Чанд сухан перомуни ҳунарҳои анъанавии мардона дар кишвар (дар асоси маводи мардумшиносӣ аз Муъминобод, Дарвоз, Темурмалик, Мастчоҳи Кўҳӣ ва Хуросон)

Омўзиши вазъи фаъолияти шахсони ҳунарманд дар ин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ барои эҳёву муаррифӣ намудани намунаҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ва рушди он мусоидат мекунад. Зеро ба ин восита мо метавонем ҳунармандони асилро, ки тўли солҳои зиёд дар як кунҷи деҳе ё шаҳраке бо ҳунари аҷдодии хеш машғуланд, муаррифӣ намоем ва аз боби фаъолият ва натиҷаи маҳсули дасти эшон чанд сухан гуфта бошем. Хушбахтона, баъди эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар идомаи он эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бештари ҳунармандони ба гўшаи фаромўшӣ рафта ва шогирдони онҳо, яъне ҳунармандони ҷавон дар арсаи ҷумҳурӣ ва ҳатто берун аз он аз худ дарак дода, пешаашонро то имрўз идома дода истодаанд.

Дар натиҷаи сафарҳои хидматии солҳои 2019-2020 дар як қатор шаҳру деҳоти Тоҷикистон мо бо ҳунармандони варзидаву соҳибтаҷриба ва шогирдони навомўзи онҳо дар бораи касбу ҳунарашон мусоҳибаҳо анҷом додем, ки мавзўи суҳбат ҷараёни фаъолият ва кору пайкори эҷодии ҳунармандонро дар бар мегирифт. Ҳангоми экспедитсия ба шаҳру ноҳияҳои Муъминобод, Темурмалик, Мастчоҳи Кўҳӣ, Дарвоз ва Хуросон ҳунарҳои табақтарошӣ, кандакорӣ, гаҳворасозӣ, ҷувозкашӣ, осиёббонӣ, рассомӣ дар болои чўб ва амсоли инҳоро ба қайд гирифтем. Ҳар як ҳунарманде, ки бо мо ҳамсўҳбат мегардид, аз раванди кори хеш маълумоти муфассал дода, намунаи дастранҷашро ҳамчун маҳсули заҳматаш муаррифӣ менамуд.

Пешаи аз ҳама густардаву ташаккулёфта ва серталаби мардуми тоҷик санъати чўбкорӣ мебошад. Дар заминаи пешаи чўбкорӣ ҳунарҳо кандакорӣ, гаҳворасозӣ, табақтарошӣ, созтарошӣ (дутортарошӣ, рубобтарошӣ, тортарошӣ), катсозӣ ва ғайра ба вуҷуд омадаанд. Маҳсулоти ҳунарҳои номбурда баҳри истифода ва таъмини эҳтиёҷи одамон аз ҷониби ҳунармандони хушсалиқа таҳия мегарданд. Зеро анвои маснуоти пешаҳое, ки дар боло зикр гардид, дар ҳаёти рўзмарраи мардуми тоҷик корбурди  васеъ доранд. Масалан, табақтарошӣ аз ҷумлаи ҳунарҳои чўбкорӣ буда, барои тайёр кардани он, асосан, мардон шуғл меварзанд. Азбаски табақ дар фарҳанг ва зиндагии маишии тоҷикон аҳамияти махсус дорад, омода кардани он дар аксари навоҳии ҷумҳурӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Чуноне ки ишора гардид, ин ашёи рўзгорро дар водии Рашт, минтақаҳои Кўлобу Бохтар, Бадахшон ва водии Ҳисор бисёртар истифода менамоянд. Ба ҳамин хотир ҳунармандони табақтарош дар ин ҷойҳо ҳамарўза ба тарошидану омода кардани табақҳои гуногун сару кор доранд. Яке аз чунин ҳунармандони соҳибистеъдод, ки табақҳои сохтааш аз табақҳои ҳунармандони дигар бо чанд ҷиҳат тафовут дорад, Каримов Эмомалӣ Ҷалилович (с.тав. 1961), сокини кўчаи Ҳасан Зарифи ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик мебошад. Ин марди ҳунарманд бо истифода аз тахайюли бою рангин ва диди ҷадидаш табақҳои шаклан дигаргунро сохта пешкаши мизоҷон мегардонад. То ҷое, ки мушоҳида намудем, дар тайёр намудани табақ ҳунарманди мавсуф заҳмати зиёде мекашад, то маҳсулоташ хушсифату диққатҷалбкунанда бошад.

Ҳунарманди дигаре, ки бо сабаби истифодаи васеи мардум аз табақ рў ба табақатрошӣ овардааст, сокини ҷ.д. Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод Набиев Ғаффор (с.тав. 1950) мебошад. Вай ин касби аҷдодиро то имрўз идома дода истода, дар навбати худ ба фарзандонаш меомўзонад. Ҳунарманд сифатан хуб тайёр кардани табақҳояшро дар ашёи хоми истифодашаванда меҳисобад. Мувофиқи иттилои ин табақтарош, агар ҳангоми инкишофи дарахт дар ягон ҷои он мех зада бошанд, бо мурури замон аз ҷои сўрохии ҳамон оби борон даромада, як миқдори муайяни дарахтро сиёҳ мекунад ва ҳангоми табақтарошӣ кафидани он аз эҳтимол дур нест. Барои ҳамин интихоби дарахт барои истеҳсоли табақи хушсифат аҳамияти калон дорад. Агар чўби дарахт бенуқс бошад, табақ ҳамон қадар зиёд хизмат мекунад.

Масалан, падари ман дар як сол 10-12 табақ метарошид, – мегўяд усто. Ин як-якуним моҳро дар бар мегирифт, вале бо нархи арзон, 30-40 сомонӣ фурўхта мешуд. «Дар деҳаи мо усто Мирзо ном табақтароше буд, ки зимистони дароз чўбро дар об тар карда, фасли баҳорон онро ба хару ароба бор карда бурда дар як мавзеи муайян (наздикии об) табақ тарошида баъди тайёр шудан боз ба деҳа оварда мефурўхт» – иброз дошт Каримов Эмомалӣ.    

Дар об тар кардани чўбе, ки барои сохтани табақ пешбинӣ шудааст, ҳатмист. Вақте ки чўб дар об хуб тар шавад, каҷ намешавад. Аксари устоҳои пешина тамоми зимистон чўбро дар об тар карда мемонданд ва дар тобистон онро тарошида ба шакли табақ меоварданд. Бо сабаби нархи арзон доштан ва талаботи зиёд устоҳои имрўза бештар вақт муддати чанд рўз ё ҳафта чўбро тар карда, табақ месозанд. Албатта, ин қабил табақҳо умри кутоҳ дошта, зуд мекафанд ва ё каҷ мешаванд.

Аз ин бармеояд, ки заҳмати зиёди тўлонӣ ҳосили хубу босифат дода, ки саросемакорӣ ва арзиши нисбатан арзони маҳсулот ҳунармандро ба бесифат сохтани маснуот оварда расонидааст.

Равиши табақсозӣ чуни наст: дар кундачўб давраи табақро аввал кашида, баъд онро дар ҳаҷми муайян месозанд ва дарунашро бо теша кофта, бо искана ҳамвор мекунанд. Тибқи гуфтаи вай агар тамоми амалҳои табақтароширо тавассути асбобҳои дастӣ анҷом диҳанд, меҳнати он бо нархи табақ баробар шуда наметавонад. Вақте ки аз дастгоҳҳо гуногун истифода мекунанд, заҳматаш камтар буда, вақти на он қадар зиёдро мегирад. Масалан, солҳои пеш бо вуҷуди мушкил будани ҳунари табақтарошӣ бар ивази нархи он ҳатто як килограмм гўшт харидан ғайриимкон буд.

Ҳангоми кор кардан агар табақи нимтарошро дар ҷои шамолрас монем он зуд мекафад ва меҳнати ҳунарманд бар абас меравад. Барои ҳамин ҳам табақи навро бояд дар ҷое нигоҳ дошт, ки аз шамол эмин бошад. Баъзеҳо табақро дар об ва чанде дигар дар даруни аррамайда  нигоҳ медоранд. Дар об нигоҳ доштан афзалтар аст, чунки чўби он қабат ба қабат мустаҳкам шуда, зичиаш бештар мешавад. Ягон усто бидуни дидани ҷараёни табақтарошӣ аз уҳдаи анҷом додани ин кор намебарояд. Бояд якчанд маротиба ба кори устоҳо дигар назар афканад ва бинад, ки онҳо ҳар як амалро чи гуна иҷро мекунанд.

