ҲАМОИШИ ФОЛКЛОРШИНОСОНИ ТОҶИК

Рӯзи 17.10.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба 100-солагии фолклоршиноси варзидаи тоҷик академик Раҷаб Амонов конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳамоишро директори ПИТФИ, номзади илмҳои филологӣ Абдулфатоҳ Аминов бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ карда, ташрифи меҳмононро ба ин ҳамоиш хайрамақдам гуфт. Ҳамзамон ӯ дастовардҳои ходимони илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷиконро дар риштаи фолклоршиносӣ ёдовар шуда,  қайд намуд ки дар самти гирдоварӣ ва омӯзиши эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик ходимони илмии пажӯҳишгоҳ бо ташаббус ва роҳбарии номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Сипас, тибқи барнома доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Равшан Раҳмонӣ дар мавзуи “Вазъи фолклоршиносии тоҷик дар замони истиқлол суханронӣ кард. Аз он ҷумла, Р. Раҳмонӣ қайд кард, ки истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи фолклоршиносӣ ва аз буҳрони фарҳангӣ баромадани мардуми тоҷик шароити мусоидро фароҳам овард. Боиси зикр аст, ки дар замони шуравӣ барои чопи мақола ё китобе маводи муаллиф аз тамоми сензураҳо гузаронида мешуд. Ин гуна талабот на ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқон имконият медод, ки дар соҳае озодона кору фаъолият намоянд. Ҳамчунин Раҳмонӣ Равшан зимни суханронии хеш иброз намуд, ки дар даҳсолаи аввали солҳои истиқлол дар илми фоклоршиносӣ фазои холӣ ба вуҷуд омада буд. Баъдтар, аниқтараш охири солҳои 90-ум нафароне пайдо гардиданд, ки барои рушду пешрафти соҳа ва пажӯҳиши фарҳанги мардуми тоҷик камари ҳиммат бастанд.

Баъдан ходими пешбари илмии Маркази мероси фарҳангии тоҷикон, номзади илмҳои филологӣ Шарофат Мирзоева таҳти унвони “Назаре ба фаъолияти илмӣ ва адабии академик Раҷаб Амонов суханронӣ кард. Мирзоева Ш. ёдовар шуд, ки устод Раҷаб Амонов яке аз симоҳои намоёни илму адаб ва фарҳанги тоҷик буда, бо осори арзишманду дарёфтҳои эҷодии худ дар рушди илми фолклоршиносии тоҷик хизматҳои шоиста кардааст. Инчунин ӯ дар бунёди мактаби фолклоршиносии тоҷик саҳми бузург дошта, яке аз ҷоннисорони фарҳанги мардумӣ шинохта шудааст.

 Тибқи барномаи конференсия маърӯзаи дотсенти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои филологӣ Саъдӣ Қосимӣ зери унвони “Васоити таълимии фанни фолклор дар замони истиқлол ироа гардид. С. Қосимӣ баён дошт, ки баъди аз истиқлоли давлатӣ дар кишвар барномаву дастурҳои методӣ ба талаботи нақшаи таълими муассисаҳои олии ҷумҳурӣ мутобиқ гардонида шуданд. Ҳамзамон васоити таълимии фанни фолклори тоҷик низ ба танзим дароварда шуд. Аввалин дастуру барномаҳои таълимие, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба нашр расидаанд “Фоклори тоҷик” (Чалишев С., 1993), “Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ” (Раҳмонӣ Р., 1999), “Фолклори тоҷик” (Раҳимӣ Д., 2009) ва амсоли инҳо мебошанд, ки дар таълими донишҷӯён аз фанни фолклори тоҷик маводи арзишманде ба шумор мераванд. Дар суханронии хеш С. Қосимӣ пешниҳод намуд, ки истилоҳоти “фолклор”, “эҷодиёти даҳонакӣ”, “адабиёти шифоҳӣ” бо муродифи “адабиёти гуфторӣ” иваз карда шавад. Албатта, ин масъалаест, ки адабиётшиносону забоншиносон ва фоклоршиносон метавонанд дар ҳамкорӣ матраҳ намоянд. Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир дар китобҳои дарсӣ жанрҳои фолклорӣ бо шаклу намуд ва дараҷаҳои мухталиф таснифоту тақсимот шуда истодаанд, ки аз ҳамкории мутақобила надоштан ва гуногун будани назари муҳаққиқони соҳа дарак медиҳад. Ҷиҳати манфии масъала дар он аст, ки донишҷӯ вақте назарҳои гуногунро дар таснифи як жанр мушоҳида менамояд, ин ба сардаргумӣ ё чандфикрӣ рӯ ба рӯ мешавад. Хуб мешуд, ки бархе аз масъалаҳои илми фолклоршиносии тоҷик ба таври бояду шояд мавриди баррасӣ қарор гиранд. Чунин иқдом метавонад дар рушду тараққии соҳа ёрӣ расонад.   

Ҳамчунин мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикон, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ таҳти унвони “Дастовардҳо ва мушкилоти фолклоршиносии тоҷик дар асри ХХI суханронӣ намуд. Зимни суханронӣ Д. Раҳимӣ қайд кард, ки дар замони муосир нуқтаи назари олимону муҳаққиқон нисбати илми фолклоршиносӣ дигаргун шудааст. Методҳои нав барои омӯзиши соҳа истифода мешаванд, ки ин барои рушди фолклоршиносии тоҷик низ метавонад таъсири худро гузорад. Чунки фолклор тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Аммо дар баробари ин мушкилоти зиёдеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки барои пешрафти соҳа монеа эҷод кардаанд. Яке аз онҳо нарасидани мутахассисони соҳавӣ мебошад. Имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷавонон доир ба омӯзишу таҳқиқи фарҳанги мардум камтар шудааст. Барои рушд додани илми фолклоршиносии тоҷик бояд сафарҳои хидматие, ки махсуси фолклорнависӣ мебошад, зиёдтар карда шавад. Ҳамчунин байни муассисаҳое, ки ба пажӯҳиши эҷодиёти шифоҳии мардуми тоҷик сару кор доранд, ҳамоҳангсозии мутақобила ба роҳ монда шавад.  

Вобаста ба барномаи ҳамоиш котиби илмии пажӯҳишгоҳ Носирова Лайло дар мавзуи “Саҳми Раҷаб Амонов дар таҳқиқ ва тадвини афсонаҳои тоҷикӣ” маърӯза ироа кард. Ӯ баён намуд, ки академик Р. Амонов дар тӯли фаъолияти беш аз 40-солаи хеш дар қатори жанрҳои гуногуни фолклорӣ ба жанри афсона низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати гирдоварӣ ва таҳқиқу таҳияи он кӯшидааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар таҳия ва интишори силсилакитобҳои “Афсонаҳои халқи тоҷик” нақши Раҷаб Амонов хеле назаррас мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифт, ки меҳмонон ва иштирокдорон – оид ба вазъи кунунии илми фолклоршиносии тоҷик ва фаъолияти пурсамари академик Раҷаб Амонов дар рушду такомул бахшидани фарҳанги мардуми тоҷик андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар охир директори пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои филология А. Аминов бо сухани хотимавӣ ҳамоишро ҳусни анҷом бахшида, дар фаъолияти илмию таълимии иштирокдорон комёбиҳо таманно намуд.     

 

Носирова Лайло

котиби илмии ПИТФИ

барчасп: