Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он
Чоп шуд: 14/12/2016«Дар баёни пайдо шудани илми мусиқӣ ва одобу кайфияти хоси он», рисолаи мусиқиест, ки муаллифаш номаълум ва дар нимаи дуюми асри XYI ва ибтидои асри XYII дар шаҳри Исфаҳон ба забони форсии тоҷикӣ таълиф шудааст.
Рисола масъалаҳои муҳиму умдаи да 12 мақом ва таркиботи онҳоро дар бар гирифта, баъзе фасл ва мавзӯоти он аз рисолаҳоимусиқии дар Мовароуннаҳру Хуросон таълифёфта (Кавкабии Бухороӣ, Маҳмуди Мирзобой, Хоҷакалони Хуросонӣ ва дигарон) иқтибос шудааст.
Донистаниҳо аз Дувоздаҳмақом
Чоп шуд: 13/12/2016«ДУВОЗДАҲМАҚОМ», маҷмӯи мӯҳташами созию овозии силсилавии устодонаи мусиқии классикии тоҷик-форс, ки дар нимаи дуюми асри XII ва ибтидои асри XIII ташаккул ёфта, бо ин ном дар адабиёти хаттӣ собит шуда ва охири асри XYII маъмул гаштааст.
Дар адабиёти хаттии форсии тоҷикӣ номи мақом, шӯъба, гӯша ва таркибҳои созии Дувоздаҳмақом зикр ёфта («Луғати фурс», ашъори Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низоми Ганҷавӣ, Манучеҳрӣ, Фаррухӣ ва дигарон), аммо дар шакли як маҷмӯи воҳиди силсилавии
Аз гӯшвора ҳикоят кунем
Чоп шуд: 12/12/2016ГӮШВОРА, гӯшвор, ҳалқа, ашёи зинати занона, ки ба гӯш меовезан. Гӯшвора аз замонҳои қадим байни мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон маълум буд. Дар дахмаи Куркат (а-ҳои 1 – 7, ноҳияи Спитамени ҳозира) ба туфайли ҳафриётҳои археологӣ аввалин гӯшвораҳо (аз асрҳои 3 – 7) ёфт шуданд. Аз ҳафриёти Шаҳристон низ гӯшвораҳое ба даст омадаанд, ки ба асрҳои 12 – 13 мансубанд.
Гӯшвора одатан маҳсули кори заргарист. Гӯшвораҳои оддӣ аз 2 – 4 овеза (поя) иборатанд. Гӯшвораҳои қиматбаҳоро дар тӯю ид меовезанд
Графика чист?
Чоп шуд: 06/12/2016ГРАФИКА (аз юнонии graphike ва grapho – менависам, нақш, расм мекашам), навъи санъати тасвирӣ, ки сиёҳқаламӣ ва асарҳои нафисаи чопӣ (ҳаккокӣ, литография ва ғ.)-ро дар бар гирифта, ба санъати расмкашӣ асос меёбад. Графика аввал ба маънои хат ва санъати хаттотӣ низ меомад.
Асоси санъати графика усули пйеса (моҳирона ба кор бурдани тобишҳои ранги сиёҳу сафед) аст. Аз ин рӯ дар графика, баръакси дигар навъҳои санъати тасвирӣ, хелҳои гуногуни ранг кам истифода мешавад.
Оши палав ҳам ҷаҳонӣ шуд
Чоп шуд: 02/12/2016Оши палав расман ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардид.
Рӯзҳои 28 – уми ноябр- 2 – уми декабри соли равон дар пойтахти Эфиопия- шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор шуд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод
«Парчами миллӣ-рамзи ҳувиятсози тоҷикон»
Чоп шуд: 23/11/2016Чунин ном дошт ҳамоише, ки рӯзи 22-уми ноябри соли равон дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Чуноне аз ном аш пайдост, ин маҳфил ба Рӯзи парчами миллӣ, ки ҳар сол чун анъана 24-уми ноябр таҷлил мешавад, бахшида шуда буд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шариф Комилзода дар суханони муқаддамотии иброз дошт, ки парчам аз замонҳои
Ҳотам Ҳакимови 91-сола дар озмуни байналмилалии гуруғлисароии Туркманистон беҳтарин эълон шуд
Чоп шуд: 23/11/2016Аз миёни намояндагони 13 кишвари олам, ки дар Фестивали байналмилалии гуруғлисароӣ ширкат доштанд, намояндаи Тоҷикистон Ҳотам Ҳакимов беҳтарин гуруғлисаро эълон шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин Фестивали байналмилалӣ дар Туркманистон баргузор шудааст ва Ҳотам Ҳакимов бо ҳунари гуруғлисароии худ байни иштирокчиёни чорабинӣ беҳтарин дониста шуд.
Ҳотам Ҳакимов зодаи деҳаи Оби Ҳирфи ноҳияи Варзоб буда, 91 сол дорад.
Фаротар аз қайди чор девор
Чоп шуд: 22/11/2016Замоне вай аз як деҳаи дурдасти куҳистони ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба пойтахти кишвар омад, то дар мавриди ҳунарҳои мардумӣ корҳои пажӯҳишӣ оғоз кунад. Аз суҳбаташ дарёфтам, ки барои расидан ба ҳадаф аллакай як бахши азими қаламрави кишварро тай кардааст ва бардоштҳои ҷолибу омӯзандаву олимона дар бораи ҳунарҳои мардумӣ дорад.
Ин бону Лайло Носирова аст, корманди Пажуҳишгоҳи илмӣ -тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 88
- 89
- 90
- 91
- 92
- 93
- 94
- 95
- 96
- …
- следующая ›
- последняя »