Вобаста ба чўбаш табақро равған карда нигоҳ медоранд. Агар чўб чӣ қадар дар об тар карда шуда бошад, як ҳафта равған молида нигоҳдорӣ кардани он басанда аст. Вале агар камтар тар карда бошанд, бояд бештар дар ҳоли равғаншуда нигоҳ доранд, то ки накафад.

Аксари табақтарошон онро аз чўби дарахтҳои ғафсу мустаҳкам омода мекунанд. Масалан, дарахти тут чарс ва тезтар мекафад, вале кам нестанд, устоҳое, ки аз он табақ натарошанд. Чормағз аз ҳама дарахти пурқувват буда, дар сохтани бисёре аз асбобҳои рўзгор мувофиқ аст. Ҳатто мувофиқи гуфтаи табақтарошон табақе, ки аз дарахти чормағз сохта шудааст 50-60 сол умр дорад. Он дар натиҷаи дар об нигоҳ доштан оҳиста-оҳиста сиёҳ мешавад. Баъзе харидорон гумон мекунанд, ки усто онро ранг кардааст. Гарчанде ранги табақ сиёҳ шавад ҳам, аммо сифати он нисбати табақҳои дигар хубтар аст.

Ҳангоми тайёр намудани табақ бошад, ҳар як усто аз каҷкорд – бо шаклу андозаҳои гуногун, арра, фона, суян ва имрўзҳо аз дастгоҳҳои махсуси тарошандаву суфтакунанда, ки то андозае кори онро сабук мегардонад, истифода мекунад.

Аз давраҳои пеш табақро барои хўрдани ҳама гуна таомҳо истфода мебаранд, танҳо имрўзҳо баробари пайдоиши зарфҳои гуногуни таомхўрӣ истифодаи онҳо маҳдудтар гаштааст. Аммо калонсолони деҳотҳо ҳоло ҳам ҳангоми тановули аксар хўрок аз табақи чўбинӣ васеъ истифода менамоянд.

Дар даҳсолаи охир дар таҷрибаи табақтарошӣ баъзе дигаргуниҳо ба назар мерасад. Гулпартоӣ намудани табақҳо аз анъана баромад, зеро тоза нигоҳ доштани табақ нақшҳо мувофиқ набуданд. Аммо табақҳое, ки маҳсули дасти Набиев Ғаффор мебошад, гулкорӣ набуда, балки бо дигар тарзу восита онҳоро ороиш дода шудааст.

Гаҳворасозӣ ҳам ба гурўҳи ҳунарҳои чўбкорӣ шомил буда, худи гаҳвора ҳамчун бистари тифлҳо ба шумор меравад. Аз рўзҳои аввали таваллуди кўдак занони тоҷик гаҳвораро барои хобу фароғати тифл истифода менамоянд. Қобили зикр аст, ки аз гуфтаи ҳунармандон гаҳвора барои тандуруст ва хушандом ба калон кардани тифл аҳамияти калон дорад. Ҳангоми дар гаҳвора хоб кардан сар ва дасту пойи кўдак аз каҷ шудан эмин мебошад.

Ҳунари гаҳворасозиро дар тамоми деҳотҳои Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Чунки он ҳамчун ҷойгаҳи асосии ҳар як кўдак ба ҳисоб меравад. Бахусус дар шаҳру ноҳияҳои калонтар фаъолияти ҳунармандон бештар дида мешавад. Тавре ки аз натиҷаи сафари хидматии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон маълум гардид, дар ин ҷо ҳам қисме аз мардон ба таҳияи намунаҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ машғуланд. Аз ҷумлаи миёни пешаҳои мардона гаҳворасозӣ низ арзи ҳастӣ мекунад. Дар ҷараёни экспедитсия бо ҳунарманди гаҳворасоз Хоҷаев Иброҳим Исломович (с.тав. 1963, сокини ноҳияи Муъминобод) ҳамсуҳбат гардида, дар бораи фаъолияти гаҳворасозиаш маълумоти муфассал гирдоварӣ намудем. Тибқи гуфтаи ҳунарманд дар ин минтақа танҳо худи вай ба гаҳворасозӣ машғул буда, мардуми деҳоти атрофро бо маҳсули дасташ таъмин мекардааст. Гаҳвораҳое, ки аз ҷониби Иброҳим Хоҷаев омода мегарданд, мисли гаҳвораҳои ҳунармандони дигар бо як тарзу услуб сохта мешавад.

