Аз ҳамшираи шафқат то дорбози сирк
Чоп шуд: 15/09/2026Дар назари аввал чунин менамояд, ки сирк куҷову сиркбозии духтари тоҷик куҷо?! Дуруст аст, ки мо аз байни занон пизишкони машҳур, омӯзгорони маъруф, олимаҳои номдор ва сарварони кордон дорем, бо ному кори онон ифтихор менамоем. Аммо, дар бораи он ки сиркбоздухтарони машҳур доштем ва дорем, кам шунидаем ва ё умуман нашунидаем. Ин аз он аст, ки бо олами сирк ошно нестем. Роҳу пайроҳаи духтарони сиркбоз ба сирк гуногун аст, ҳар кадомашон як олам саргузашт доранд...








