«Рақс моро муттаҳид менамояд»: фестивали чоррӯзаи байналмилалӣ ба ифтихори 100-солагии Ғаффор Валаматзода
Чоп шуд: 18/11/2016Аз 20 то 24 ноябри соли 2016 бо иштироки гуруҳҳои ҳунарии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» баргузор мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин ин фестивал бар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2016 ба ифтихори 100–солагии зодрӯзи устоди санъати касбии тоҷик, Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ғаффор
Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон
Чоп шуд: 18/11/2016Бегоҳии 17-уми ноябри соли равон дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ зери оҳанги сурудҳои миллии ду кишвар маросими ботантанаи оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури густардаи аҳли фарҳанг ва сокинону меҳмонони пойтахти кишвар баргузор шуд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар суханони муқаддамотии худ ҳозиринро бо ифтитоҳи
Анонс: “Марвориди Шарқ” дар Осрхонаи миллӣ
Чоп шуд: 18/11/20169-уми ноябри соли равон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии «Муассисаи давлатии коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов», бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Марвориди Шарқ» намоиши асарҳои рассом Наргис Ҳамидова баргузор мегардад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон оғози намоиш
Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Т оҷикистон 16-уми ноябр оғоз мешавад
Чоп шуд: 15/11/2016Аз 16 то 20-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мешавад.
Дар оғоз қарор аст дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқоти расмии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати расмии Қирғизистон ва ба дунболи он нишасти матбуотӣ бо иштироки ҷониби Қирғизистон доир гардад.
Рӯзи 17 ноябр соати 14-00 дар Хонаи кинои Иттифоқи кинематографистони
Рисолати фарзанди асили миллат
Чоп шуд: 14/11/2016Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд. Махсусан нақши инсонҳои бузург дар лаҳзаҳои фоҷиабор аз таърихи халқҳову миллатҳо муассирвоқеъ мешавад. Масалан, дар набардҳои мусаллаҳона ҳамон лашкаркаше метавонад лашкарашро ба пирӯзӣ расонад, ки шуҷоъ ва тавоно бошад ва тавонад вобаста ба вазъияти баамаломада дар майдони ҷанг иқдоми низомии дуруст намояд ва стратегияи мукаммалро ба кор гирад.
Фарҳанги касб, харҷ ва нигоҳдории мол дар осори Фахруддини Розӣ
Чоп шуд: 14/11/2016Хидмати намояндагони илму адаб дар рушду нумў ва такомули фарҳанги
пурғановати халқи тоҷик ва мардуми ҷаҳон басо олию назаррас буда, ҳар нафаре кўшидааст то баҳри бою ғанӣ гаштани маънавиёт ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазои худро бигзорад, зеро тамаддуни башарӣ аз маҷмўи тамаддунҳои халқи ҷаҳон иборат аст. Аз ҷумлаи олимони мазкур донишманд ва мутафаккири машҳури асри XІІ Фахруддини Розӣ (1148-1209) мебошад, ки аз худ осори гаронбаҳою арзишмандеро ба мерос гузоштааст. Осори ӯ саросар илмию фарҳангӣ ва панду ахлоқӣ буда
Асрори азалро на ту дониву на ман….
Чоп шуд: 12/11/2016Асрори олами сағиру кабир, сирри вақту фазо ва ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда — аз нумўи гул то чаҳ-чаҳи булбул, аз ҳаракати сайёра то таркиши ситора ба назари аввал чунин менамояд, ки ҳамаи ин чизҳо содаанд ва ҳоҷат ба фикркунӣ ҳам нест. Вале дар асл ин тавр нест. Агар амиқтар нигарем, саросар муаммост ва то ин вақт барои инсоният фисади каме аз ин муаммоҳо ҷавоби худро ёфтааст. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни идрок — фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар Коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро
Ташаккули фарҳанги насли наврас
Чоп шуд: 11/11/2016Китоб дар таърихи халқи мо ҷойи сазовореро мақом намуда, аз замонҳои қадим то ба имрўз барои ҳар фарди тоҷик ҳамчун яке аз арконҳои муқаддас шинохта шудааст. Китобу китобдорӣ пешаи қадимаи аҷдодони мост. Ниёгони мо ба китоб арҷгузорӣ намуда онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ менамудандва аз насл ба насл интиқол медоданд. Да ҳаёти рўзмарраашон ҳатто ҳангоми дар гаҳвора будани кўдак, баҳри рафъи ноҳинҷории ў китобро дар болои са-раш мегузоштанд, ки имрўз низ ин анъана дар аксари минтақаҳои тоҷикнишин давом дорад.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 89
- 90
- 91
- 92
- 93
- 94
- 95
- 96
- 97
- …
- следующая ›
- последняя »