Гаҳвораҳои сохтаи ҳунарманд аз қисмҳои зерин иборат аст: хаммоник, даста, баракӣ, болосарӣ, шамшерак, таҳакӣ (таҳкӣ) – таги гаҳвора, сиба. Тибқи иттилои ҳунармандон, дар анъанаи гаҳворасозииар минтақаи Кўлоб ҷои сиба ҳатман бояд маҳкам карда шуда бошад.

Чуноне ки Иброҳим Хоҷаев иброз дошт, бо сабаби мавриди васеи истифода қарор доштани маҳсулоти номбурда ин ҳунарманд то ҳол гаҳворасозӣ менамояд. Аз касби интихобкардааш розӣ буда, таъкид намуд, ки «ман хеле шодам, ки ҳунар дорам ва ба ин восита метавонам оилаамро аз ҳама ҷиҳат таъмин намоям». Бузургон беҳуда нагуфтаанд: «Ҳунар омўз к-аз ҳунармандӣ, даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ».

Дар ҳақиқат,  ин ҳунарманд тавассути касби интихобкардааш ҳам сатҳи зиндагиашро беҳтар мегардонад ва ҳам дар намоишу чорабиниҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ бо як ифтихору қаноатмандӣ иштирок менамояд ва маҳсули дасташро ба дигарон муаррифӣ менамояд. Ин ҳунарманд гаҳвораро асосан аз чўби бед месозад, зеро ба гуфтаи вай гаҳворае, ки аз ин чўб сохта шудааст, умри дарозтар дорад. Ҳатто барои намуна дар хонааш гаҳвораеро нигоҳ доштааст, ки умри 130 сола дорад. Яъне як гаҳвора метавонад то ба се, чор насл хизмат кунад.

Дар гаҳвора нақшу нигореро тасвир менамоянд, ки ҳар кадом рамзу маънии махсусро ифода карда, бо ҳаёти минбаъдаи кўдак алоқаманд аст: хўшаи гандум –баракат, сериву пурӣ, чўбаки таги гаҳвораро ҳатман аз чўби санҷид ё хуч месохтанд, ки ин хусусияти хоси худро дорад. Ранги ин намуди чўб сурхчатоб аст ва мевааш ҳам ранги сурх дошта, дорои донаҳои зиёд аст, бо нияти сурхрў ва пурбаракат шудан аз ин чўб истифода мекунанд. Сафедор, ар-ар, сиёҳтирак, девдор ҳамааш аз оилаи ҳамин бед буда, барои сохтани гаҳвора хеле мувофиқ аст.

Дар масъалаи нархгузории гаҳвора харидор чи қадар нархе монад, фурўшанда розӣ мешавад. Вале бо вуҷуди нархи арзон доштан гаҳвора солҳои зиёд ба наслҳои хонадон хизмат мекунад. Мувофиқи гуфтаи калонсолони деҳоти Муъминобод солҳои пештар гаҳвораро бар ивази чорпо: ягон буз ё гўсфанд харидорӣ менамудаанд. Дар ин мубодила нархи чорпо муҳим набуд, агар ба усто маъқул мешуд, гаҳвораи сохтаашро бар ивази ҳамон мол медод.

Ғайр аз ин ҳунарманди мавсуф сандуқ, оштахта, чува ва дигар ашёи рўзгорро, ки аз чўб сохта мешавад, барои таъмини ниёзи мардуми маҳаллӣ омода мекунад. Фарзандонаш ҳамчун шогирд дар сохтани гаҳвора ва ашёи дигар ба падар-устодашон кўмак мерасонанд ва дар навбати худ ин касби аҷдодиро дар ҷараёни ёрӣ расонидан аз худ мекунанд.

Ҳар як ҳунар вобаста ба имконияти корбурд ва талаботи мардуми маҳаллӣ дар ҳар минтақа бо ҳар гуна роҳу восита ва сабаб рушду инкишоф меёбад. Оҳангарӣ ҳам яке аз ҳунарҳои фаъол ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти тоҷикон  назар ба ҳунарҳои дигар мавқеи бештареро ишғол кардааст. Азбаски мардуми деҳотҳои кишвар ба касбу кори гуногун машғуланд дар мавридҳои зарурӣ зуд-зуд аз асбобҳои оҳанӣ истифода мекунанд. Навъҳои мухталифи асбоби оҳанӣ мансуб ба касби оҳангарӣ буда, онҳоро оҳангарон дар шароитҳои гуногун омода менамоянд.

