Ривоҷи ҳунари гулдӯзӣ дар Файзобод
Чоп шуд: 16/09/2024Гулдӯзӣ аз қадимтарин ва ҷаззобтарин ҳунари бонувон маҳсуб меёбад, ки дар манотиқи гуногуни олам занону духтарон ба он шавқу ҳаваси беандоза доранд. Бонувони мо аз қадимулайём омӯхтани ҳунарҳои занона, ба хусус гулдӯзиро шараф меҳисобиданд ва ҳар як модар кӯшиш мекард, ки ба духтараш ҳунарҳои дӯхтани дарзу чо ва гулдӯзиро ёд диҳад. Мавриди зикр аст, ки барои офаридани гуле дар матоъ заҳмати чанд ҳунарманд сарф мешавад...