Табрикоти солинавии Абдулфаттоҳ Аминов, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот

Ҳамкорони арҷманд!  Дар соли 2022   воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакатамон рӯй доданд, ки муҳимтаринашон 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар интиҳои соли сипаришаванда мо боз шоҳиди ду рӯйдоди дорои аҳамияти байналмилалӣ гардидем, ки яке аз он 14-уми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона дастгирӣ ёфтани ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эътироф кардани 21-уми март мебошад.

Рӯйдоди дигари муҳими соли куҳан ба Рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани боз ду унсури фарҳанги ғайримоддӣ–номинатсияи “Анъанаҳои кармакпарварӣ ва абрешимбофӣ” (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) ва номинатсияи “Латифаҳои Хоҷа Насриддин Афандӣ” (муштарак аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон) мебошанд, ки боиси  ифтихори мо, тоҷикон гардид.

Рӯйдодҳои мазкур, албатта, собитгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ ва дорои таърихи қадимию пурғановат аз тарафи дигар кишвару мардуми олам шинохтаю эътироф шудааст. Муаррифии унсурҳои фарҳангии мо дар рӯйхатҳои бонуфузи байналмиллалӣ аз таърихи куҳан ва тамаддуни волои ин миллати куҳанбунёд дарак медиҳад. Эҳёи анъанаҳои миллӣ, зинда гардондани таърихи куҳан, арҷ гузоштан ба анъанаҳои мллӣ ва монанди ин аз фазилатҳои умда ва фарҳангпарвари мардуми тоҷик мебошад.

Умуман, дар  соли 2022 мардуми  мутамаддини  тоҷик барои рушди фарҳанг ва асолати миллии хеш ҷаҳду талошҳои зиёд намуд ва то андозае ба марому мақсади хеш ноил гардид. Аз ҷумла, ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот низ дар соли сипаришаванда ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар соли 2022 ҷиҳати иҷрои мавзӯъҳои илмӣ ходимони илмии ПИТФИ зиёда аз 180 кори илмӣ, пажӯҳишӣ, тадқиқотӣ ва методиро ба анҷом расониданд, ки онҳо фарогири 15 китоб, 35 мақолаи илмӣ, 83 мақолаи илмию оммавӣ, 46 нашри электронӣ мебошанд. 

Дар соли 2022 ҳамкории Пажӯҳишгоҳ бо як қатор муассисаҳои илмиву таълимии ватанӣ ва хориҷӣ густариш ёфт. Дар ин давра ҳамкориҳои илмии ПИТФИ дар самти ташкилу баргузории конференсияву семинарҳо, мубодилаи афкор, таҷрибаомӯзӣ, тайёрнамоии кадрҳо, таҳияю пешниҳоди номинатсияҳо, таблиғи фарҳанги миллӣ, нашри маҷмӯаҳои илмӣ, китобу рисолаҳо бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ, нашриётҳо, дигар муассисаҳои зертобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигар мунтазам идома ёфт.      

Дар маҷмӯъ, соли падрудгӯянда соли барору комёбӣ, амалишавии орзуҳои нек буд ва гумон мекунам, ки аксарият ба марому мақсади  худ  расиданд. Бо истифода аз фурсат кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, умуман тамоми кормандони соҳаи фарҳанг ва илм, мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо фарорасии Соли  нави мелодӣ шодбош гуфта, барояшон комёбӣ мехоҳам.

Соли наватон фархунда бод, ҳамватанони азиз!  

 

 

 

 

барчасп: