МАТБУОТИ ДАВРИИ ТОҶИК ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН МАРБУТ БА ОБ (Дар мисоли матолиби рӯзномаи «Ҷумҳурият»)
Чоп шуд: 14/07/2023«Имрӯз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз норасоии об азият мекашанд, 80 дарсади обҳои партов бидуни коркард ба муҳити зист партофта мешаванд ва беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ бо об алоқаманданд». Ин нуктаро Антониу Гуттериш, Дабири кулли СММ дар яке аз суханрониҳои худ изҳор доштааст. Нигаронии Дабири кулли СММ аз мушкилоти ҷаҳонии об дар ҳоле мебошад, ки ҳоло чаҳоряки аҳолии ҷаҳон, яъне 2 миллиард нафар аз сарчашмаҳои оби нӯшокии хатарнок истифода мебаранд...
РУШДИ САНЪАТ ЗИ ПЕШРАФТИ МОСТ (Ё худ вазъи имрӯзаи таълим дар муассисаи санъати бачагонаи ноњияи Муъминободи вилояти Хатлон)
Чоп шуд: 24/06/2023ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Чоп шуд: 23/06/2023Санаи 23.06.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти роҳбарии директори муассиса, н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов оғоз ёфт. Сараввал Аминов А. ташрифи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Суҳроби Бозоралиро хайрамақдам намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин рӯзи таърихӣ ва фархунда шодбош намуд.
ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ
Чоп шуд: 23/06/2023Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ду рукни муҳимми соҳаи таълим ва тарбия дар замони истиқлолият маҳсуб мегардад. Ифтихор ва худшиносии миллӣ бунёду бунлоди кишвари яккаву ягонаи мо, пойдории миллат ва омили рушду сарсабзии он аст. Миллате, ки худро намешиносад, ифтихору ғурури миллӣ надорад, зуд парешон ва пароканда гардад. Бино бар ин, миллате, ки худогоҳ аст, бештар ва ҳар лаҳза дар тараққӣ буда, умр ба хушнудии дилҳо мегузорад ва ҷовидонӣ боқӣ мемонад.
МАН ҶАҲОНРО БИНГАРАМ БО ЧАШМИ ЯК ШОИР
Чоп шуд: 22/06/2023Ба ифтихори 60-солагии шоири Ватандӯсту Ваҳдатсаро Саъдӣ Мирзо
Саъдӣ Мирзо шоири маъниофар ва тасвиргарост. Мутолиаи ашъори ӯ касро ба олами умеду ормонҳои наҷиби рӯъёӣ раҳнамунӣ мекунад.
Шоир дар ҳар мавзӯъ ашъори хонданиву мондагор сурудааст. Сурудаҳояш бештар дар тавсифи Ватан, модар, ваҳдат ва ишқ, ки мавзуи ҷовидонаи адабиёт аст, эҷод шудаанд.
Саъдӣ Мирзо ба оламу одам бо нигоҳи тозаи ошиқонаву шоирона менигарад.
Саъдӣ Мирзо (Мирзоев Саъдӣ Қутбиддинович)
МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Чоп шуд: 19/06/2023Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо барои иштирок дар конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Вазъи кунунӣ ва дурнамои фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон”, ки ба муносибати ҷашни 100-солагии фолклоршиноси варзидаи тоҷик Раҷаб Амонов дар моҳи августи соли 2023 баргузор мегардад, даъват менамояд.
САРСАБЗИИ БОҒУ ЧАМАН АЗ ВАҲДАТ БУВАД...
Чоп шуд: 15/06/2023Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, ки муддати на чандон тӯлонии саҳифаҳои таърихи кишварамонро ташкил медиҳад, моҳиятан тақдиру тадбиру чорасози ояндаи Ватанамон маҳсуб меёбад. Мардуме, ки дар давоми чанд солаке парешону пароканда ба ҳарфи Шайх Саъдӣ “ Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд,” азобу азияти чандинсоларо кашиданд. Пеш аз ҳама боварӣ ва эътимоду эътиқод бар ҳамдигар аз байн бирафт ва шабаҳи аҳримание дар ин кӯҳандиёр ба ҳар манзилу деҳу диёр амсоли вабо доман паҳн карда буд.
МАВҚЕИ ОБ ДАР РИВОЯТҲОИ МАРДУМӢ
Чоп шуд: 24/05/2023Об ба сифати мабдаи тамоми мавҷудот ва умуман нерӯи бунёддиҳандаи коинот дар олам шинохта шудааст. Тибқи нишондодҳои илмӣ, ҷузъи муҳими сохтори олам аз об иборат аст, ки кулли соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, ҳатто инкишофи покизагиву назофатро дар бар мегирад. Аҳамияти обро дар радифи ҳаво метавон баробар донист. Бидуни он олами ҳайвоноту наботот ва дигар ҷисмҳои зинда наметавонанд вуҷуд дошта бошанд.
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 9
- 10
- 11
- 12
- 13
- 14
- 15
- 16
- 17
- …
- следующая ›
- последняя »