Анъанаи ӯсмакашии гулдухтарон дар фасли баҳор (дар мисоли ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ)

Баҳор  бо омаданаш  ба ҳар як мавҷудоти зиндаи табиат нерӯи тоза мебахшад. Дар васфи баҳор  шоирону нависандагон асарҳои бешуморе эҷод намудаанд. Воқеан,  баҳор фасли зебо ва арзандаи тавсифи шоирона аст, аз ин рӯ  ҳар қадар  дар васфи зебогии баҳор гӯем  кам аст, зеро баҳор мӯъҷизаофар буда, ҳар як соҳибқаламро водор менамояд, ки дар васфи баҳор эҳсоси худро баён намояд.                                                                                                                                                                                                                                                                                

 Иваз шудани  боду ҳаво, резаборон, баъзан раъду барқ  ва пайдо гардидани  тиру  камон аз худ дарак додани ин фасли  қабои                                               сабзпӯшро мебошад.  Шилдирроси чашмаҳову дарёҳои кӯҳсор гӯё хабари дубора зинда шудану баҳри ҳаёт мубориза бурдани сабзаю паррандагони мавсимиро хабардор месозад. Гулҳои худрӯе мисли   гули сияҳгӯш, бойчечак, гули лола ва дигар себаргаву рустаниҳо аз замин сар боло карда, боиси болидарӯҳии инсон гардида, гӯё  миёни худ суруду тарона мехонда бошанд,  ҷилвагар мешаванд. Чуноне ин манзара дар рубоии халқӣ  омадааст:

                            Себарга бигуфт, ки дар замин сабза манам,

                            Худ сабза бигуфт ҷавони пурғамза манам.

                            Садбарг бигуфт, ки лофи беҳуда мазан,

                           Тоҷи сари ошиқони пурғамза манам.

 

Зиндашавии табиатро  дида, бонувон низ бо як шавқу рағбати зиёд аз гиёҳҳои баҳорӣ  ҳар гуна таомҳои болаззат омода менамоянд.  Ин  гиёҳҳои баҳорӣ, ки дар аввали фасли баҳор мерӯянд, қосиди бедории табиатанд.  

Бо фарорасии  фасли баҳор ҳар минтақа дар баробари доштани ҷашну маросим боз анъанаҳои ба худ хосе дорад.  Масалан, дар деҳаи Навободи ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон анъанаи ӯсмакашии духтарон вуҷуд дорад, ки онро «навбатак»  мегӯянд.    Дар фасли зебои баҳор гулдухтарони деҳаи Навобод  дар як ҷо ҷамъ омада, барои баргузории ин анъана  машварат мекунанд. Анъанаи ӯсмакаширо ҳамарӯза духтарон то ба охир расидани шумораашон идома медиҳанд. Анъана шурӯъ мешавад дар хонаи яке аз ташкилкунандаи ин амал ва ҳамин тавр ҳар рӯз дар хонаи якдигар идома меёбад.

Тарзи баргузории ин анъана чунин аст: духтарон дар хонаи як нафар ҷамъ омада, даврашакл мешининанд.  Баргњои  тару тозаи  ӯсмаи парваришкардаи соҳибхонаро чида, дар ҷойи ҳарораташ мӯътадил то пажмурда шуданаш мегузоранд.  Сипас як нафар аз байни духтарон ӯсмаҳоро дар кафи дастонаш молиш дода, оби онро ба коса рехта ба иборае «усмаро об мекунад».  Чӣ қадаре, ки оби аз ӯсма хориҷшуда кафки сабзча дошта бошад, ҳамон қадар зебо ва сиёҳ дар абрувони духтарон нақш мебандад ва сабаби дар ҷои соярӯшан гузоштани  ӯсма низ маҳз ба хотири серкафк об кардани он мебошад.  Духтаре, ки  ӯсмаро об мекунад, то қатраи охирини оби дар таркибаш бударо фишӯрда, рӯи онро пӯшонида мемонад. Баъдан дар нӯги  гугирдчӯб каме пахта печонида, тавассути он ӯсмаи обкардашударо ба абрувонашон мемоланд. Ин амалро  духтарон ба ягон зани калонсол пешниҳод карда чунин мегӯяд: «хола шумо ба нияти нек сар кунед ва мо ҳам баъди шумо бо орзую нияти мисли шумо бадавлату хушбахт шудан мекашем».

Агар чунин зани калонсол ҳузур надошта бошад, ӯсмакаширо  худи ӯсмаобкун шурӯъ мекунад. Одатан, ҳар духтар кӯшиш мекунад, ки кафки рӯйи ӯсмаро дар мижгонаш молад, ин амал барои рафъи бемории чашм муфид аст. Дуюм, мижгонҳои рехташударо дубора рӯёнида  дароз  мекунад.Маъмулан, ӯсмаро духтарон  се маротиба мекашанд, ки ин «обмонӣ» ном дорад.

Баъди се маротиба ӯсма задан абрӯвон хушк мешавад, вақте духтаракон итминон ҳосил кунанд, ки абрӯвонашон хушк шудааст, қошу чашмашонро бо об мешӯянд, агар чашму абрувонаш сиёҳу зебо шуда бошад, аз ҳамин навъи ӯсма барои соли оянда аз соҳибхона гирифта, дар мазраъаи худ кишт мекунанд.

Ҳамин тариқ анъанаи ӯсмакашӣ миёни духтарони маҳаллӣ то имрӯз як ҷузъи  анъанаҳои фасли баҳорӣ маҳсуб меёбад, ки дар муқоиса ба маводҳои кимиёвӣ бамаротиб тозатару табиитар ва барои саломатии инсон манфиатовар мебошад.

 

Гулбибӣ Паҳлавонова

ходими калони

Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: