Майсара Дилдорова-ҳунарманди нотакрор

Майсара ДИЛДОРОВА, ин сарояндаи мумтоз ва овозхони нотакрор соли 1944 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон дида ба олам кушодааст.
Майсара Дилдорова аз ҷумлаи ҳунармандонест, ки миёни мардум шуҳрати бемисл дорад.
Фаъолияти ҳунариашро соли 1955 дар дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёнаи ба номи С. М. Кирови шаҳри Хоруғ оғоз намудааст. Аз соли 1960 сароянда ва ҳунарманди Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров буд.
Аз услуби миллии мактаби сарояндагии мардуми Бадахшон баҳра бардоштааст. Истеъдоди сарояндагии ӯ махсусан дар иҷрои сурудҳои лирикӣ зоҳир гардид. Барномааш бой ва гуногунмавзӯъ буда, сурудҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, қазоқӣ, озарӣ, русӣ, арабӣ, афғонӣ, ҳиндӣ, эрониро дар бар мегирад.
Беҳтарин сурудҳои Майсара Дилдорова «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст» (оҳанги Қудратулло Яҳёев, шеъри Маҳмадалишо Ҳайдаршо), «Иди зафар» (оҳанги Зидуллоҳ Шаҳидӣ, шеъри Мирсаид Миршакар), «Хоруғи зебо» (оҳанги Ф. Солиев, шеъри Маҳмадалишо Ҳайдаршо), «Милая Мама» (суруди русӣ, оҳанги Ляшко), «Байрам Галур» (суруди халқии озарӣ), «Ситораҳо», «Моҳи Шуғнон» (оҳанги К. Шоискандаров, шеърҳои Маҳмадалишо Ҳайдаршо) ва ғайра мебошанд.
Майсара Дилдорова инчунин дар саҳнаи Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ як қатор нақшҳои хотирмон бозидааст. Аз ҷумла, Гулқурбон («Тошбек ва Гулқурбон»-и Мирсаид Миршаккар), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло), Гулбаҳор («Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ), Ситора («Бахти шумо бахти ман аст»-и Мирсаид Миршакар), Латофат («Тӯй»-и Самад Ғанӣ) ва ғайра мебошанд.
Хизматҳояш бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва унвони Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1985) қадр шудаанд.

барчасп: