Рақс бо табақ ва ё даъват ба оши палав
Чоп шуд: 03/03/2020Баробар бо дигар касбу ҳунарҳои суннатӣ, аз қабили оҳангарӣ, дуредгарӣ, дўзандагию бофандагӣ, кандакорию гаҷкорӣ дар фарҳанги мардуми тоҷик рақсу сурудхонии анъанавӣ низ маъмуланд, ки муҳаққиқон ин бахши фарҳанги миллиро “санъати иҷроӣ” номидаанд. Дар “Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ”, ки аз ҷониби олимони ПИТФИ таҳия шудааст, ин бахш бо номи “Санъати иҷроӣ” ва рақамгузории B000 зикр шуда, дар он беш аз 103 унсури фарҳанги ғайримоддӣ ба таври мухтасар шарҳ ёфтаанд.