Activities calendar

13 декабря 2018

Ҳунари ҷомадўзи дар Истаравшан

Мардуми Истарвшан ҷомаро дар рўзҳои туй, маросими  аъзодорӣ ва дар хонаю кўча,  васеъ истифода мебаранд. Дар тани мардон ду навъи ҷома зиёдтар дида мешавад, ки якеро гадопўш ва дигареро шаҳпўш ном мебаранд, ҷомаи гадоӣ гуфта рангаш кабуди осмонӣ буда, аз сатин ва матоъи зира духта мешавад, дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ин намуди ҷомаи гадоиро дар фабрикаҳо истеҳсол менамуданд ва бо нархи арзон мефурўхтанд, инчунин ин намуди ҷомаро дар байни мардум то ҳол ҷомаи 5 сомона ном мебаранд.

барчасп: