Хуҷанд. Оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд

Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хоки мадфани  шоир Камоли Хуҷандӣ  аз шаҳри Табрези Эрон дастрас гардид ки онро 21 марти соли 2015 дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хуҷанд ба мақбараи рамзӣ гузоштанд.

Пешвои миллат зимни суханронӣ дар мулоқот бо иштирокчиёни «Наврӯзи адибон» дар Маҷмааи таърихӣ ва фарҳангии «ҚалъаиХуҷанд» иброз доштанд, ки шоири тавоно ва донишманди ирфону адаби Машриқзамин Камолуддин Абӯаҳмади Муҳаммад, маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, шайх Камол ё Хоҷа Камол низ аз зумраи парвардагони домони поки Хуҷанди бостонист, ки ба андешаи соҳибназарон «то забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд». Боиси ифтихори аҳли адаб ва мардуми тоҷик аст, ки ин шоири озода ва вораста дар муҳити адабии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун устоди ғазалҳои саршор аз меҳри Ватану ватандорӣ эътироф шуда, ғазалиёти ӯ аз лиҳози бандубасти адабӣ ва фасоҳату балоғат дар ҳадди камол қарор доранд ва ба сифати намунаи олии осори лирикии адабиёти тоҷику форс шинохта шудаанд.

Гарчанде қисми зиёди ҳаёти Хоҷа Камол бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ғарибӣ, яъне дар шаҳри Табрези Эрон гузаштааст, вале ӯ дар ҳама ҷо бо ёди Ватан ва ёру диёр умр ба сар мебурд. Ҳеҷ гоҳ зодгоҳи хеш – Хуҷанди бостониро фаромӯш намекард ва бо номи зодгоҳу сарзамини аҷдодии худ ҳамеша ифтихор дошт.

Гумбази муҳташаму осмонии мақбараро шонздаҳ сутуни мармарии сафеду сурх бар душ дорад. Баландии он 25 метр аст. Дар назди мақбара  ҳайкали шоир қомат афрохтааст, ки баландиаш 13 метр буда, онро ҳайкалтарош Даврон Раҳматзода сохтааст. Ҳамзамон, бо ҳидоят ва иқдоми наҷибу адабпарваронаи Сарвари давлат ба муносибати таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ 21 марти соли 2015 ҳавлӣ ва чорбоғи меросии шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ барқарор ва Боғи адабию фарҳангии ба номи ин ситораи осмони адаб таҷдид карда шуд. Мавриди зикр аст, ки шоир тақрибан дар соли 1318 – 1320  дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, ба камол расид. Дар 35 – солагӣ бо нияти ҳаҷ тавассути роҳи Хоразм ба Арабистон рафт. Баъди зиёрати Хонаи Худо дар бозгашт обуҳавои Табрезро писандид ва он ҷо муқимӣ шуд. Ин сафари шоир тақрибан дар байни солҳои 1350 – 1360 сурат гирифтааст.Соли 1385  хони муғулнажод Тухтамиш ба Табрез ҳуҷум карда, онро тороҷ кард ва шоирро бо ҳамроҳи худ ба шаҳри Сарой – Астрахани имрӯза бурд. Дар соли 1396 Амир Темури Курагон бар зидди Тухтамиш лашкар кашида, Саройро хароб намуд. Ин воқеа барои  Хоҷа Камол имкон фароҳам овард, ки ба Табрез баргардад. Соли фавти ин шоир ва орифи бузург ба 1401 мелодӣ рост меояд. Қабри Хоҷа Камол дар Валиён кӯи Табрез аст, ки акнун ба номи Боғи Шайх Камол маъруф аст. Аз Камолӣ Хуҷандӣ  девони қасидаҳо, ғазалиёт, қитъаҳо, рубоиёт ва байтҳои алоҳида ба мерос мондааст, ки дар маҷмӯъ 8100 байтро дар бар мегирад.

Воқеан, хона  - музейи Хоҷа Камол  зоирони сершуморро бо шароити зисти хоксоронаи шоир, ки хеле мароқовару диданист аз наздик шинос мекунад. Дар дарвозаи кандакорӣ ду зангула : яке мардона ва дигаре занона овезон аст. Баробари ба ҳавлии шоир ворид шудан, кас худро дар муҳити ниёкони асримиёнагӣ эҳсос мекунад. Дар қисмати пеши ҳавлии мардона меҳмонхона воқеъ гардидааст, ки дар он одатан меҳмонони мардина қабул карда мешавад. Дар меҳмонхонаи тобистона ва зимистона  якчанд санъати миллӣ – анъанавӣ, аз ҷумла меъморӣ, кандакорӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ дида мешавад. Дар фарш қолинҳои дастибофт ва курпачаҳои адрасу шоҳӣ густурда шудааст. Дар меҳмонхонаи зимистона ҳамон сандалии бобоӣ, оштон, чойҷӯши мисӣ ва дар тоқчаҳо рубобу доираву дутор, ҳар гуна табақу коса, чойнику пиёлаҳои сафолию чинӣ ва дар пешгоҳи хона кафшҳои пошнабаланди чубӣ  ба назар мерасад. Дар қисмати рости ҳавлӣ, дар рӯ ба рӯи меҳмонхонаҳо китобхона ва тадрисгоҳ воқеъ гардидааст. Дар тоқчаҳо  ва мизи калони китобхона китобҳои зиёди қадима, ки аксарашон чопи сангиву дастхатанд ва саҳифаҳои  қадимтарин нусхаҳои хаттии девони шоир аз Табрез низ оварда шудаанд, ҷой доранд. Дар тадрисгоҳ бошад, минбар ва дувоздаҳ курсӣ гузошта шуда, он ҷойи омӯхтани илм, мушоираи шоирон, баҳсҳои илмӣ ба амсоли мантиқ, фалсафа, калом ва ғайра мебошад. Дар ҳавлии занона бошад, хонае бо дастгоҳҳои рағзаву адрасбофӣ таҷҳизонида шудааст, ки зану духтар ва ақрабои шоир ба ин касбҳо машғул мешуданд. Дар шафати он хонаи кӯдакон ҷойгир буд, ки дар он гаҳвора ба назар мерасид. Шабистон дар қисмати ҳавлии занона ҷойгир шуда аз ду қисм: хобгоҳ ва ҷойи истироҳатӣ иборат аст. Дар қисмати истироҳатгоҳ занон ва духтарон ба кашидадӯзӣ, мутолиа, мушоира ва навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мешуданд. Дар ин ҷо, ҳамчунин, хонаи хоби зимистона, анборхона ва ошхона бо тамоми лавозимоти зарурӣ таҷҳизонда шудааст. Одатан ашрофзодагон дар замини наздиҳавлигӣ дарахтони мевагӣ ва гулҳои рангоранг павариш мекарданд, ки онро чорбоғ мегуфтанд. Дар чорбоғи шоир ба машом накҳати хуши гулҳо  ва ба гӯш садои паррандагон мерасид.

Иброҳим Иброҳимов, директори кулли Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд, иброз дошт, ки бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи мазкур  ба зиёратгоҳи асосии шаҳри бостонии Хуҷанд табдил ёфт. Он имрӯз  боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, хона – музейи Камоли Хуҷандӣ, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, Осорхонаи таърихии вилоят, аз ҷумла Қалъаи Кӯҳандизро дар бар мегирад. Дар муассиса 70 нафар дар ду баст кор мекунад.  Назар ба гуфтаи директор, ҳар рӯз маҷмааро аз се то чор ҳазор сокинони Ватанамон ва сайёҳони хориҷӣ тамошо мекунанд. Барояшон тамоми шароити мусоид ва хидматрасонӣ муҳайё шудааст.

-Бояд зикр кард, ки донистани таърихи ин ё он давлат, минтақа ва ё шаҳр аз осорхона оғоз меёбад. Мо соли 2014-ум 90 – солагии Осорхонаи таърихиро қайд намудем, ки ин аввалин осорхона дар Тоҷикистон аст. Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд бошад, таърихи шаҳр, қалъа ва кӯҳандизи онро нишон медиҳад. Дар он бозёфтҳои 2500 – солаи шаҳри Хуҷанд маҳфуз аст, - иброз дошт, директор.

Оре, бо сохтани мақбараву Хона – музей ва насби ҳайкали Хоҷа Камол боғи фарҳангию фароғатӣ ба макони муқаддас табдил ёфт, ки имрӯз зиёратгоҳи хосу ом аст. Байти шоир ишора ба мақоми баланди шоир аст:

Гар биҷӯянд ба сад қарн наёбанд, Камол,

Булбуле чун ту хушилҳом ба чаманҳои Хуҷанд.

 

Мунаввари Сафар,

ходими калони илмии ПИТФИ

 

барчасп: