Activities calendar

17 августа 2016

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Темур Зулфиқоров ба муносибати 80-солагии адиби маъруф

17-уми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров аввал телефонӣ дар тамос шуд ва ӯро ба муносибати 80-умин солгарди таваллудаш муборакбод кард.
Баъдан ин барқияи табрикотӣ низ аз номи Пешвои миллат интишор ёфт:

«Темур Қосимовичи азиз!

барчасп: 

Экспедитсияи мардумшиносӣ ва санъатшиносӣ дар Бадахшон ба анҷом расид

Як гуруҳи таҳқиқотии Пажуҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки бо фармони Вазири фарҳанг 16 рӯз саргарми корҳои пажуҳишӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон буд, ба Душанбе баргашт.
Ҳашт нафар кормандони шуъбаи эҷодиёти мардумӣ ва таҳлилӣ-методии Пажуҳишгоҳ, аз ҷумла Д. Раҳимов, Н. Қличева, А. Аминов, З.Холмуродов, Л. Носирова, Ш. Бердиева, П. Абдувоҳидов ва М. Ниёзова  ба ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рўшон ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  сафар карданд.

барчасп: