Интишорот

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал...

Ҳазору сиву ҳафт сол пеш дар ин рӯз нобиғаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омада буд.

Ибни Синоро дар Ғарб Авитсенна меномад ва ӯ бузургтарин пизишк, табиатшинос, файласуфи асрҳои миёна буд. Вай тавонист донишҳо дар бораи анатомия ва тиббро, ки инсоният дар тӯли таърих ба даст овардааст, ба ҳам орад. 

барчасп: 

Шариф Комилзода: Нашрияҳои илмии Пажуҳишгоҳ дар Китобхонаи илмии электронии Русия сабти ном хоҳанд шуд

Директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ахиран аз як сафари хидмативу омӯзишӣ аз шаҳри Маскав баргашт. Бо чанд савол дар мавриди ин сафар ба ӯ муроҷиат кардем.

- Ҳадафи сафар чӣ буд?

- Дар оғоз бояд гӯям, ки сафари хидмати ба пойтахти давлати Русия – шаҳри Маскав

барчасп: 

Инъикоси таърихи сиёсии Мовароуннаҳр, Хуросон ва Эрони нимаи аввали садаи XVI дар «Ҷаҳонкушои хоқон»

«Ҷаҳонкушои  хоқон»  ё  «Таърихи  шоҳ  Исмоил»  маҳсули  қалами  муаллифи номаълуми  нимаи  аввали  асри  XVI,  аз  минтақаи  шимолу  шарқии  Эрон  мебошад. Муаллиф худ шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳои тасвирнамудааш аст, ки асари хешро дар миёни солҳои 948-955 ҳ.қ./ 1541 - 1548 иншо намудааст. Арзиши  таърихии  ин  рисола  дар  он  аст,  ки  муаллиф  вақоёи  таърихии нимаи аввали садаи XVI-ро, ки дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрон  рух додаанд, чун  шоҳиди  воқеӣ  баён  мекунад.  «Ҷаҳонкушои  хоқон»  фарогири  шавоҳиди мушаххаси таърихиест

барчасп: 

Баҳси забони матбуот дар китоби пажуҳишгари тоҷик

Дар давоми зиёда аз сад соли охир, ки матбуоти тоҷик арзи вуҷуд дорад, забони матбуот низ ҷузъи муҳими забони адабӣ гардидааст, яъне дар маҷрои инкишофи забони адабии тоҷик рўзноманигорӣ равияи нисбатан навест, ки дар ибтидои
қарни гузашта ба миён омада такмил ёфтааст ва чун як ҷанбаи хосаи услубиёти забон тадриҷан шакл мегирад.

Ҳарчанд дар солҳои охир забони матбуот дар байни олимони забоншинос ва умуман

барчасп: 

Нигоҳе ба бозтоби равобити фарҳангии Тоҷикистону Афғонистон дар матбуоти тоҷик

Дар мақола равишҳо ва роҳҳои ташаккул ва инкишофи робитаҳои фарҳангии
Тоҷикистону Афғонистон ва инъикоси онҳо дар матбуоти даврӣ таҳқиқ ва таҳлил
шуда, омилҳо ва равишҳои асосии равнақи ҳамкориҳои фарҳангии ин ду кишвар дар замони истиқлол муайян гардидааст. Муаллиф дар заминаи таъсир ва нуфӯзи омилҳои муҷовират, санахияти таърихӣ ва фарҳангӣ шаклгирӣ ва тавсеаёбии ҳамкориҳои судманди фарҳангиро миёни кишварҳои ҳамҷавор дар замони истиқлоли Тоҷикистон дар зминаи маводи матбуоти тоҷик таъйид намудааст.

барчасп: 

Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими фарҳанги миллӣ

Ба тасвиб расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» (27-уми июни соли 1997, дар шаҳри Маскав) ҳамчун саҳифаи дурахшоне дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик сабт гардид.
Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати сеюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, 26-уми июни соли 2000-ум чунин зикр намудааст: «Ҳар касе ниҳолеро сабзонда бошад,

барчасп: 

Нигоҳе ба зиндагиномаи Ҳаким Тирмизӣ

Муаррихон зикр намудаанд, ки Ибни Арабӣ аз гуфтаҳои Ҳаким Тирмизӣ ба ғоят таъсир пазируфтааст ва рисолае бо номи “Ал-ҷавоб-ул-мустақим анмо саала анҳу ат-Тирмизию-л-Ҳаким” низ доштааст. “Таъсири ирфон пас аз худ то замони Ибни Арабӣ бисёр андак будааст, аммо Ибни Арабӣ ва пайравонаш ба вижа дар масъалаи вилоят ва хатми вилоят ба шиддат аз вай таъсир пазируфтаанд”

барчасп: 

Фарҳанги мардумӣ омили худшиносии миллӣ

Дар ноҳияи Ашт чиликбозиро «алакбозӣ» ё «алакӣ-момокӣ», ланкабозиро «парбозӣ», мурғобишикорро «лаптабозӣ», подшоҳбозиро «кӣ ҷаллод?» ва ҷабпаракро «ҳамваҷаб», лухтакбозиро «ағобозӣ», сангчабозиро «қуйдбозӣ», сурсураконро «галабозӣ», гӯшмолакро «гӯшталобак» меноманд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ин аст, ки имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар марказҳои ҳунарҳои мардумӣ фаъолият намуда, дар он наврасону ҷавонон барои

барчасп: 

Страницы