Оё кордбозӣ ҳам санъат аст?
Чоп шуд: 04/12/2019Оре, санъат аст, санъати рақс ва аз санъатҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор меравад. Дар саҳнаи санъати касбӣ рақси “Кордбозӣ” – ро дар солҳои 30-40 асри ХХ раққоси мумтози тоҷик, Артисти Халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ғаффор Валаматзода иҷро кардааст. Рақси ў ҳаракатҳои гуногуни кордбозиро дар бар гирифта, илова ба унсурҳои анъанавӣ баъзе навовариҳо дошт. Валаматзода бо ҷаҳиш ба саҳна ворид мешуд ва чанд ҳаракати рақсии ҷанговаронро иҷро намуда, ду кордро аз рўймоли миён берун мекашид.