Мувофиқи иттилои муҳаққиқ Холмуродов Зафар дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон, бахусус, Истаравшан ва Ашт ҳунари оҳангарӣ бештар ба назар мерасад. Ва дар ҳақиқат дар ин минтақа навъҳои зиёди асбоби рўзгор – корд, қайчӣ, оташдони оҳанӣ (печка); олоти меҳнат – дос, табар, теша, оҳани ҷуфт, каланд, бел ғайра ва ҳатто асбобҳои нисбатан калонтар – қисмҳои техникаҳои хоҷагидорӣ, обёрӣ, ва монанди инҳо сохта мешавад. Дар ноҳияҳои дигар бошад, вобаста ба талаботу имконияти мардуми маҳаллӣ ҳунари оҳангарӣ дар ҷое камтар ва дар ҷои дигар бештар густариш ёфтааст. Бахусус барои мардуми кўҳистон ин ҳунар хеле зарур дониста шуда, бидуни он ба корҳои хоҷагидориву рўзгордорӣ машғул шудани одамони минтақаҳои кўҳӣ ғайриимкон аст.

Дар ноҳияи Дарвоз низ бо сабаби дастрасӣ пайдо кардани мардум ба олотҳои даркорӣ пешаи оҳангарӣ ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи экспедитсия ба ин ноҳия оид ба ҳунари оҳангарӣ ва ҷараёни фаъолияти ҳунармандон огоҳӣ пайдо намудем. Давлатов Орзумуҳаммад (с.тав. 1961), сокини деҳаи Умарак, ҷ.д. Қалъаи Хумб ба оҳангарӣ сарукор дошта, онро ҳамчун пешаи аҷдодӣ қадр менамояд ва дар тамоми фаслҳои сол барои мардуми маҳаллӣ асбобҳои заруриашонро сохта, пешкаш менамояд. Давлатов Орзумуҳаммад хуб медонад, ки агар мавсиме коргоҳаш аз фаъолият кардан боз истад, мардум аз набудани бархе асбоби оҳание, ки дар зиндагиашон ба кор мебаранд, азият мекашанд. Ба хотири осон гардонидани кори одамон ин марди оҳангар шабонарўз дар коргоҳаш нишаста бо кўмаки фарзандону шогирдон (Давлатов Карим ва Давлатов Раҳим ) ба сохтани ҳар гуна асбоби рўзгор вақти хешро сарф ин ҳунар мекунад. Аз асбобҳои сохтаи вай тамоми мардуми деҳ розӣ буда, дар баробари таъмин намудани ашёи хом онҳо ба қадри имкон бо додани маблағе ҳаққи хизматашро низ ба ҷо меоранд. Дар мавриди дастрасии ашёи хом худи ҳунарманд иброз дошт, ки: «солҳои пеш, аниқтараш баъд аз барҳам хўрдани колхозу совхозҳо дарёфт кардани ашёи хом осон буд. Вале солҳои охир, сафи харидорони оҳанпора афзудааст, маҷбур бар ивази пули муайян метавон ашёи хомро харидорӣ намуд». Ин навъи мубодила дар фаъолияти аксари ҳунармандони тоҷик вомехўрад, ки ҳатто боиси даст кашидан аз пешаи писандидаи бархеи онҳо гардидааст. Чунки на ҳар ҳунарманд тавони харидани ашёи хом ва бо нархи арзанда фурўхтани маҳсулоташро дорад.

Дар масъалаи дигаргун кардани техникаи корӣ бошад, ҳунарманд то ҷое аз навгониҳои замона дар раванди оҳангариаш истифода менамояд. Яъне як қисми корро баъзе дастгоҳҳои хурди барқӣ иҷро менамоянд.

Дар муқоиса бо шаҳру навоҳии дигар дар Дарвоз ҳунари оҳангарӣ нисбатан бо тарзу услуби қадимӣ боқӣ мондааст. Ҳатто дар бораи он нақлу ривоятҳо ва давоҳои зиёде миёни мардуми деҳот мавҷуд аст, ки то имрўз одамон ба он такя намуда, дар мавридҳои зарурӣ ба кор мебаранд.

