Ҳунарҳои мардумӣ: ЧАКДОНСОЗӢ

Дар замонҳои пеш вақте ки семент набуд, мардум регро бо хоки сафед шўрида мезаданд, ки он қадар босифат намеомад. Ҳоло семент аз ҳар ҷиҳат барои мустаҳкам шудани чакдон мусоидат мекунад. баъди регро дар чакдон задан, сементро бо об маҳлул мекунанд, бо ибораи худи онҳо тунукова  карда мешаканд. Ҳамин тариқ се рўз ва ё зиёда аз он вобаста аз боду ҳаво, хушк мешавад, дар баъзе ҷойҳо рўяшро бо ягон чодар мепўшонанд, ки танаҳои девори чакдон ҷо-ҷо накафад. Бинобар ҳамин чакдонро амалан, дар тирамоҳ ё баҳор месозанд, чунки дар тобистон аз гармии зиёди фасли гармо чакдон мекафад

Тафсири раванди чанкдонсозӣ ва маъруфияти он дар мисоли ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 

Чакдон ва танўр аз муҳимтарин васоити маишати рўзгори халқи тоҷик аст. Ҳар як инсон дар зиндагӣ ба инҳо эҳтиёҷ дошта,  аз инҳо ба таври васеъ истифода мебарад. Чакдонро бештар дар вилояти Хатлон ва водии Рашт истифода мебаранд, аммо дар минтақаи Рашт бо номи дегдон маъруф аст.  Сокинони ин мавзеҳо, ки аксаран ба пухтани нони тунук (чаппотӣ) ва нони ғафс (гирдача) машғуланд, барои пухтани ин намуди нонҳо чакдон хеле мувофиқ аст.  Ноҳияи Восеъ низ аз зумраи он ноҳияҳоест, ки чакдонро ба таври васеъ истифода мекунанд, бо итминони комил гуфта метавонем, ки дар ҳар як хонадони ноҳияи мазкур ин навъи ҳунарро ҳамагон арҷгузорӣ мекунанд.

Чакдонсозӣ яке аз ҳунарҳои анъанавӣ буда, аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Ҳоло ҳам миёни мардуми кўҳистон анъанаи он роиҷ аст. Ба ин касб бештар занон таваҷҷўҳ доранд. Чунки худи онҳо дар зиндагии хонаводагӣ ба нонпазӣ машғуланд. Гуфтан бомаврид аст, ин ҳунари чакдонсозиро қариб ҳамаи занҳои кўҳистонӣ анҷом дода метавонанд, инчунин, ҳастанд заноне, ки дар чакдонсозӣ маҳорат доранд ва барои сохтани чакдон ба хонаҳо даъват мешаванд. Ҳангоме, ки зани чакдонсоз ба сохтани чакдон машғул мешавад, бевосита келин ва ё духтарони соҳибхона ба ў ёрӣ мерасонанд ва дар рафти чакдонсозӣ нозукиҳои ин касбро меомўзанд. Ҳамин тариқ бо усули «устод ва шогирд» аз насл ба насл гузашта, инкишоф ёфта истодааст.

Чакдон ду намуд мешавад: чакдони чуқтак (росто, яъне рост истода пўхтан) ва чакдони заминӣ.

Барои сохтани чакдони чуқтак дар мадди аввал, ҷои ҳамворро интихоб мекунанд ва ё ба лаҳҷаи мардумӣ онро дар аловхона месозанд. «Аловхона» ҷои махсусе аст, ки дар он нону таом мепазанд. Нахуст, заминро ба андозаи паҳноияш 1-метр чуқурияш 20 -см гирд мекобанд. Баъди заминро кофтан, гирд ба гирд хишти пухтаро монанди девор аз 80- см то 1-метр мечинанд. Дар замонҳои пеш вақте ки хишти пухта набуд, одамон аз лой истифода мекарданд. Лойро шўрида, сум мезаданд, сипас як рўз дам мепартофтанд. баъди дам хўрдани лой        гирд ба гирд-конусшакл паҳноияш 20-30 см девор мезаданд. Ҳоло аз хишти пухта истифода мебаранд, ки барои хушк шуданаш он қадар вақти зиёд сарфа намешавад. Агар девори чакдон аз лой тайёр карда бошад, барои хушк шуданаш  вақти зиёд лозим аст.  Чи тавре гуфтем чакдонро конусшакл месозанд, аз поён ба боло хиштҳояшро мечинанд, ки дар як чакдон аз 120 то 130 дона хишт меравад. Аз поёни чакдон як сўрохии тақрибан 15Х15 см барои ҳаводароӣ мегузоранд, ки онро мўҳрӣ (мўрӣ) меноманд. Қисмати болояшро монанди ҳалқа каме тангтар мекунанд, ки як рафидаи нонбандиро озод дароварда-бароварда шавад. Агар даҳони чакдон каме тангтар бошад, оташе, ки дар вай афрўхта мешавад ҳангоми нонпазӣ, ҳамааш ба боло нарафта ба ақиб баргашта фазои чакдонро гарм карда, барои нонпазӣ омода мекунад.

