Activities calendar

11 ноября 2016

Ташаккули фарҳанги насли наврас

Китоб дар таърихи халқи мо ҷойи сазовореро мақом намуда, аз замонҳои қадим то ба имрўз барои ҳар фарди тоҷик ҳамчун яке аз арконҳои муқаддас шинохта шудааст. Китобу китобдорӣ пешаи қадимаи аҷдодони мост. Ниёгони мо ба китоб арҷгузорӣ намуда онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ менамудандва аз насл ба насл интиқол медоданд. Да ҳаёти рўзмарраашон ҳатто ҳангоми дар гаҳвора будани кўдак, баҳри рафъи ноҳинҷории ў китобро дар болои са-раш мегузоштанд, ки имрўз низ ин анъана дар аксари минтақаҳои тоҷикнишин давом дорад.

барчасп: 

Абёти Шашмақом

«Абёти шашмақом» рисолаи мусиқӣ оид ба «Шашмақом», ки охири асри XYIII  – ибтидои асри XIX дар Бухоро таълиф гардидааст.
Муаллифаш номаълум. Рисола сохт ва шакли анъанавӣ дошта, аз муқаддима ва шаш фасл иборат аст ва бо хати хонои настаълиқ ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Дар муқаддима тафсири муъҷази мусиқӣ чун илму санъат ва мавқеи он дар байни илм ва ҳунарҳои дигар, инчунин мақсади таълифи рисола зикр ёфтааст. Дар рисола (одатан дар ибтидо) аз соқиномаҳои классикони адабиёти форсу тоҷик порчаҳ

барчасп: