РАҶАБ АМОНОВ: ВАҲДАТ ҒОЯИ АСОСИИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ
Чоп шуд: 04/08/2023(Ба ифтихори100 солагии академик Раҷаб Амонов)
Мусоҳиба бо донишманди маъруф, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, устод Раҷаб Амонов соли 1999 сурат гирифт, ки дар рӯзномаҳои “Паёми Душанбе”, Ваҳдат”, “Ҷумҳурият” ва “Ҷавонони Тоҷикистон” ба табъ расид. Аксари пешгӯиву пешниҳодот ва агар дақиқан гӯем васиятҳои устоди зиндаёд ҷомаи амал пӯшиданд...
ҲИФЗИ ЁДГОРИҲО ГИРОМИДОШТИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИСТ
Чоп шуд: 28/07/2023Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба гиромидошти таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбуёди тоҷик таваҷҷуҳи хосса намуда, дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Дар шароити имрӯз, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намуданд: «Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурист».
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-ОМИЛИ ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Чоп шуд: 26/07/2023МАТБУОТИ ДАВРИИ ТОҶИК ВА ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ТОҶИКИСТОН МАРБУТ БА ОБ (Дар мисоли матолиби рӯзномаи «Ҷумҳурият»)
Чоп шуд: 14/07/2023«Имрӯз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон аз норасоии об азият мекашанд, 80 дарсади обҳои партов бидуни коркард ба муҳити зист партофта мешаванд ва беш аз 90 дарсади офатҳои табиӣ бо об алоқаманданд». Ин нуктаро Антониу Гуттериш, Дабири кулли СММ дар яке аз суханрониҳои худ изҳор доштааст. Нигаронии Дабири кулли СММ аз мушкилоти ҷаҳонии об дар ҳоле мебошад, ки ҳоло чаҳоряки аҳолии ҷаҳон, яъне 2 миллиард нафар аз сарчашмаҳои оби нӯшокии хатарнок истифода мебаранд...
РУШДИ САНЪАТ ЗИ ПЕШРАФТИ МОСТ (Ё худ вазъи имрӯзаи таълим дар муассисаи санъати бачагонаи ноњияи Муъминободи вилояти Хатлон)
Чоп шуд: 24/06/2023ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Чоп шуд: 23/06/2023Санаи 23.06.2023 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Фарҳанги сулҳ ва Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоиш таҳти роҳбарии директори муассиса, н.и.ф. Абдуфаттоҳ Аминов оғоз ёфт. Сараввал Аминов А. ташрифи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумита Суҳроби Бозоралиро хайрамақдам намуда, ҳамаи иштирокдоронро ба ин рӯзи таърихӣ ва фархунда шодбош намуд.
ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ
Чоп шуд: 23/06/2023Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ду рукни муҳимми соҳаи таълим ва тарбия дар замони истиқлолият маҳсуб мегардад. Ифтихор ва худшиносии миллӣ бунёду бунлоди кишвари яккаву ягонаи мо, пойдории миллат ва омили рушду сарсабзии он аст. Миллате, ки худро намешиносад, ифтихору ғурури миллӣ надорад, зуд парешон ва пароканда гардад. Бино бар ин, миллате, ки худогоҳ аст, бештар ва ҳар лаҳза дар тараққӣ буда, умр ба хушнудии дилҳо мегузорад ва ҷовидонӣ боқӣ мемонад.
МАН ҶАҲОНРО БИНГАРАМ БО ЧАШМИ ЯК ШОИР
Чоп шуд: 22/06/2023Ба ифтихори 60-солагии шоири Ватандӯсту Ваҳдатсаро Саъдӣ Мирзо
Саъдӣ Мирзо шоири маъниофар ва тасвиргарост. Мутолиаи ашъори ӯ касро ба олами умеду ормонҳои наҷиби рӯъёӣ раҳнамунӣ мекунад.
Шоир дар ҳар мавзӯъ ашъори хонданиву мондагор сурудааст. Сурудаҳояш бештар дар тавсифи Ватан, модар, ваҳдат ва ишқ, ки мавзуи ҷовидонаи адабиёт аст, эҷод шудаанд.
Саъдӣ Мирзо ба оламу одам бо нигоҳи тозаи ошиқонаву шоирона менигарад.
Саъдӣ Мирзо (Мирзоев Саъдӣ Қутбиддинович)
Страницы
- « первая
- ‹ предыдущая
- …
- 8
- 9
- 10
- 11
- 12
- 13
- 14
- 15
- 16
- …
- следующая ›
- последняя »