Пешаҳои сангиосиёбтарошиву осиёббонӣ низ бо ҳам робитаи наздик дошта, дар якҷоягӣ ҳар кадоме вазифаи муайянро иҷро мекунанд. Сангиосиёбтарошӣ аслан ҳунаре мебошад, ки марбут ба омода намудани як қисмати асосии осиёб аст. Ягон осиёби анъанавӣ (яъне обӣ) бидуни санги махсусе, ки сангтарошон тайёр мекунанд вуҷуд дошта наметавонад. Чунки санги осиёб барои орд кардани донагиҳо вазифаи муҳимро мебозад. Ду санге, ки ба дастгоҳи осиёб насб гардидааст, ба воситаи онҳо донагӣ ба орд табдил ёфта аз сўрохии махсуси байни сангҳо ба дўл мерезад.

Осиёб коргоҳи хурди истеҳсолӣ буда, дар он гандум орд карда мешавад. Инчунин донагиҳои дигар орд омода мекунанд, ки дар мавридҳои зарурӣ аз он истифода менамоянд. Чунки орд аз ғизоҳои зарурӣ ва арзишмандтарини мардум ба шумор меравад. Одатан дар кўҳистон осиёб тавассути об фаъолият мекунад, яъне осиёби обӣ маъмул аст. 

Мастчоҳи Кўҳӣ низ ба ҷумлаи ноҳияҳои дуртарин маҳсуб ёфта, дар ин ҷо ҳунари осиёббонӣ то ҳол идома дорад. Тибқи маълумотҳо аз замонҳои пеш дар ин ҷо орд намудани донагиҳо тавассути осиёби обӣ сурат мегирифт. Ҳатто дар ҳар як деҳаи он 5-6 осиёб мавҷуд буд. дар шароити имрўза низ дар деҳаҳои Мастчоҳи Кўҳӣ осиёби обиро мушоҳида кардан мумкин аст. Зеро мардуми маҳаллӣ ҳамасола ҳосилашонро гирдоварӣ намуда, ба осиёб бурда орд мекунанд ва ба ин васила захираи хўрокиашонро таъмин менамоянд. Бештари осиёбҳои ин минтақа таърихи тўлонӣ дошта, солҳои зиёд ба мардум хизмат кардаанд ва аксарашон азнавсозӣ шуда, боз вазифаашонро идома дода истодаанд. Азбаски дар ин ҷо пешаи осиёббонӣ мавҷуд аст, бархе аз осиёббонон ба тарошидани санги он машғуланд.

Ҳоло дар яке аз деҳаҳои ин ноҳия – Мадрушкат осиёби калонтарин амал мекунад, ки мардуми деҳаҳои дигар низ аз он истифода менамоянд. Кори осиёбро устои ботаҷриба бобои Ғоибназар бар уҳда дошта, наберагонашро барои кўмаку омўхтан ҳамеша дар наздаш нигоҳ медорад. Чунки осиёббонӣ пешаи аҷдодии онҳо ҳисоб меёбад. Маҳз кўшишу талошҳои ин марди серғайрат буд, ки то имрўз дар як деҳаи дурдаст ҳунари осиёббонӣ ва сангиосибтарошӣ арзи ҳастӣ мекунад. Ба монанди ҳунармандони пешаҳои дигар ҳаққи хизмати осиёббононро ҳам бар ивази ягон маҳсулот ё қисми муайяни орд бароварда мекунанд.

Азбаски дар замонҳои қадим мубодилаи пулӣ қариб ки вуҷуд надошт, маснуоти тайёрнамудаи ҳунармандон тариқи доду гирифти (мубодилаи) ягон ашё ё маҳсулоти дигар (ба монанди чорпо, маводи хўрока ва ғайра) сурат мегирифт. Дар шароити кунунӣ низ дар баъзе деҳотҳои Тоҷикистон одамон бар ивази ашёи хом маҳсулоташонро аз ҳунармандон дастрас менамоянд. Чунки аксари ҳунармандон маҳсули дасташонро бо пули ночиз ва барои мардум дастрас ба фурўш мегузоранд.

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат қатъи назар аз минтақа бештари касбу ҳунарҳои анъанавӣ аз нав эҳё ва рушду такомул ёфта истодаанд.   

Акобир АБДУЛЛОЕВ

ходими калони илмӣ

                                            

барчасп: