Шарафи ватандорӣ

Рӯзи 7-уми майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба муносибати 76-солагии рӯзи ғалаба музи мудаввар баргузор гардид. Ҳамоишро директори ПИТФИ номзади илмҳои филологӣ, Дилшод Раҳимӣ ҳусни оғоз бахшид. Зимни суханронии хеш ӯ таъкид намуд, ки ғалабаи ҶБВ на танҳо зафари мардуми рус, балки ғалабаи тамоми халқҳои собиқ иттиҳоди шӯравӣ аст. Аз ҷумла мардуми тоҷик дар ғалабаи ҶБВ бар фашизм хидматҳои арзанда кардаанд. Ҳазорҳо нафар фарзандони далеру шуҷои Ватан дар роҳи ин мубориза ҷони хешро дареғ надошта, дар муҳорибаҳо ҷон бохтаанд. Инчунин дар ақибгоҳ, ки бештар кӯдакону бонувон ва пиронсолон монда буданд, саҳми хеле калон гузоштаанд. Ӯ иброз намуд, ки ҳамасола дар мактабу муассиса ва идораҳо бахшида ба рӯзи ғалаба бо иштирокчиёни ҶБВ вохӯриҳо баргузор карда мешуд. Вале имрӯзҳо теъдоди онҳо хеле кам мондааст. Раҳимӣ Д. ёдовар шуд, ки «солҳои таҳсил дар аспирантура дар баробари ҷамъоварии маводи фолклорӣ бо намояндагони иштирокчии ҶБВ низ ҳамсуҳбат гардида, хотираҳои давраи ҷангии онҳоро сабт менамудам. Ва натиҷаи онро мақолае бо номи «Вохӯрии аскари тоҷик бо генерал Жуков» нашр намудам».

Баъдан тибқи барнома муовини директор оид ба корҳои методӣ Ш.Комилзода дар мавзӯи «Инъикоси Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар библиографияи тоҷик» суханронӣ намуд. Ш.Комилзода қайд кард, ки тибқи ҳисоботи Хонаи китоби Тоҷикистон соли 1941 850 номгӯи китоб дар мавзӯи ҶБВ нашр шудааст, ки 580 адади он бо забони тоҷикӣ буд. Ғайр аз ин аз он солҳо ҷанг мавзӯи мубрам ба ҳисоб рафта, аксари китобу маҷаллаҳо ва рӯзномаву лавҳаҳо инъикосгари он буданд. Масалан, дар 222 адад китобҳои бадеӣ мавзӯи ҶБВ тасвир ёфтааст, ки 47-адади он бо забони тоҷикӣ чоп гардида буд. Соли 1942 230 китоб, 33 лавҳа ва 42 варақа оид ба масъалаҳои ҳарбӣ рӯи чоп омад. Дар он давра 62 номгӯи рӯзномаҳо чоп мешуд, ки ҳамаи онҳо инъикосгари воқеии замони ҶБВ буданд. Вобаста ба ҶБВ ва ғалаба системаи феҳристу картотекаҳо ва дастурҳои библиографӣ аз ҷониби китобдорон тартиб дода шуд, ки дар оянда барои таҳқиқоти илмӣ кардан дар ин замина маводи аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт. Соли 2000-ум бо иштироки бевоситаи Ш.Комилзода дастур барои китобдорон таҳти унвони «Корнамоии ҷовидона» нашр гардидааст, ки дар он 148 номгӯи адабиёт бахшида ба ҶБВ оварда шудааст. Дар охири суханронӣ Ш.Комилзода пешниҳод намуд, ки дар давраи роҳбарии С.Сулаймонӣ аз ҷониби ПИТФИ дастури библиографии яке аз иштирокчиёни ҶБВ Тешабой Одилов чоп шуда буд. Хуб мешуд, ки дар оянда: дастури библиографӣ барои кормандони илмӣ-тадқиқотӣ; таҳия ва нашри дастури библиографӣ барои мактаббачагон ва дастури библиографӣ оид ба ҳар як қаҳрамон ё иштирокчии ҷанг барои доираи васеи хонандагон тартиб дода шавад.

Сипас, ходими пешбари илмии шуъбаи ВАО ва табъу нашр, доктори илмҳои филологӣ М.Муродӣ дар мавзӯи «Нақши аҳли қалам дар раванди ғалаба бар фашизм» суханронӣ кард. Ӯ иброз намуд, ки мувофиқи ҳисоботи оморӣ 300 ҳазор тоҷик дар ин ҷанг иштирок карда, 70 ҳазор нафарашон барнагаштанд ва 22 нафарашон бо Ордени шараф, 66 нафар унвони Қаҳрамони советиро сарфароз гаштанд.

Дар ҷараёни суханронӣ М.Муродӣ қайд намуд, ки дар пеш бурдани раванди ҷанг ва ғалаба ба даст овардан саҳми аҳли қалам низ хеле назаррас буд. Дар давраи ҷанг тамоми эҷодкорон навиштани асарҳои калонҳаҷмро як сӯ гузошта, ба таълифи асарҳои публитсистӣ рӯ оварданд. Ва онҳо матбуотро майдони ҳосили қалами худ қарор доданд. Мавзӯъҳои асосии публитсистӣ, ки фарогири марҳилаи ҶБВ буд, пеш аз ҳама аз – огоҳонидани мардум аз ҷанг; тарғибу ташвиқи корнамоиҳои диловарони ҷанг ва танқиду мазаммати фашизм иборат буд. М.Муродӣ баён дошт, ки албатта, ҳар як ҷанг ҷиҳати манфии худро дорад ва ҶБВ чунин буд. Вале дар баробари ин ҷиҳати мусбаташ дар он буд, ки қувваҳоро ба ҳам муттаҳид кард. Ғалаба мақсаду мароми ягонаи ҳама гашт. Дар зимн ӯ чанде аз шеърҳои ҳаҷвии шоирони тоҷикро қироат карда таъкид намуд, ки гарчанде ин ашъор ҳаҷвӣ ва сода бошанд ҳам, барои ба даст овардани ғалаба таъсири хеле бузург гузоштаанд. Мардумро муттаҳид кунонида, нерӯи рӯҳонии онҳоро қавӣ гардонид.

Дар бахши мубодилаи афкор корманди шуъбаи илмӣ-методӣ, профессор Ҷ.Обидпӯр, ходими калони илмии шуъбаи фарҳанг ва санъатшиносӣ С.Мирзоев хотираҳои хешро аз вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҶБВ ва мушкилиҳои баъдиҷангиро қисса карда дар васфи ҷанг шеърҳо қироат намуданд. Чуноне Ҷ.Обидпӯр баён намуд, «гарчанде тамоми халқҳои СССР ғалабаро ба даст оварда буданд, вале душвориҳои аз ҷанг монда то охирҳои солҳои 50-ум идома ёфт. Шукр, ки имрӯз мардуми мо дар фазои сулҳу субот ва оромӣ умр ба сар мебаранд».

Бо суханони хотимавӣ директор Д.Раҳимӣ ҳамоишро ҳусни анҷом бахшид.      

  Носирова Лайло

барчасп: