Се воқеаи сарнавиштсоз дар таърихи навини Тоҷикистон
Чоп шуд: 22/06/2016Дар таърихи навини Тоҷикистон се воқеаро тақдирсозу фаромўшнопазир метавон арзёбӣ кард: Рўзи истиқлолияти давлатӣ, баргузор гардидани Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ. Агар гўем, ки тамоми дастоварду комёбиҳо ва пешрафту тараққиёти замони замони истиқлолият ба ҳамин воқеҳои таърихӣ марбутанду аз онҳо сарчашма мегиранд, хато нахоҳад шуд. Аз ин рў ин се воқеаи тақдирсоз бояд дар таърихи навини кишвари соҳибистиқлоли мо бо хатти заррин сабт карда шаванд.
Омилҳои пойдории Ваҳдати миллӣ
Чоп шуд: 22/06/2016Ваҳдат–неъмати бебаҳои лоязолист, ки чун обу хоку ҳаво ва нури хуршед барои ҳаёти одамон зарур буда, омили асосии сарҷамъии миллат, пойдории давлат, тинҷию амонии кишвар ва зиндагии хушу осудаи мардуми тоҷик мебошад. Ин ваҳдати ҷовидонӣ, ки армони чандинасраи миллати ҷафокашидаи тоҷик буд, дар пояҳои сулҳу оштӣ ва бахшиши тарафҳо устувор гардида, чун навҷавони солиму нерўманд, бо дили пур аз меҳру орзу ба сўи ояндаи дурахшон қадам мезанад.
Дар солҳои пурошўби ҷанги шаҳрвандӣ роҳи ягонаи наҷоти миллати тоҷик ва давлати
Вазири фарҳанг: Ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама талошҳо муваффақанд
Чоп шуд: 17/06/2016Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд “ҷомеаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд, дар ҳама талошҳо муваффақанд. Мо ин гуфтаро дар ҳаёти кишварҳои абарқудрати имрўза дида метавонем, ки маҳз тўли садсолаҳо бо гиромидошти фарҳанг ва тақвияти ҷабҳаҳои фарҳангӣ тавонистаанд, ки дар арсаҳои ҷаҳонӣ нуфузу эътибор пайдо намоянд”.
Шамсиддин Орумбекзода, ки имрӯз дар конфронси “Ваҳдат – кафили устувории имрӯзу фардои миллат” дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот сухан мегуфт,
Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ
Чоп шуд: 14/06/2016Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги пурғановати моддию ғайримоддӣ мебошад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаҳои илму фарҳанг, маориф, санъат, муассисаҳои давлатию ғайридавлатии кишвар шароиту имкониятҳои ҳамҷониба ба вуҷуд овард, то ки дар муаррифии илму фарҳанг ва адаби миллати тоҷик корҳои беназир сурат бигиранд.
Ҷомаи Сулҳ ба тан омадаӣ...
Чоп шуд: 13/06/2016Китобномаи “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” тозатарин китобест, ки Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нашриёти “ЭР-граф” бо сифати баланд рӯйи чоп овард. Ва чуноне аз номаш пайдост, дар он номгӯи осори бадеӣ ва публитсистии адибони тоҷик, афкору андешаи олимону рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон бахшида ба корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феҳристнигорӣ шудааст.
Нақши Талабхӯҷа Сатторов дар тарғиби мусиқии касбӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон
Чоп шуд: 09/06/2016Дар ҳар давру замон дар осмони илму фарҳанги ҳар як халқу миллат симоҳои пурзиёву барҷастае зуҳур менамоянд, ки боиси тобдору пурҷило гаштани оинаи тамаддуни инсонӣ мегарданд.
Бешубҳа, агар мо бастакори машҳуру шинохта Талабхӯҷа Сатторовро яке аз ситораҳои намоёни олами мусиқию фарҳанги тоҷик шуморем, хато нахоҳем кард. Мавсуф солҳои зиёд барои ривоҷу равнақ ва бою рангин намудани олами зебою пурнафосати мусиқии касбии тоҷик талошу эҷодкориҳо дошт. Афсус, ки марги нобаҳангом айёми пурҷӯшу
Рубоби бадахшонӣ
Чоп шуд: 09/06/2016Рубоби бадахшонӣ, сози мусиқии торӣ мизробиест, ки дар асрҳои 17-18 дар Бадахшон ба вуҷуд омада дар дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро хеле маъмул гардид.
Тахмин меравад, ки сози мазкур дар асоси уд ё тори қафқозӣ (аз ду косахона иборат аст) ба вуҷуд омадааст: аз рўи садо ва системаи пардивию торӣ ба барбат (уд) шабоҳат дорад.
Рубоби бадахшӣ дар гузашта чун сози якканавозӣ истифода мешуд ва дар ансамблҳои
Одоби муошират аз назари шайх Саъдӣ
Чоп шуд: 04/06/2016Яке аз омилҳои асосӣ ва муҳимми ҷозибаноки осори Саъдӣ дар тарзу усули муоширати байни симоҳои офаридаи ўст. Шайх Саъдӣ ба ин аркони гуфтор санъату маҳорати баланди суханофаринишро ба харҷ додааст. Мусоҳибаи симоҳои ҳикояҳои Саъдӣ дар мавриду ҳолатҳои мухталифи равонӣ ба вуқуъ мепайвандад. Мутафаккир бештар усули муколамаро истифода бурда, дар аксар маврид худ ҳамчун (сомеъ) шунаванда, шоҳид ё мусоҳиб амал мекунад.
Ҳамчунин образҳои офаридаи мутафаккир ба ҷуз одамӣ, ҳайвоноту наботот низ ҳастанд
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 94
- 95
- 96
- 97
- 98
- 99
- 100
- 101
- 102
- …
- следующая ›
- последняя »