Чуқурие, ки дар аввал дар таги чакдон канда буданд, регу сементро омехта карда, дарунашро пур мекунанд. Баъди девори чакдон омода ва хушк шудан, бо як тешача аз дарун ҷойҳо зиёдатияшро зада ҳамвор мекунанд. Сипас лойро бо коҳ омехта карда мешўранд. Баъди ин лойро  дам медиҳанд, ки дар натиҷа лой турш мешавад. Лойи каме обаш паридаро лунда-лунда карда, ба миқдори 1.5-2 см. аз дарун панҷакашак карда, андоваи тунук мекунанд, ки онро сияҳгул меноманд. Яъне, андова карда, танаи чакдонро ҳамвор мекунанд. То он даме, ки каме рутубаташ хушк шавад. Баъди нимхушк шудан, регро бо семент омехта карда, аз дарун дар танаи чакдон мешаканд. Агар регро аз соҳили дарё гиранд, чакдон тафсон, яъне пушти чакдон ниҳоят гарм мешавад, ки ҳезум кам истифода карда мешавад.
           Дар замонҳои пеш вақте ки семент набуд, мардум регро бо хоки сафед шўрида мезаданд, ки он қадар босифат намеомад. Ҳоло семент аз ҳар ҷиҳат барои мустаҳкам шудани чакдон мусоидат мекунад. баъди регро дар чакдон задан, сементро бо об маҳлул мекунанд, бо ибораи худи онҳо тунукова  карда мешаканд. Ҳамин тариқ се рўз ва ё зиёда аз он вобаста аз боду ҳаво, хушк мешавад, дар баъзе ҷойҳо рўяшро бо ягон чодар мепўшонанд, ки танаҳои девори чакдон ҷо-ҷо накафад. Бинобар ҳамин чакдонро амалан, дар тирамоҳ ё баҳор месозанд, чунки дар тобистон аз гармии зиёди фасли гармо чакдон мекафад Баъди ин рўзҳо як санги ҳамворро дар об тар карда, аз дарун оҳиста-оҳиста мемоланд, ки суфта шавад. Сипас, бо пораи латтаи тар танаи чакдонро мешўянд, ки ҳамон гарду сементҳои танаи чакдон тоза шавад. Ин амалро се рўз давом медиҳанд. Ҳангоме ки чакдон хушк шуд, танааш сафед мешавад сипас  равғани яхии гўсфанд ва дар баъзе минтақаҳо зардии тухм мемоланд, ки дар вақти нон пўхтан сангрезаҳои чакдон дар пушти нон начаспад. Вале ба андешаи мо «равған» дар фарҳанги мардум  рамзи фаровонӣ аст. Чи хеле ки дар  маросими «ҷуфтбаророн»  ба шохи гов ва юғу испор равған мемоланд, ки соли бобарор ва фаровон шавад.

Сипас, хасу хошокро ба дарунаш андохта дуд мекунанд,  болои чакдонро  мепўшанд, ки дуд аз лабу даҳонаш барояд. Ин корро ҳам се рўз такрор мекунанд. Чакдон, ки пурра хушк шуд, навбати кундаалов мешавад. Кундаҳои калонро ба дарунаш андохта як рўз оташи баланд меафрўзанд. Худи ҳамон рўз баъди чакдон тайёр шудан, нони чапотиро дар чакдон мебанданд. Зани чакдонсоз Мирзошоева Санифамоҳ (соли тав.1970,д. Қурбоншаҳид,ҷ.д. Гулистон ) мегўяд: «Нонҳои аввалин бор пўхта шударо ба наздикону ҳамсоягон садақа мекунем. Нони аввалини чакдонро «чакдонвадрак» дар баъзе минтақаҳо «дегдонвадрак» мегўянд. Мафҳуми «вадрак» шояд «бадарак» бошад, яъне дар ба дар тақсим карданро мегўянд.

Дар мавриди чакдон, бовару эътиқоде ҳаст, агар кўдаке бемор шавад ё инҷиқӣ кунад, дар як коса яке аз шахсони калони хонадон дуои дам мехонад. Ва косаи обро дар гирди чакдон 2-3 бор давр мезанонанд, баъд оварда ба кўдак менўшонанд, ки кўдак шифо меёбад.

Чакдони заминӣ монанди чакдони росто сохта мешавад, фарқияташ дар он аст, ки мўрӣ (муҳрӣ) надорад. Ва барои сохтани чакдон фақат заминро ба андозаи 1х1 мекобанд.

Талабот ба ин навъи ҳунар ва ашё дар ҳаёти рўзмарраи тоҷикон бештар мебошад. Ин ҳунари чакдонсозӣ  метавонад бо шаклҳои нав ҳамеша дар рушду нумўъ бошад.

Зафар Холмуродов
мудири бахши фарҳанги ғайримоддии
Маркази мероси фарҳангии тоҷикон

барчасп: