Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо ташаббус ва иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расид, ки ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ эҳдо гардид...
Замоне мо дар бораи ватан сухан меронем, одамон онро аз нуқтаи назару фаҳмиши худ дарк мекунанд, яъне бо тарзу фаҳмиши гуногун шарҳ медиҳанд. Ҳар шахс меҳру муҳаббати худро нисбат ба ватан мувофиқи ақидааш бо таври гуногун баён месозад. Аз ин хулосае бармеояд, ки ҳар шахс вобаста аз доираи ҷаҳонбинии хеш нисбати ватан самимияту садоқати хешро изҳор медорад ва мавқеи худро муайян месозад...
Имрӯз таҳти ин мавзуъ дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Артиши миллӣ ҳамоиши илмӣ дар доираи мизи мудаввар бо иштироки олимону донишмандон ва коршиносон баргузор карда шуд. Нишастро номзади илмҳои филологӣ, директори пажуҳишгоҳ Аминзода Абдулфаттоҳ Ҳаким кушода эълон намуда,..
Фарҳанги миллӣ яке аз муҳимтарин пояҳои ҳастӣ ва пойдории давлату миллат аст. Ин фарҳанги оламшумул на танҳо мероси таърихии гузаштагони мо, балки унсури асосии худшиносиву худогоҳии имрӯза ва оинаи равшани ояндаи миллат ба шумор меравад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ки решааш аз қаъри қарнҳо срчашма мегирад, имрӯз ҳам афзалияти худро дар бунёди давлатдории навини тоҷикон собит намудааст...
Қалъаи Сангини қадим имрӯз фақат дар ҳофизаи таърих монда... Ин қалъаи аз хоку санг биноёфта, ки дар васат, самтҳои шимолу шарқ ва ҷанубии он се теппаи баланд қомат афрохтааст, ҳамчун ёдгории гузаштаи аҷдодон ҳанӯз боқист ва макони муқаддасу сеҳрноке маҳсуб мегардад. Дар ин ҷо ҳама чиз: теппаҳои баланди аз сангу хок қадкашидаи боазамат, пойгоҳи хамвори байни онҳо, ки аз сатҳи муқаррарии замин хеле баланд воқеъ гардидааст, мазори Хоҷа Ҳотам Асами Балхӣ,..
«Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидона ба мерос гузоштаанд»,
Эмомалӣ Раҳмон
Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва Вазорати фарҳанг фаъолияти густурда ба роҳ монда, дар рушду равнақи соҳаи фарҳанг нақши бориз мегузорад...
Ҷашни Сада яке аз қадимтарин ҷашнҳои суннатии халқҳои ориёинажод ба шумор рафта, дар заминаи робитаи инсон бо муҳити табиӣ ва дарки қонуниятҳои гардиши фаслҳо ташаккул ёфтааст. Ин ҷашн ҳамчун падидаи фарҳангӣ дар асоси мушоҳидаҳои инсон нисбат ба табиат ва тағйирёбии фаслҳо ташаккул ёфтааст. Таҳқиқи таърихии Сада нишон медиҳад, ки он дар заминаи ҷаҳонбинии мифологӣ ва фалсафии аҷдодон ба вуҷуд омадааст...

