Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз суханварони мумтози садаи XV аст. «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ фарҳангномаи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании замони ӯст. Дар он базму размҳои шоҳон, ихтилофҳои сиёсиву мазҳабӣ, рӯзгори мардумони табақаҳои гуногун, зиндагии бузургмардони илму адаб, урфу одат, ободонии шаҳру рустоҳо, бӯстону боғистонҳои сарсабз, ба як сухан авзои сиёсиву маданиву фарҳангии замон акс ёфтаанд...
Сафари хидматии мо ҷиҳати таҳқиқи мушкилот ва дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва санъат дар замони муосир тибқи фармоиши директори ПИТФИ Аминзода А. №16 аз 6 04-15 04 2026 ба ноҳияҳои Мастчоҳ ва Зафарободи вилояти Суғд сурат гирифт. Рӯзи 7-уми апрел бо директори Қасри фарҳанги ноҳияи Зафаробод Наимҷон Аҳмадов вохурда аз фаъолияти кормандони бахши фарҳанг огаҳ шудем...
Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ касб намудааст...
Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.Аз хурдсолӣ аз меҳри падар маҳрум гашта, дар оғӯши модар ба воя расидаааст.Соли 1954 мактаби ҳафтсолаи деҳааш ва соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакентро хатм карда, соли 1959 ба факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил мешавад ва онро соли 1963 хатм мекунад...
Санъати мусиқӣ яке аз муҳимтарин бахшҳои фарҳанги миллї ба шумор рафта, таърих, ҷаҳонбинї ва завқи эстетикии ҳар миллатро таҷассум менамояд. Маҳз дар ин масир Шашмақом на танҳо як навъи мусиқӣ, балки яке аз мактабҳои бузурги ҳунар, фалсафа ва фарҳанги миллӣ буда, дар тулли асрҳо ҳамчун намунаи волои санъати касбии тоҷик ташаккул ёфтаву имрeз дар арсаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро кишвари дорои тамаддуни қадим муаррифӣ мекунад...
Шоирро гӯяндаи шеър мебинанд, аммо шоири ҳақиқӣ замонро тафсир мекунад, дарди мардумро ба забон меорад. Он чиро, ки миллат эҳсос мекунад, вале баён карда наметавонад, ӯ ба сухан табдил медиҳад. Лоиқ Шералӣ шоири барҷастаи тоҷик, эроншинос, яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Ӯ ҳамтақдир, ҳамдард, ҳамнафаси миллати тоҷик буд. Ашъори бузурги ин шоири нотакрор сабаби ҳамкорӣ бо бисёр ҳунармандон гардид...
Дойра, табл, нағора созҳои зарбии мусиқии мардуми тоҷик, карнай сози нафасии қадимаи мисин дар сартосари олам маъмулу машҳур буда, ҳунармандони он бо ҳунари волои худ оламиёнро ба ваҷд овардаанд...
Об ҳамчун моеи берангу бебӯй дар фарҳанги мардум мавқеъи хоса дошта, оид ба он олимони соҳаҳои гуногун тадқиқотҳо анҷом додаанд. Коршиносони илмҳои дақиқ хусуситҳои кимиёвӣ, физикӣ, геологӣ, паҳншавии об дар рӯи Замин, хотираи об ва амсоли инҳоро омӯхта, асарҳои зиёди илмӣ таълиф намудаанд. Дар бораи баъзе аз ҷанбаҳои фолклорӣ, аз қабили гиромидошти об дар фарҳанги мардум низ ба таври алоҳида мақолаҳо интишор шудаанд...

