Дувоздаҳмақом дар китобҳои қадим

Наҷмуддини Кавкабӣ дар баёни мавзӯъи фаслҳои рисолааш донишу таҷрибаи хуби эҳсоси ҳунариашро ба кор бурда, дар тавзеҳи бисёр муаммоҳои мусиқӣ (мақомҳо) назари нави тавсифиро пеш овардааст. Ин рисолаи шаклан манзуму насрӣ аз манобеъи нодири назарӣ, бадеӣ, зебоишиносии мусиқӣ буда, дар рушди тафаккури назарию бадеии мусиқии асрҳои баъдӣ нақши мондагор гузоштааст.
Дувоздаҳмақом, ки аз маъруфтарин мусиқиҳои классикии тоҷик мебошад, аз қадимулайём таваҷҷуҳи пажуҳишгарон ва олимонро ба худ кашида буд. Дар бораи ин навъи мусиқии суннатӣ даҳҳо рисолаҳои илмӣ иншо шудаанд, ки “Дар баёни дувоздаҳмақом” яке аз онҳо мебошад.
“Дар баёни дувоздаҳмақом”-ро муаллифи он Наҷмуддин Гавҳарии Кавкабии Бухороӣ (ваф. 1535) меномад. Ин асар дар асри 16 иншо шудааст. Он рисолаи манзуму мансур буда, аз муқаддима (наср) ва ҳафт фасл (боб) таркиб ёфтааст ва бо хати натаълиқи хоно дар Бухоро китобат шудааст. Дар муқаддима ҳадафи нигориши рисола, тафсири мӯъҷази ҳар мақом, таркиботи он (шӯъбаҳо, овозҳо ва гӯшаҳои мусиқӣ) қаламдод шудааст.
Дар фасли аввал, ки «Дар баёни нағмаҳои шӯъбаҳо» ном дорад, бештар масоили сохт, тартиби 12 мақом (парда), 24 шӯъба, иртиботи ин таркибот, ҷанбаҳои бадеию зебоишиносии онҳо дар ҳамоҳангӣ ба мавқеи ҷойгиршавиашон (дар адвори маъмула) тафсир шудаанд. Кавкабӣ мавқеъ, тартиби ҷойгиршавии мақомҳоро чунин ба назм овардааст:

Раҳовӣ шуд мақому шӯъбаи ӯ,
Ту «Наврӯзи Араб»-ро аз «Аҷам» ҷӯ
Зи «Наврӯзи Араб» шаш нағма ҷӯӣ
«Аҷам»-ро ҳам зи шаш нағма бигӯӣ.
«Ҳусайнӣ» шуд, мақом, эй некахтар,
Зи нав омад «Дугоҳу» ҳам «Муҳайяр».

Фасли дуввум  «Дар баёни шаш овоза» номида шудааст ва муаллиф дар он дар бораи шаш овоза (Гавашт, Ноя, Салмак, Гардуния, Шаҳноз, Наврӯз), аз шохаҳои муҳими савтияти мақомҳо ба шумор меравад, маълумот медиҳад. Дар фаҳмиши таркиботи мақомҳо дар рисолаҳои мусиқии асрҳои XYI-XYII тафсиру маънидоди онҳо гуногун сурат гирифта, дар осори манобеи мусиқии ин асрҳо бештар равиши баррасии фалакии мақомҳо шоеъ аст. Аз ин нигоҳ дар боби саввумДар баёни нағмаҳо, ки аз дувоздаҳ бурҷ аст» мавзӯъи истихроҷу пайванди таркиботи мақомҳо бо 12 бурҷи фалакӣ дар иртибот тавсиф шудааст.

Кавкабӣ аз усул, раванди тафсирии мақомҳо (тавсифи фалакӣ) дур нарафта, ин мавзӯъро дар ҳамбастагӣ ба диди фалакӣ тавзеҳ медиҳад.
Муаллиф дар фасли чаҳорум - «Дар баёни усули мухталифа» вазну зарб ва усулҳои мусиқиро мавриди баҳс қарор дода, афкору андешаҳои мухталифи хешро бо образҳои рангини шеърӣ баён намуааст:

Гӯям адади усулҳо боз,
Ҳафдаҳ баҳр аст, эй хушовоз.
Баҳре, ки қабули ҳар кас омад,
Он баҳр бидон «Мухаммас» омад.
Баҳре, ки бинои авҷу паст аст,
Он баҳр бидон, ки «Туркзарб» аст.

Дарки маҷмӯъи мақомҳо ва таркиботи он (оваза, шӯъбаю гӯшаҳояш бо дигар шохаҳои созию овозӣ) дар амалиёти мусиқӣ аз муҳимтарин усули фарогирии мақомҳо маҳсуб шуда, муаллиф дар фасли панҷум -«Дар донистани дувоздаҳмақом, бистучаҳор шӯъба ва шаш овоза» аз равиши дарки маҷмӯъ, тарз ва усули иҷрою эҷоди таркибҳои созию овозӣ, дарки қавонини устодонаи мақомҳо ва ғайра ибрози назар намудааст.
Дар ин фасл Кавкабӣ чун донандаи номвари маҷмӯъи устодонаи мақомҳо дар иртибот ба таҳаввулоти эҷодию иҷроии асрҳои XYI-XYII Мавароуннаҳру Хуросон ба хулосаҳои назарию зебоишиносии  мусиқӣ дастёб шудааст.
Чунонки пайдост, ки дар маҷмӯъи даврии мақомҳо шаш овоза аз шохаҳои муҳими назарию амалӣ маҳсуб шуда, равиши эҷоди амалии 12 - мақом ва таркиботи он ба ин қисми мақомҳо (овозаҳо) дар иртибот буда ва ин ҳамсонӣ дар Фасли шашум -«Дар баёни он, ки шаш овоза дар дувоздаҳ мақом бошад» давоми мантиқии фасли панҷум буда, хусусияти хоси шаш овозаро, ки ҳар яке ба ду мақом марбут аст, тахлил менамояд.
Дар фасли ҳафтум - «Дар баёни таркиботи мақомҳо» бештар тавсифи шаш овоза, ҳафдаҳ баҳру усулҳои мусиқӣ, таносуби ҳамсонии мавзӯӣ, оҳангӣ, тараннумӣ, хатти ягонаи иртиботи бадеию зебоишиносии маҷмӯи даврии мақомҳо тавсиф шудаанд.
Пайдост, ки муаллиф дар баёни мавзӯъи ин фасл ҳам донишу таҷрибаи хуби эҳсоси ҳунариашро ба кор бурда, дар тавзеҳи бисёр муаммоҳои мусиқӣ (мақомҳо) назари нави тавсифиро пеш овардааст. Ин рисолаи шаклан манзуму насрӣ аз манобеи нодири назарӣ, бадеӣ, зебоишиносии мусиқӣ буда, дар рушди тафаккури назарию бадеии мусиқии асрҳои баъдӣ нақши мондагор гузоштааст.

Адабиёти мавриди истифода:

Наҷмуддин Кавкабии Бухороӣ, Рисолаи мусиқӣ, Рисола дар баёни дувоздаҳмақом, таҳия таҳқиқи А. Раҷабов, Д., 1985;
Нағмаи ниёгон, таҳияю таҳқиқи А. Раҷабов, Д., 1990;
Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1 Д., 1988; Мусиқинома, маҷ. «Ҳунар ва мардум», ш. 135, Теҳрон, 1346.

барчасп: