Мақоми Ҳамадонӣ дар густариши илму фарҳанги Хатлонзамин
Чоп шуд: 08/05/2016Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз бузургтарин орифони асри XIV Машриқзамин буда, осори ў дар ҳаёти маънавии халқҳои Осиё ва Шарқи Наздик, бавижа Ҳинду Покистон дар мураввиҷи ислом ва иршоди фарҳанг то имрўз мақоми арзандае дорад. Мир Сайид Алии Ҳамадониро чун орифи тавоно, шоири баркамол, инсонпарвари беҳамто, чун олим ва файласуфи дақиқназару хирадманди беназир на танҳо дар мамолики Осиё ва Шарқи Наздик шинохтаанд, балки мардуми шарифи Тоҷикистон, бавижа хиттаи Хатлон мавсуфро чун пири раҳнамо эътироф кардаанд.
Чеҳраофаринӣ дар матбуоти даврии маҳаллӣ (дар мисоли “Нури Нуробод”)
Чоп шуд: 04/05/2016Нақши нашрияҳои музофотӣ дар пешрафти ҳаёти фарҳангиву иҷтимоӣ ва адабиву илмӣ ҳамеша чашмрас боқӣ мемонад. Ин фикри хулосасозро ба сифати муқаддима ба он ваҷҳ иброз медорем, ки ҳанӯз аз оғози солҳои сиюми асри гузашта, ин вазифаву рисолат ба таври мушаххас барои нашрияҳои маҳаллӣ маълум гашта буд. Ҷои пушида нест, ки дар замони шӯравӣ нашрияҳои маҳаллӣ ҳамчун як унсури муҳими таблиғу ташвиқ мақоми баландро соҳиб буданд. Албатта, нашрияҳои миллӣ дар ҳама давру замон аз лиҳози таъинот, иқтидор ва маҳбубият болотар аз соири матбуоти дигари
Арзишҳои фарҳанги миллиро чӣ гуна бояд таблиғ кард?
Чоп шуд: 04/05/2016Роҷеъ ба истилоҳи фарҳанг шарҳу тафсир ва навиштаву асарҳои бешуморе вуҷуд доранд, ки рисолати онро аз равзанаҳои мухталиф шарҳ медиҳанд. Ин истилоҳро дар доираи як ифодаи маҳдуд баён кардан мушкил аст. Дар китоби «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ин истилоҳ чунин шарҳ ёфтааст: «Маҷмӯи дастовардҳои инсоният дар соҳаи муносибатҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва ахлоқӣ; маданият…» [2, C.406]. Дар ин пажӯҳиш ин маънӣ муайянкунандаи самти андешаи мо қарор гирифтааст.
Шарҳи мазкур маҷмӯи талошу ҷустуҷӯҳои инсониятро дар партави калимаи фарҳанг
Аъло Аълоев: Доирадасте, ки касе бар пояи ӯ нарасид
Чоп шуд: 30/04/2016Аъло АЪЛОЕВ 7-уми нобри соли 1932 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Аз ҷумлаи машҳуртарин ҳунармандони Ҷумҳурии Тоҷикистони замони Шӯравӣ буд. Дойрадасти моҳир ва касе бар пояи ӯ дойра назада, пажуҳишгарон ба санъати навозандагии ӯ баҳои баланд додаанд.
Артисти халқии РСС Тоҷикистон (1974). Дойранавозӣ ва мусиқиро аз падару модараш омӯхтааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ҷумӯуриявии шаҳри Душанбе (1952) буд.
Фаъолияти кориашро солҳои 1946 – 56 аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон...
Сурнай – сози сурурбахш
Чоп шуд: 30/04/2016Сурнай (сурной) яке аз созҳои анъанавии нафасии тоҷикон ва инчунин халқҳои дигари Шарқ мебошад, ки асосан дар ҷашну маъракаҳои хурсандӣ истифода мешавад.
Решашиносӣ
Сурной. Нойи румӣ аст, ки сарно бошад. (“Бурҳони қотеъ”). Ва ин мухаффафи сурной аст, чӣ сур ба маънои шодӣ аст. (Ғиёсу ул-луғот”). Ной, ки дар ҷашну сур навозанд, дар асл сурной буда. (Рашидӣ).
Ошиқи майдону асбу пой на,
Гуфторҳои таърихии радио ва ташаккули худшиносии миллӣ
Чоп шуд: 26/04/2016(дар мисоли гуфторҳои адабӣ-таърихии Радиои «Тоҷикистон» солҳои 1980-1990)
Пахши гуфторҳои таърихӣдар баробари барномаҳои иттилоотӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва тафреҳӣҳамчун талаботи маънавии як қисми шунавандагон, барои комилтар кардани фазои маърифатӣ ва худшиносии миллии ҷомеа нақши созгор дорад. Омили муҳимми дигари мавҷудияти барномаҳои таърихии радио хоса дар солҳои истиқлолият тасодуфӣ набуда, балки «амри ногузири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст...
Тасвири анвои касбу ҳунар дар ашъори Сайидо
Чоп шуд: 26/04/2016Аз асрҳои X-XI ба баъд бо таъсис ва нашъунамои шаҳрҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон, вусъати ҳунармандӣ ва ба вуҷуд омадани касбу ҳунарҳои гуногун дар шаҳрҳо дар адабиёти форсу тоҷик низ навъ ё жанри шеърие ба вуҷуд омад, ки мавзўи он тасвири аҳли ҳунар ва касбу кори онҳо, васф ё ҳаҷви табақаҳои муайяни шаҳр буда, унвони «Шаҳрошўб» ё «Шаҳрангез» - ро ба худ пайдо кард. Сабаби «Шаҳрошўб» хонда шудани чунин шеърҳо дар он буд, ки «мазмуну муҳтавояшон вирди забонҳо гардида, дар байни аҳолии шаҳр ошўбу овоза ва ҳангома ба вуҷуд меовард».
То нек надонӣ, ки сухан айни савоб аст...
Чоп шуд: 22/04/2016Аввали урдибиҳштмоҳи ҳар сол (баробар ба 20 апрели соли масеҳӣ) Рӯзи бузургдошти паямбари шеъри форсӣ, орифу ҳакиму фарзонаи бузург – Афсаҳу-л-мутакаллимин Шайх Саъдийи Шерозист. Саъдӣ тахаллусаш аст ва ӯ Муслиҳуддин Абумуҳаммад Абдуллоҳ писари Мушаррафуддин Абуабдуллоҳ ибни Муслиҳ ибни Мушаррафи Шерозӣ, аз қабилайи Банӣ Саъд, аз наберагони Саъд ибни Уббодаи Хазраҷийи Ансорӣ, саҳобайи машҳур ба Саъди Ғаюр мебошад.
Пажуҳишгари тоҷик Обид Шакурзода ҳар гуна иртиботи тахаллуси Саъдиро ба Атобак
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 96
- 97
- 98
- 99
- 100
- 101
- 102
- 103
- 104
- …
- следующая ›
- последняя »