Ҳунари шерозбофӣ дар Бадахшон

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо шерозбофӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадима буда, ҳар халқу миллат сабки хоси худро дошт, ки намунаҳои мухталифи он то ин дам ба рўзгори мо расидаанд. Махсусан барои мардуми кўҳистон шероз мавқеи муҳим дорад.

Дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ як ҷузъи дигари сару либос-шероз маъмулу машҳур аст, ки бо нақшҳо ва мавриди истифодаи худ дар санъати гулдўзӣ мавқеъи хос дорад. Шерозбофӣ қадимитарин навъи санъати халқӣ буда, дар аксари минтақаҳои кишвар аз замонҳои қадим аз муҳимтарин бахши ҳунари занона ба ҳисоб рафта, дар ҳар як минтақа онро бо шаклу намудҳои гуногун мебофанд.

Шероз (ҷиҳак) вобаста ба таъйинот, дарозиву бар ва нақшу нигораш фарқ мекунад. Онро одатан барои ороиши доман, гиребон ва остини сару либоси занонаву мардона, тоқӣ, ҷиҳози рӯзгор (чойхалта, оинахалта, шонадон ва ғайра) истифода мебаранд
Шерозбофӣ аслан шуғли хонагӣ буда, барои ороиши сару либос ва дигар васоили зиндагӣ истифода мешавад. Таърихи шерозбофӣ хеле қадимӣ буда, то ба замони мо омада расидан ва равнақу такомули касби бофандагӣ аз инкишофи тадриҷии ин ҳунар шаҳодат медиҳад.

Дар аксари ноҳияҳои кишвар ҷараёни бофтани шероз аз риштаҳои рангоранг дар дўкони махсус сурат мегирад. “Шерозаҳо аз риштаҳои сурху сиёҳ аз 3 ё 5 рах бофта мешуд. Нақши серахаро “секука” ё “кирмак” ва панҷрахаро “чашми булбулак” меномиданд. Дар шерозбофӣ нақшҳои ислимӣ, занҷира, тасвири гулу мева, моҳу ситора ва ғайра ба назар мерасад. Нақшҳоро дар ҷо-ҷои шероз дар масофаи муайян ба воситаи риштаҳои ранга анҷом медоданд. Баъзе занҳои хушсалиқа ҳангоми бофтани шероз маҳсулоташонро мувофиқи завқ бо тасвирҳои гулу баргҳо ва навиштаҷотҳо оро медоданд.
Дар ноҳияҳои Бадахшон бошад, шерозро бо дарафши (“сих”) махсус дар рўйи матоъи сафед (суф, сон) бо ресмонҳои пахтагӣ, абрешимӣ ва нахҳои заррину нуқрагин гулдўзӣ мекунанд. Дар гулдӯзии шероз анъанаҳои қадими нақшҳои мураккаби ҳандасӣ, аз қабили тўморӣ, шона, ислимӣ ва ғайра нигоҳ дошташуда, ҳар нақш ба мазмуни маҳсулот мувофиқ аст. Имрўз бошад, ин амалро мошинҳо ва ё дастгоҳҳои махсус иҷро мекунанд.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо шерозбофӣ аз ҳунарҳои нафис ва такмилёфтаи санъати қадима буда, ҳар халқу миллат сабки хоси худро дошт, ки намунаҳои мухталифи он то ин дам ба рўзгори мо расидаанд. Махсусан барои мардуми кўҳистон шероз мавқеи муҳим дорад
Аз замонҳои пеш мардум дар ноҳияҳои кўҳӣ сару либоси худро бо шерозҳои гуногун зебу зинат медиҳанд, ки ин анъана то ба имрўз идома дорад. Тадриҷан вобаста ба тарзи зисту зиндагӣ, шароити маҳал ва урфу одати мардуми Бадахшон навъи ҳунари шерозбофӣ низ дар ҳар маҳал равияи хос пайдо кардааст. Чун ҳунари гулдўзиро ҳар як зани тоҷик хуб медонад ва услубу сабки худро дорад, ин ҳунар дар давоми қарнҳо дар ҳар ноҳия бо шаклҳои гуногун инкишоф ёфт.

Дар бораи ҳунари шерозбофӣ дар китобу мақолаҳои мўҳаққиқону пажўҳишгарон борҳо сухан рафтааст. Аз он ҷумла, дар китоби «Тоҷикони водии Хуф» бостоншинос Андреев М.С. муфассалтар дар бобати ороиши либоси занони водии Хуф маълумот дода, мегӯяд, ки онҳо анъанаҳои қадими истифодаи ороиши сару либосро дар худ нигоҳ доштаанд. Дар Хуф занон одатан шерозаҳои на чандон зиёде, ки куртаҳои бойҳоро зеб медод, бо симҳои нуқрагӣ бо номи «нохунак» гулдўзӣ мешуданд. Ороиши чунин шерозаҳо «садафигиребон» номида мешуданд. Ин гуна ороиш фақат барои иддае аз одамон дастрас буд, чунки арзиши онҳо баробар ба як барзагов ё гови ширдеҳ буд
Дар замони муосир низ ҳар як ҳунарманд мувофиқи шароити иқтисодӣ ва завқу табъи худ шерозаҳои гуногунро барои оро додани сарулибо сомода мекунад.
Мардуми кўҳистон бешта рсарулибос, азҷумла пироҳан, хилъат, камзўлҳо, тоқиҳои кўдаконаву занона, мардона ва ғайраро бо шерозҳои гуногун ороиш медиҳанд. Ҳунари шерозбофии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рўшон, Шуғнон, Роштқалъа қариб як хел сурат мегирад. Дар ин ноҳияҳо шерозро бо як тарз омода мекунанд. Дар ноҳияҳои номбурда асосан шерозаи бари доман ва остинҳову ҳошияи гиребон тасмашакл бо нақшаҳою шаклҳои мутаносиби реза гулдӯзӣ мешаванд.

Дар ноҳияҳои кўҳистон мисли дигар минтақаҳо шерозаро барои бофти либосҳои мардона ва занона, инчунин тоқӣ, дастбандҳои хурд (чойникпўшак ва дигар ашёҳо) истифода мекунанд. Дўхти онҳо ба тарзҳои борикшакл ва васеъ анҷом дода шудаанд. Нақшҳои шероза бошад, бо шаклҳои геометрӣ гуногунранг ва нишонаҳои семантикиро дар худ доро мебошанд
Тавре дар китоби Н. Юнусова
«Гулдўзии тоҷикӣ» (1979) ишора шудааст: «Дар кўҳистон асосан шаклҳои оддии геометрӣ маъмуланд, ки баъзан мураккаб ҳам мешаванд»
Гулдастахонум Музофирова (сокини ш.Хоруғ) аз ҷумлаи ҳунармандоне мебошад, ки дар тайёр намудани шероз ҳамто надорад. Дар ҷараёни мусоҳиба маълум гардид, ки ў шерозҳои ноҳияи Ишкошимро низ таҳия мекардааст. Ў тасвирҳоро худаш офарида рангҳоро низ худаш интихоб менамояд. Хусусан ҳангоми таҳияи шерозҳои Вахонӣ тасаввуротам дар бораи ояндаи ҳунари шерозбофӣ рангину гуворо мегардад. Ин амал хеле нозуку мураккаб буда, аз ман маҳорати баландро талаб мекунад”-иброз дошт ў.

Мутаассифона, кам нестанд имрўз шерозаҳое, ки ба воситаи дастгоҳҳои махсус таҳия шудаанд. Дар ҷараёни сафари корӣ шерозаҳои фабрикавиро низ вохўрдем, ки бо он либосҳои миллии мардуми Бадахшон оро дода шуда буд. Ҳангоми сўҳбат яке аз ҳунармандони шаҳри Хоруғ чунин иброз намуд: «Мо дар ҷашну маросимҳоямон барои либосҳои миллӣ шерозҳои корхонаиро истифода намекунем, танҳо ҳангоми ягон ҷашни бузург, ки теъдоди зиёди одамон иштирок мекунанд ва имкони сари вақт омода намудани шерозҳои дастбоф барои ҳамаи онҳо нест, мо аз бозор шерозҳои тайёрро дастрас менамоем».

Ҳунарманди дигаре, ки ба бофтани шерозҳои дастӣ сару кор дошт, Майнобегим Каримова (сокини деҳаи Хидорҷиви ноҳияи Роштқалъ) мебошад. Ў дар шароити хона ба таҳия намудани ин ҳунар машғул буда, бештар нақшу нигори табиат, рамзҳои қадимии ориёӣ ва акси гулу барги дарахтонро таҷассум менамояд. Ҳадафи асосии ў дар он аст, ки шерозаҳои хубу босифатро пешкаши харидорон кунад ва ба ин васила касбу ҳунари хешро берун аз кишвар муаррифӣ намояд.

Дар ноҳияҳои Роштқалъ, Шуғнон ва Рўшон гарчанде шероз ҷузъе аз сару либос маҳсуб ёбад ҳам, на ҳамаи занону духтарон ба омода кардани он машғуланд. Сабаби пойдор мондани ин ҳунар бошад, танҳо анъанаи ҳатман ороиш додани либоси ҳар як фард ва таваҷҷуҳи мардуми маҳаллӣ ба он аст. Хусусан тоқиву куртаҳои бо шероз ороишёфтаро дар ин ноҳияҳо дар иду маросим, ҷашни арўсӣ ва ҳамарўза васеъ истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз дар ин ҷойҳо ҳунармандон то ба имрўз бо ин касб машғул буда, онро сайқал дода истодаанд.

Дар аксари ноҳияҳои Бадахшон аз замонҳои пеш навъҳои зиёди нақши шероза маълум аст, ки намунаҳои беҳтарину маъмултаринашон инҳоанд: аноргул, аштак, барг, бодом, гулгулак, ислимӣ, каҷак, лола, садбарг, себарга, булбул, оташ, моҳуситора ва ғайра. Нақшҳои бофтаи ҳар як шероз хусусияти хос дошта, вобаста ба таъйиноти худ фарқ мекунанд. Махсусан нақшунигори шерозҳои ноҳияи Ишкошим хеле ҷолиб буда, услуби худро доранд.

Ҳунари шерозбофии Ишкошим аз дигар ноҳияҳо вобаста ба тарзу тариқаи зиндагӣ ва макон ба куллӣ фарқ дорад. Хусусан дар водии Вахон шероза нисбатан паҳнтар буда, тасвири нақши он низ гуногун аст. Ҳунари шерозбофии мардуми ин водӣ ба авҷи такомул расида, сабку услуби хоси миллиаш аз қадимулайём маълуму машҳур аст.

Нақшу нигори шерозҳои ҳозира бо нақшу нигори дигар ноҳияҳои Бадахшон омезиш наёфтааст. Шерозҳои мардуми ноҳияи Ишкошим (махсусан водии Вахон) аслан шакли паҳнтар дорад. Қисми болои матоъ мисли дигар ноҳияҳои Бадахшон гулдӯзӣ карда шудааст. Дар гулдӯзии ин навъи шероз бештар нақшҳои ҳандасӣ ва баъзан нақшҳои табиӣ гулнусха ё баргнусха ба кор мераванд. Дар шерозҳои ин ноҳия ҳар як ранг ҷой ва маънии махсуси худро дорад. Ҳатто дар шерозҳои замонавӣ ҷобаҷогузории нақшҳоро дучор омадан мумкин аст, ки онҳо ба мавзўъҳои анъанавии қадим бисёр аҷиб омезиш меёбанд.

Сокини деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошим, зани фарзонаю заҳматкаш, Ҷаҳоннамо Байрамбекова қариб тамоми умри худро барои бофтани шерозҳои мардонаву занона сарф намудааст. Ў ҳангоми сўҳбат тарзи тайёр кардани шерозро ба мо чунин шарҳ дод: “Шероз аз ришта ва матоъи оддӣ иборат аст. Матоъро росткунҷа бурида, ба воситаи дарафшак (сихак) бофтанро шурўъ мекунем. Дар давоми бофтан нақшҳои дилхоҳро гулпартоӣ мекунем». Ҷаҳоннамо Байрамбекова нақлашро давом дода қайд мекунад, ки: «камарбанде,ки мардону занони Ишкошим аз болои куртаи миллӣ ба бар мекунанд, бо усули шерозбофӣ тайёр карда мешавад».

Заминаи шерозаҳои тайёрнамудаи ин ҳунарманд аз матоъи сафед ё сабзи якранг буда, болои он бо дарафшак гулкорӣ шудааст. Ҳангоми мусоҳиба маълум гардид, ки шерозҳои мардона паҳнтар ва занона бошад, бориктар дўхта мешудааст. Камарбандро низ мисли шерози тоқӣ мебофанд.

Дар Ишкошим камарбандро “кымарбанд”меноманд. Бино бар ин ғайр аз шероз дар ноҳияи Ишкошим камарбанд низ таҳия мекунанд, ки ин маҳсулот ҳам мисли шероз дўхта мешавад. Шерозе, ки барои камарбанд омода мегардад, нисбат ба шерози тоқӣ паҳнтар буда, андозааш ҳам дарозтар аст. Асосан се дона шерози дарозиаш гуногунро медўзанд, баъди тайёр кардан онҳоро ба ҳамдигар васл мекунанд. Дар ин ноҳия аксари ҳунармандон барои омода намудани шероза малакаи ғании хешро моҳирона истифода мекунанд.

 Ҳунари шерозбофии мардуми Бадахшон пайваста инкишоф ёфта, дар баробари ҷамъ намудану намоиш додани ҳунарҳои санъати ороиши амалӣ ба гирдовардан, омўхтан ва тарғибу ташвиқ намудани санъати гулдўзии тоҷик нақши муҳим мебозад.
Лайло Носирова