ЗАБОНИ МИЛЛАТ-БАҚОИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Забони миллат- бақои миллат» баргузор гардид.

Чорабиниро директори муассисаи илмӣ, номзали илми филология Абдулфаттоҳ Аминов ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд. Ӯ зимни суханрониаш таъкид дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи тӯлонӣ ва пурпечутоберо аз сар гузаронида, дар ин росто дар баробари рушду такомул ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардидааст. Аммо дар ҳама давру замон новобаста аз он ҳама мушкилот бо саъю кӯшиши мутафаккирони барҷастаи тоҷику форс, адибону олимон ва дигар абармардони миллат то ҳанӯз пойдору мустақар боқӣ монд, ки боиси хушбахтии мо – соҳибзабонон аст. Ба вижа, дар замони шӯравӣ шоирону нависандагони машҳур, аз қабили Садриддин Айнӣ, Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон тавонистанд, ки ба воситаи нигоштаҳои хеш қадру манзалати забони модарии моро нигаҳ доранд. Маҳз бо талошу заҳматҳои фарзандони фарзонаи миллат 22 июли соли 1989 забони тоҷикӣ чун забони давлатии Тоҷикистони Шӯравӣ пазируфта шуда, дар ин бора санади дахлдор қабул гардид.

Бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо назардошти рушди ҷомеаи кишвар, бештар густаришу такомул додани забони тоҷикӣ зарурат пеш омад, ки санади нави ҳуқуқӣ қабул гардад. Ҳамин тавр, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида, аз ин пас ин сана дар саросари кишварамон ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Сипас, дар доираи чорабинии мазкур аз ҷониби мудири шуъбаи фарҳанг ва санъатшиноси Пажӯҳишгоҳ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир Фарзон Назрӣ таҳти унвони «Забони миллат- ҳастии миллат», ходими калони илмии муассиса Мунаввар Сафаров таҳти унвони «Нигоҳе ба таърихи забон» маърӯзаҳои илмӣ ироа гардид.

Дар бахши мубодилаи афкор доктори илми филология, профессор Қ. Хоҷаев, номзадҳои илми филология Д.Раҳимӣ, М.Ҷурғосиев, ходими калони илмӣ С.Мирзоев ва дигарон баромад карда, аз нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду такомули забони тоҷикӣ, роҳҳои ҳифзу гиромидошти он ва ғайра ибрози назар намуданд.

Дар охир, зимни ибрози сухани ҷамъбастӣ директори ПИТФИ А.Аминов ҳозиринро бори дигар ба муносибати ин ҷашни таърихӣ таҳният гуфта, таъкид дошт, ки агар ҳама гуна матолиби илмӣ бо забони давлатӣ бештар ба табъ расанд, баҳри густариши забони миллии мо айни муддао ва манфиатбахш хоҳанд буд!

                 Фарангиси Ф,

ходими калони илмии ПИТФИ

 

барчасп: