осори зиёде боқӣ мондаанд. Ёдгориҳои гуногуни таърихӣ ба шакли теппаҳои сунъӣ, қалъаю шаҳрҳои вайрона, гӯрхонаҳои қадим ва ғайра дар сар то сари ҷумҳурӣ дида мешаванд.

Аз натиҷагирӣ дар ин замина гуфтан зарур аст, ки кормандони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ дар робита бо сохторҳо, масъулони соҳа, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳал дар раванди тармиму ободу зебо нигоҳ доштани мероси таърихию фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифат ва ҷаҳонбинии фарҳангии омма, ба хусус наврасону ҷавонон, густариши худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва ҳифзи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ пурсамар фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати иҷрои бандҳои “Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025” дар ноҳия як қатор корҳо ба сомон расонида шудаанд, аз ҷумла дар ин давра ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, муҷассамаҳо, нимпайкараҳо (нипайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. Садриддин Айнӣ) таъмиру азнавсозӣ карда шуданд. Мақбари Абдуллои Валӣ дар деҳаи Ревад аз ҳисоби шахсони саховатпеша таъмир гардидааст.

Масъулони бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ мақсад доранд, ки барои сертификатсия, бақайдгирӣ, тайёр ва гузоштани нишонаҳо, таҳияи шиносномаи илмии ёдгориҳо таи солҳои 2021-2025 бо ҳамбастагӣ бо мақомотҳои маҳал саҳми худро дар таҳияи китоби “Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ” гузоранд.

Ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот барои ҳамкорӣ ва мусоидат ба муовини раиси ноҳияи Айнӣ Зокирзода Гулсара Абдусаид, кормандони бахши фарҳанг Қобилзода Абдуғанӣ Абдуҳамид, Сангинов Боймаҳмад ва мудири осорхона Қароев Асланбек изҳори сипос менамоянд.

Шамсуддин Абдуллоев,

ходими калони ММФТ-и

ПИТФИ

барчасп: