Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим дар “Боғи Ирам”
Чоп шуд: 03/09/2016Имрӯз, 3-уми сентябри соли Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» -и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали фарҳангиву сайёҳии Мероси Роҳи Абрешим таҳти унвони «Рангоранг» баргузор гардид.
Дар Фестивали мазкур роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, масъулини соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ, коршиносон, сафирону кормандони корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони соҳаи
Шинос шавед: Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Шодиев
Чоп шуд: 30/08/2016Аз ду нафаре, ки ба истиқболи ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон соҳиби унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд, яке Муҳаммадҷон Шодиев мебошад.
Муҳаммадҷон Шодиев чеҳраи ҳунарии барои аксари мутлақи мардуми Тоҷикистон, ҳатто сокинони Афғонистону Эрон ошност. Барои сокинони кишвар ҳудудан даҳ сол пеш аз нақши Нозимӣ дар филми “Дар орзуи падар” (аз рӯи асари нависанда Кароматулло Мирзоев) маъруфият пайдо кард. Вале аслан вай ҳунарманди театр аст ва бо нақшҳои
Сарчашмаи ҳамаи ҳунарҳо дар фарҳанги мардум аст (Нигоҳе ба «Андалеб – 2016»)
Чоп шуд: 29/08/2016Беш аз чиҳил сол дар саҳна
Чоп шуд: 29/08/2016Қосим -кассир (хазинадор) мардест, софдилу хайрхоҳ. Дар даргоҳи шоҳ соҳиби вазифаи баланд аст. Кӯшиш мекунад, ки ҳамеша дар ҳаёт кори хайреро анҷом бидиҳад. Ва ҳар вақт ӯ ба сагҳои гуруснаи дарбор нону хӯрок медод. Вақте ки хидматгори шоҳ Бусал Қосим - кассирро ҳам аз рӯи рашку ҳасад ба шоҳ туҳмат карда мегӯяд, ки гӯё Қосим - кассир бо душманони шоҳ робитаи дӯстӣ дорад, ғазаби шоҳ меояд. Шоҳ фармон медиҳад, ки Қосим - кассирро ба назди сагони гурусна партоянд. Қосим - кассирро назди сагони гурусна мепартоянд.
Театри мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов соҳиби бинои нав шуд
Чоп шуд: 25/08/2016Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Қурғонтеппа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷоновро ба истифода дод.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Сардори давлат бинои нави хуштарҳу замонавии театри мазкур барои 800 нафар тамошобин пешбинӣ гардида, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи 26 миллион сомонӣ бунёд шудааст.
Гузоштани санги асос ба бунёди Маҷтамаъи варзишиву фароғатӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа
Чоп шуд: 25/08/2016Пас аз ифтитоҳи бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба корҳои сохтмонии Маҷмааи варзишӣ, фароғатӣ ва истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа оғози расмӣ бахшид.
Маҷтамаъи мазкур дар майдони 54 гектар марҳила ба марҳила бунёд гардида, қисмати бештари онро иншооти варзишӣ, ба монанди майдонҳои хурду калони бозии футбол
Бори нахуст дар Тоҷикистон Фестивали фарҳангии Ҳинд баргузор мешавад
Чоп шуд: 22/08/2016Дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ба муносибати 70-солагии истиқлолияти Ҳинд дар Тоҷикистон Фестивали фарҳанги ин кишвар баргузор мешавад. Манбаъ мегӯяд ин нукта дар мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Сомнатх Гош, сафари Ҳиндустон дар Тоҷикистон мавриди суҳбат қарор гири фтааст.
Ба гуфтаи Сомнатх Гош, ҷониби Ҳинд тасмим гирифтааст ба муносибати 70-солагии Истиқлолияти ин кишвар ва 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба Темур Зулфиқоров ба муносибати 80-солагии адиби маъруф
Чоп шуд: 17/08/201617-уми августи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нависанда, шоир ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров аввал телефонӣ дар тамос шуд ва ӯро ба муносибати 80-умин солгарди таваллудаш муборакбод кард.
Баъдан ин барқияи табрикотӣ низ аз номи Пешвои миллат интишор ёфт:
«Темур Қосимовичи азиз!
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 91
- 92
- 93
- 94
- 95
- 96
- 97
- 98
- 99
- …
- следующая ›
- последняя »