Анонс: “Марвориди Шарқ” дар Осрхонаи миллӣ

19-уми ноябри соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии «Муассисаи давлатии коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов», бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Марвориди Шарқ» намоиши асарҳои рассом Наргис Ҳамидова баргузор мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон оғози намоиш соати 14:00 буда, вуруд ба он озод аст.
Наргис Ҳамидова аз ҷумлаи рассомони варзидаи кишвар буда, соли 1972 дар шаҳри Душанбе дида ба олам кушодааст.
Хатмкардаи Коллеҷи рассомии ҷумҳуриявии  ба номи М.Олимов мебошад.
Узви Иттиҳоди рассомони Тоҷикистон, иштирокчии намоишҳои зиёди асарҳои рассомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аст.