ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУТТАҲИДКУНАНДАИ МИЛЛАТ
Чоп шуд: 11/06/2026Мароҳили расидан ба ҳувият ва ё худшиносии миллӣ дар ҳар кишваре ҳар гуна сурат мегирад. Миллате ба он тайи чанд даҳсола мерасад ва барои дигаре ҳам сад сол ҳанӯз басанда нест. Дар касби ҳувият як рукни хеле муҳим - маориф нақши бориз дорад. Маърифат аст, ки афроди ҷомеаро чашм мекушояд ва онҳоро мусаллаҳ бо донишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ месозад, то ҷиҳати расидан ба ормонҳои миллӣ талош варзанд...








