Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
![slider image 1](http://pitfi.tj/sites/default/files/slider/pitfi-slider.jpg)
Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, дар доираи мавзӯи илмии «Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол», аз ҷумла рушди кори интишорӣ дар ҷумҳурӣ, яъне, вазъи фаъолияти интишории муассисаҳои табъу нашри кишвар дар тӯли солҳои 1991-2021, мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.
Ҳамкорони арҷманд! Дар соли 2022 воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар мамлакатамон рӯй доданд, ки муҳимтаринашон 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи XYI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
27-уми декабри соли 2022 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳти унвони “Арзишҳои моддию маънавии фарҳангӣ: аз ҳифз то феҳристҳои ЮНЕСКО” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагон аз Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”, Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Рӯзи 27-уми декабри соли 2022 дар толори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ҷаласаи васеъ гузаронида шуд.
Муҳаққиқи соҳаи фолклор ва фарҳанги мардум, олими пурмаҳсул, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимӣ дар қатори дигар пажӯҳишҳои илмӣ як силсила тадқиқотҳоро дар шинохти ҷашнҳои миллии тоҷикон низ анҷом додаанд. “Меҳргон – ҷашни баракату фаровонӣ”, “Сада – ҷашни гармию нур”, “Наврӯз – ҷашни замину офариниш” ва “Тиргон – ҷашни об” аз силсилакитобҳои Д.Раҳимӣ мебошанд, ки маҳз оид ба пайдоиш ва баргузории ҷашнҳои аҷдодии мардуи тоҷик бахшида шудаанд.
Санаи 09.12.2022 бо иштироки васеи кормандони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 28 солагии ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Халқи тоҷик аз қадимулайём мардуми ҳунарманд буда, тавассути касбу ҳунарашон маишати рӯзгорашонро таъмин менамуданд. Дар радифи касбу ҳунарҳои гуногун пешаи заршӯӣ яке аз пешаҳои сердаромад ва мушкил маҳсуб меёфт. Заршӯӣ шуғли бо тариқи дастӣ ба даст овардани тилло аз дарёҳо мебошад, ки миёни мардум онро тиллоковӣ ва ё тиллошӯӣ низ меноманд. Маъмулан, мавсими заршӯӣ моҳи март шурӯъ шуда, то моҳи октябр идома меёбад...